Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Истиклолият - нишонаи пойдориву бакои миллат

Истиклолият - нишонаи пойдориву бакои миллат

7-09-2018, 09:44
Хабарро хонданд: 219 нафар
Назарҳо: 0
Истиклолият - нишонаи пойдориву бакои миллат
Дар саҳни чойхонаи Сирдарёи шаҳри Хуҷанд бо ташаббуси шуъбаи кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд маҳфили идона бахшида ба 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар маҳфил намоиши ҳунари занонони маҳаллаҳои шаҳри Хуҷанд ба маърази тамошо гузошта шуд. Фирӯза Нуруллозода, муовини Раиси шаҳри Хуҷанд, Наим Маликисломӣ, раиси Кумиҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд ва занони фаъоли шаҳр бо маҳсули ҳунари бонувон ошно шуданд.
Сипас, Фирӯза Нуруллозода, муовини Раиси шаҳри Хуҷанд табрикоти Раиси шаҳри хуҷанд Маъруф Муҳаммадзодаро ба самъи бонувон расонд, ки дар он аз ҷумла гуфта мешавад: «Истиқлолияти давлатӣ, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бисту ҳафт сол муқаддам ба он соҳиб гардид, дар таърихи халқи тоҷик нодиртарин падидаи сиёсиву сарнавиштсоз мебошад. Ин рўз, барҳақ оғози давраи комилан нав дар таърихи давлатдории тоҷикон, марҳалаи тоза дар ташаккули тафаккур ва фалсафаи давлатдорӣ маҳсуб мешавад. Дар оғози даврони соҳибистиқлолӣ таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо такя ба ҳастии таърихӣ, ақлу хирад ва иродаи қавии халқамон мо тавонистем, ки оташи ҷанги дохилии таҳмилиро фурў нишонда, парчами озодиву адолатро ба хотири ҳифзи асолату арзишҳои миллӣ ва ваҳдату ҳамдигарфаҳмии халқамон устувор гардонем. Яъне, таърих баъд аз чанд садсола бори дигар ба миллати соҳибтамаддуни мо имконияти эҳё намудани суннатҳои аҷдодии давлатдориро фароҳам овард ва дар харитаи сиёсии ҷаҳон номи давлати мустақилу соҳибихтиёри тоҷиконро сабт намуд».
Истиклолият - нишонаи пойдориву бакои миллат
Дар ҷараёни маҳфил Наим Маликисломӣ, раиси Кумиҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд, Биҳоҷал Раҳимова, Шаҳрванди фахрии шаҳри Хуҷанд, Нигора Ғаффорзода, сардори раёсати кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷрояии ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, Саодат Аминҷонова, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигарон баромад намуда, дар бораи арзишҳои Истиқлолият ҳарф заданд. Зикр гардид, ки дар муддати 27 соли Истиқлолият тавонистем, ки бо вуҷуди мушкилоту монеаҳои зиёд пешрафти устувори ватанамонро таъмин кунем, мақоми онро дар арсаи байналмилалӣ боло бардорем, пояҳои давлатдории мустақили худро тақвият бахшем, тамоми кӯшишу талош ва захираву имкониятҳои худро ба хотири фароҳам овардани шароити мусоид барои зиндагии шоистаи халқамон равона созем. Сарбаландиву хушбахтии мо дар он аст, ки тақдири имрӯзу фардои ватанамон дар ихтиёри худамон мебошад ва ҳар фарди бонангу номуси миллат ҳастӣ ва ҳаёти худро ба хотири озодиву пешрафти сарзамини аҷдодӣ бахшидааст.
Сипас, аз тарафи хонандагони макотиби шаҳр шеъру сурудҳо дар васфи Ватану миллат ва Истиқлолият сароида шуд
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: