Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Ҳамкории муфид ба хотири оянда

Ҳамкории муфид ба хотири оянда

30-07-2018, 11:37
Хабарро хонданд: 321 нафар
Назарҳо: 0
Ҳамкории муфид ба хотири оянда

Ҷумҳурии Тоҷикистон шурӯъ аз замони истиқлолияти давлатӣ ба даст оварданаш аз ҷониби давлатҳои бештари дунё эътироф шуд ва узви фаъоли ҷомеаи ҷаҳонӣ гардид. Айни замон кишвари мо бо қисми зиёди мамолики хориҷӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ равобити ҳасана дорад, ки барои рушди соҳаҳои гуногуни он заминаи мусоид фароҳам меорад. Самаранокии чунин робитаҳои байналмилалӣ дар ҳаёти рӯзмарраи шаҳрвандони мо ва нақши мусбати он дар тамоми самтҳои ҳаёти иқтисодиву иҷтимоии кишвар дида мешавад. Боиси хушнудист, ки чунин ҳамкориҳои тарафайн судманд аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қонунгузории он дастгирии комил меёбанд.
Яке аз чунин ташкилотҳои байналмилалие, ки дар мустаҳкам гаштани ҳамкориҳои байнидавлатӣ ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии шаҳрвандони мо саҳми боризи худро мегузорад, ин Агентӣ оид ба рушди байналмилалии ИМА-USAID мебошад. Ин ташкилоти байналмилалии бонуфуз ҳамкории худро бо Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мардуми он бо мақсади маҳсулнокии соҳаи кишоварзӣ ва даромадҳо аз он, беҳтар сохтани саломатӣ ва маводи ғизоӣ, мустаҳкам намудани маълумоти аввалия ва идоракунӣ ба роҳ мондааст. Кӯшишҳои агентии USAID ба баланд бардоштани сатҳи амнияти озуқаворӣ тавассути роҳандозии ташаббуси Ҳукумати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико-«Озуқаворӣ ба хотири оянда» равона шудааст. Барои ноил шудан ба ин мақсад истеҳсолоти кишоварзӣ ва даромаднокии он баланд бардошта шуда, ҳамчунин дар гузаронидани ислоҳоти сохторӣ дар кишвар барои беҳтар сохтани иқлими тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ мусоидат карда мешавад.
Ғайр аз ин, USAID дар самти рушди идоракунии маҳаллӣ фаъолият бурда, Стратегияи миллии рушди маориф ва тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дастгирӣ мекунад, ҳамчунин дар самти пешгирӣ ва табобати ВИЧ-СПИД ва бемории сил (туберкулез) корҳои зиёдро ба анҷом мерасонад. Агентӣ нақши кишвари моро ба ҳайси меҳвари тиҷорати минтақавӣ ва амниятӣ эътироф намуда, барои рушд ва суботи ҳам Тоҷикистон ва ҳам минтақаи паҳновари Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ ҳиссаи худро мегузорад.
Фаъолияти Агентӣ дар самти кишоварзӣ ба баланд бардоштани амнияти озуқаворӣ дар Тоҷикистон равона карда шуда, кишвари мо яке аз давлатҳои мақсадноки барномаи «Озуқаворӣ ба хотири оянда», ки барои мубориза алайҳи гуруснагӣ дар миқёси ҷаҳонӣ ва таъмин намудани амнияти озуқаворӣ таҳия шудааст, маҳсуб мегардад. Аз ҷониби USAID хоҷагидорон (фермерҳо)-и ватанӣ ба омӯзиши технологияҳои муосир ва идора намудани захираҳои обиву шабакаҳои обёрӣ (ирригатсионӣ) фаро гирифта шуда, ин тренингҳо ба фоизи муайяни фермерҳои тоҷик таъсири мусбат расониданд. Бо ҳамдастии Агентӣ ба Кодекси замини кишвар тағйиру иловаҳое ворид карда шуданд, ки дар ихтиёри худ ҳуқуқи соҳибмулкии замин ва фурӯши ҳаққи истифодаи заминро барои истифодабарандагони замин муҳайё мекунад, ғайр аз ин, амнияти истифодабарии замин барои шаҳрвандон баланд гардид.
То ин замон 52 Ассотсиатсия ва 4 Федератсияи истифодабарандагони об ташкил шуд, ки ба хоҷагидорон имконияти истифодаи дурусти обро муҳайё сохт. Солҳои 2010-12 Агентии USAID барои навсозӣ (модернизатсия)-и 57 системаи оби ошомиданӣ зиёда аз 1,7 миллион доллар сармоягузорӣ намудааст, ки дар натиҷаи ин зиёда аз 190 ҳазор нафар ба оби тозаи ошомиданӣ даст пайдо карданд.
Намунаи равшани ҳамкориҳои муфиди муштарак миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико роҳандозӣ намудани як қатор барномаҳову нақшаҳо дар самтҳои гуногун, алалхусус кишоварзӣ аст, ки Агентии USAID дар минтақаҳои мухталифи кишвари мо амалӣ мекунад. Мисоли равшани гуфтаҳои боло ин Лоиҳа оид ба кишоварзӣ ва обёрӣ дар доираи ташаббуси «Озуқаворӣ ба хотири оянда» аст, ки мақсади он беҳтар намудани амнияти озуқаворӣ ва ғизои кӯдакону занони синни бороварӣ (репродуктивӣ) дар ҳудуди вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Лоиҳа ҳамчун як қисмати ташаббуси ИМА –«Озуқаворӣ ба хотири оянда» ҷиҳати беҳтар намудани хизматҳои таблиғоти кишоварзӣ ва зиёд намудани истеҳсол, истеъмол ва фурӯши сабзавоту меваҷоти тару тозаи коркардшуда ва маҳсулоти ширӣ фаъолият мекунад. Он ҳамчунин ба Ассотсиатсияҳои истифодабарандагони об бо мақсади беҳтар намудани сатҳи хизматрасонӣ ба аъзои онҳо кумак мерасонад.
Барои шинос шудан бо вазъ чанде пеш мо, гурӯҳи рӯзноманигорон бо ибтикори Агентии USAID дар Тоҷикистон ба ноҳияи Вахши вилояти Хатлон сафар доштем. Дар яке аз хоҷагиҳои ноҳия роҳандозии Лоиҳа амалӣ шуда, то ин замон як қатор дастовардҳо рӯйи кор омаданд. Бино ба гуфтаи Адҳам Болтаев, ҳамоҳангсози Барномаи кишоварзӣ ва обёри (бахши чорводорӣ ва коркарди шир)-и ташкилоти Chemonics International ин иқдом аз ҷониби USAID маблағгузорӣ мешавад. Нусрат Сайидалиев, мутахассиси байтории ҷамоати «20-солагӣ»-и ноҳияи Вахш, ки хоҷагии мазкур ин ҷо воқеъ аст, иттилоъ дод, ки бо ибтикори USAID ва маблағгузории он бо мақсади бордоркунӣ ва хушзот намудани чорвои сокинони маҳаллӣ соли 2017 аз ноҳияи Файзобод барзагови нави шведӣ оварда шуд. Вазни холиси ин барзагов бо лақаби «Сайёра» вазни зиёда аз 500 кг буда, соли 2017 115 ва соли равон 62 модагови навъи маҳаллиро бордор кардааст.
Ҳамчунин тибқи Лоиҳа ба хоҷагидорони хурд 5 намуд тухмӣ ва 2 навъ нуриҳои минералӣ тақсим карда шудааст, ки барои пешбурди истеҳсолоти маҳсулоти кишоварзӣ ва ғанӣ гардонидани дастархони сокинони маҳаллӣ кумак мекунад.
Сипас мо ба Ҷамоати деҳоти Рӯдакӣ раҳсипор гардидем. Дар ин мавзеъ Ассотсиатсияи истифодабарандагони оби Вахш-1 ҷойгир шудааст. Урозалӣ Маллаев, менеҷери Асстсиатсияи мазкур ва Баҳриддин Табаров, мутахассиси об иттилоъ доданд, ки тавассути канали Ҷилликӯл ва наҳри Р-5, ки манбаи оби он дарёи Вахш аст, 101 хоҷагӣ, ки дорои 229 га замин ҳастанд ва заминҳои ёрирасони наздиҳавлигӣ бо 5 га обёрӣ мешаванд. Бо мақсади беҳтар ба роҳ мондани хидматрасонӣ дар самти дастрасӣ ба оби полезӣ аз ҷониби USAID дар ин ҷо дастгоҳи обченкунӣ насб карда шудааст, ки ҳамарӯза маҷрои оби тақсимшуда чен карда мешавад. Ин иқдом аллакай самаранокии худро нишон дод: акнун истифодабарии об ба танзим даромада, дастрасӣ ба он ҳам хубтар шудааст. То соли 2016 хоҷагиҳои ноҳия аз ҳаққи истифодабарии об зиёда аз 150 ҳазор сомонӣ қарздор буданд ва ҳоло бо пиёда сохтани ин барнома шумораи қарздорон бамаротиб кам шудааст. Гуфта шуд, ки дар умум ҳоло 11 дастгоҳи обченкунӣ ва 4 дарвозаи обпарто насб карда шудаанд, ки самаранокии истифодабарии ин неъмати табииро афзудааст.
Тибқи омор, маводи ғизоӣ ва даромади молиявии қариб 70%-и шаҳрвандони кишвари мо аз ҳисоби кишоварзони сатҳи хонавода ва хоҷагиҳои хурди деҳқонӣ (дорои камтар аз 5 гектар) таъмин мегардад. Барои кам кардани сатҳи камбизоатӣ ва рафъ сохтани норасоии ғизо дар минтақаи Хатлон аз ҷониби Ҳукумати кишвар ва Лоиҳаи «Озуқаворӣ ба хотири оянда» чораҳои мушаххас андешида мешаванд. Кишоварзон бояд усулҳо ва технологияҳои муосири соҳавиро бо мақсади шикастани даври камбизоатӣ, ғизои номуносиб ва бемориҳои вобаста ба онҳоро қабул кунанд.
Лоиҳаи мазкур ба хоҷагидорон ва бахши хусусии кишвар ҷиҳати таъмин ва расонидани маҳсулоту хизматрасониҳои босифату баландарзиш ба хоҷагидорони хурд, азҷумла расонидани хизматҳои таблиғоти ҳосилғундорӣ, дастрасӣ ба воситаҳои баландсифати истеҳсолот, хадамоти коркард ва захирасозии баъд ҳосилғундорӣ ва хадамотӣ бозорёбӣ (роҳ пайдо кардан ба бозори дохилӣ) кумак мерасонад. Чорабиниҳои Лоиҳа метавонад аз маблағгузорӣ ва омӯзиш барои корхонаҳои хусусии коркарди маҳсулоти хӯрокворӣ бо мақсади беҳтар намудани воситаҳои истеҳсолот бо мақсади зиёд ва беҳтар намудани таъмини воситаҳои истеҳсолот, таҷҳизот ва хадамоти кишоварзӣ иборат бошад.
Иҷрокунандагон интизор доранд, ки то ба анҷом расидан Лоиҳа 33 ҳазор кишоварзи сатҳи хонавода ва хоҷагиҳои хурди деҳқониро фаро мегирад. Натиҷаҳои интизорӣ аз амалии пурраи он чунин аст:
33 ҳазор кишоварз аз технологияҳои муосир ва усулнави идоракунӣ истифода мебаранд.
22 корхона технологияҳои навро ба роҳ мемонанд.
33 ҳазор гектар замин аз обёрии беҳтар, технологияҳои муосири кишоварзӣ ва усулҳои нави идоракунӣ бархурдор мегарданд.
720 ҳазор доллари ИМА ба сармоягузории ҷадид дар бахши хусусӣ ва 2 миллион доллари ИМА ба афзоиш дар савдои сатҳи хоҷагиҳо равона мегардад.
33 ҳазор нафар аз омӯзишҳои кӯтоҳмуддат оид ба усулҳои муосири кишоварзӣ бархурдор мегарданд.
Ҳамчунин дар самти рушди боғдорӣ, усулҳои замонавии соҳаи боғдорӣ, истифодаи босамари моддаҳои ғизоӣ дар истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, дастрасии хоҷагидорони ватанӣ ба технологияи муосири соҳавӣ, баргузории Аксияи «Маърифати обёрӣ барои насли наврас», гузаронидани семинарҳои соҳавӣ аз ҷониби USAID иқдомоти мушаххас роҳандозӣ шудаанд.
Азамат Дӯстов
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: