Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Беларус ба дархости истирдоди сарвазири пешини Қирғизистон посух надодааст

Беларус ба дархости истирдоди сарвазири пешини Қирғизистон посух надодааст

4-10-2018, 10:00
Хабарро хонданд: 169 нафар
Назарҳо: 0
Беларус ба дархости истирдоди сарвазири пешини Қирғизистон посух надодааст

Мақомоти расмии Беларус ҳанӯз ба дархости Додситонии кулли Қирғизистон барои истирдоди сарвазири пешини ин кишвар Даниёр Усенов ба ватан посух надодаанд. Дар ин бора хадамоти матбуотии додситонӣ иттилоъ медиҳад.

Расонаҳои Беларус 27 июл аксҳои шахсеро нашр карданд, ки ба сарвазири фирории Қирғизистон Даниёр Усенов монанд аст. Яке аз хабарнигорон ҳатто бо ин шахс тавонист суҳбат кунад, ки худро соҳибкор Даниил Уритский муаррифӣ кард.

Дар натиҷа, кордори муваққати сафорати Белорус дар шаҳри Бишкек Сергей Иванов 28 июл ба Вазорати умури хориҷии Қирғизистон эҳзор шуд. Ҷониби Қирғизистон ба Иванов ёддоштеро ироа карда, роҷеъ ба будубош ва фаъолияти Даниёр Усенов дар Белорус, ки дар Қирғизистон дар ғайбаш ба ҳабси абад маҳкум шудааст, эътироз баён кард.

Ёдрас мешавем, додгоҳи Қирғизистон сарвазири пешини фирории ин кишвар Даниёр Усеновро бо ҷурми даст доштан дар ҳодисаҳои моҳи апрели соли 2010 дар ғайбаш ба ҳабси якумрӣ маҳкум кардааст.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: