Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » Мулоқоти вакилон бо сокинони маҳаллаҳои шаҳри Хуҷанд

Мулоқоти вакилон бо сокинони маҳаллаҳои шаҳри Хуҷанд

17-09-2018, 08:30
Хабарро хонданд: 176 нафар
Назарҳо: 0
Мулоқоти вакилон бо сокинони маҳаллаҳои шаҳри Хуҷанд
Вакилони Маҷлиси намояндагон дар якҷоягӣ бо намояндагони вазорату идораҳои дахлдор ва шуъбаҳои Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон масъалаҳоро ҳамаҷиҳата омӯхта, асоснокии ҳуқуқӣ, нозукиҳои забонӣ, мантиқӣ ва молиявии онҳоро таҳлил намуда, ҳар кадоми онҳоро бо қонуну конвенсияҳои байналмилалӣ ва санадҳои дигари дорои хусусияти миллӣ муқоиса карда, хулосаҳои дахдори худро пешниҳод кардаанд. Дар умум, санадҳое, ки дар ин давра аз ҷониби вакилон ба тасвиб расонда шуданд, аз лиҳози сифат низ ҷавобгӯ ба талабот буда, аз тамоми паҳлуҳо таҳлилу ташхис шудаанд.
Дар ин давра мо 16 лоиҳаи қонунро ба иллати дар онҳо ҷой доштани норасоиву нуқсҳои гуногун бо қарорҳои Шӯрои Маҷлиси намояндагон барои такмил бозпас гардонда шуд.
Номбурдагон афзуданд, ки фаъолияти муштараки ниҳодҳои масъули молиявӣ бо мақомоти қонунгузор, заҳмату талоши ҳамешагии Ҳукумати мамлакат дар роҳи рушди иқтисодиёти кишвар, фароҳам овардани шароити мусоид ҷиҳати беҳтар гардонидани вазъи соҳибкории хурду миёна, афзоиши савдои дохилию хориҷӣ, беҳтар гардондани вазъи корхонаҳои саноатӣ, таҳкими хоҷагиҳои кишоварзӣ ва сарчашмаҳои дигари даромад, ки ба ғанӣ гардидани буҷети давлатӣ мусоидат мекунанд, боис гардиданд, ки эшон дар шароити буҳрони молиявии ҷаҳонӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2018»-ро бо ҳифзи рушди иқтисодии кишвар ва нигоҳдошти он ҳамчун буҷети дорои хусусияти иҷтимоӣ ба тасвиб расонанд. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2018» бо ҳаҷми умумии бисту як миллиарду се миллиону ҳаштоду ҳафт ҳазор сомонӣ қабул карда шуд, ки ин рақам дар қиёс ба буҷети соли 2017 як миллиарду чорсаду сиву чор миллиону чорсаду ҳафтоду се ҳазор сомонӣ зиёд мебошад. Як ҷиҳати дигари фарқкунандаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2018» ин аст, ки дар Қонуни мазкур вобастагӣ аз андозҳо коҳиш дода шуда, зиёдшавии музди меҳнат, нафақа ва идрорпулии донишҷӯёну пажӯҳишгарони соҳаи илмҳои гуногун низ ба инобат гирифта шудааст. Агар ба рақамҳо назар афканем, маълум мешавад, ки дар соли 2018 дар қиёс ба солҳои қаблӣ маблағгузорӣ дар тамоми самтҳо, аз ҷумла дар соҳаҳои идоракунии давлатӣ, маориф, фарҳанг, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, низоми судӣ, тандурустӣ, варзиш, хизматрасониҳои иҷтимоӣ, ҳифзи муҳити зист, саноат, сохтмон, нақлиёт, коммуникатсия, афзоиш ёфтааст.
Дар марҳилаи сипаришуда дар баробари Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2018» инчунин якчанд қонуни мукаммали дигар, ба монанди қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақоми пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку», «Дар бораи мораторий ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ», «Дар бораи ҳаракат дар роҳ» қабул шуданд, ки ҳам аз лиҳози техникаи қонунгузорӣ ва ҳам аз лиҳози сифат ва муҳтаво ҷавобгӯи талаби замон буда, ҳамзамон ифодагари рушди бомароми парламенти касбӣ дар мамлакат мебошанд. Ҳамчунин ба қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», «Дар бораи фаъолияти илмӣ ва сиёсати давлатӣ оид ба илму техника», «Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак», «Дар бораи ҳунарҳои бадеии халқ» ва боз даҳҳо қонуни амалкунанда тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд, ки ба беҳтар гардондани имкониятҳои ҳуқуқии шаҳрвандон барои таълим, табобат, омӯзиш, варзиш ва таҳқиқотҳои илмию техникӣ ва имкониятҳои дигари маишӣ равона гардидаанд.
Дар ҷараёни мулоқот Наим Маликисломӣ, раиси кумиҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд иштирок намуда, доир ба масоили рӯзмарра баромад кард.
Иштирокдорони мулоқот доир ба мавзуъҳои мухталиф ба вакилони мардумӣ суолу дархостҳои хешро манзур намуданд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: