Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Таҳримҳои ИМА зидди Эрон аз имрӯз, 7 август ба иҷро медароянд

Таҳримҳои ИМА зидди Эрон аз имрӯз, 7 август ба иҷро медароянд

7-08-2018, 08:59
Хабарро хонданд: 155 нафар
Назарҳо: 0
Таҳримҳои ИМА зидди Эрон аз имрӯз, 7 август ба иҷро медароянд
Вазирони умури хориҷии Фаронса, Олмон, Бритониё ва намояндаи олии Иттиҳоди Аврупо (ИА) дар умури хориҷӣ Федерика Могеринӣ изҳори таассуф карданд, ки Вашингтон аз созиши ҳастаӣ бо Эрон хориҷ шуд.

Фаронса, Олмон, Бритониё, Русия ва Чин дар таҳияи созишномаи мазкур дар соли 2015 бо иштироки президенти пешини ИМА Барак Обама ширкат доштанд. Ин созишнома лағви таҳримҳои зидди Эронро дар ивази даст кашидани Теҳрон аз барномаҳои ҳастаӣ пешбинӣ мекард. Президенти ИМА Доналд Трамп бо сари қудрат омадан эълом кард, ки кишвараш аз созиш бо Эрон даст мекашад.

Могеринӣ иқрор кард, ки ҳифзи муносибатҳои тиҷории ИА бо Эрон мушкил хоҳад шуд. Зеро Бонки сармоягузории Аврупо аллакай аз дастгирии лоиҳаҳои ширкатҳои аврупоӣ дар Эрон худдорӣ кардааст. Бештари ширкатҳо маҷбуранд, Эронро тарк кунанд. Зеро як қисми саҳмияҳои онҳо ба амрикоиҳо рабт дорад, менависад RFI.

Табодули иқтисодӣ миёни Эрону ИА чандон бузург нест. Соли 2017 он ҳамагӣ 20 миллиард евроро ташкил додааст. Нахустин таҳримҳои Амрико интиқоли маблағро байни кишварҳо манъ мекунад. Қисми дувуми таҳримҳо, ки ба бахши нафту газ тааллуқ дорад, моҳи ноябри соли равон ба иҷро хоҳанд даромад.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: