Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Эмомалӣ Раҳмон: «Кормандони соҳаи тибро зарур аст, ки ба савганди худ ҳамеша содиқ бошанд»

Эмомалӣ Раҳмон: «Кормандони соҳаи тибро зарур аст, ки ба савганди худ ҳамеша содиқ бошанд»

3-09-2018, 08:35
Хабарро хонданд: 241 нафар
Назарҳо: 0
Эмомалӣ Раҳмон: «Кормандони соҳаи тибро зарур аст, ки ба савганди худ ҳамеша содиқ бошанд»

ДУШАНБЕ, /АМИТ «Ховар»/. Ҳукумати кишвар дар идомаи корҳои созандагиву бунёдкорӣ пайкараи Шайхурраис Абӯалӣ ибни Синоро дар шаҳраки «Шифобахш» ва дар байни бинои марказии Донишгоҳи давлатии тиббии ба номи ин алломаи бузург, ки аз нав қомат рост карда истодааст, ҷойгир намуд, ки он рамзи ҷовидонаи эътибори илми тибби тоҷик мебошад. Ин нуктаро имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар таҷлили «Рӯзи дониш», дарси сулҳ ва оғози соли нави таҳсил дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино баён намуданд.

Дар ин робита Пешвои миллат ба донишҷуёну омӯзгорон ва дигар иштирокдорони ин маросими тантанавӣ ва дар симои онҳо ба тамоми намояндагони ин пешаи пурифтихор иброз доштанд: «Ман борҳо таъкид кардаам, ки вориси Абӯалӣ ибни Сино будан танҳо доштани маълумоти олии тиббӣ ва пӯшидани хилъати сафед нест, балки идома додани афкору андеша ва маҳорати касбии ин чеҳраи нотакрори Шарқ мебошад».

Сарвари давлат ҳамчунин иброз намуданд, ки «Вобаста ба ин, кормандони соҳаи тибро зарур аст, ки ба савганди худ ҳамеша содиқ бошанд ва ба халқи азизамон софдилона хизмат кунанд. Бовар дорам, ки табибони мо ба нафъи ҷомеа ва солимии он минбаъд талоши бештар карда, сазовори ҳурмату эҳтироми умум мегарданд».
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: