Мумфаршкунӣ роҳҳои Деваштич26-07-2018, 07:13
Хабарро хонданд: 179 нафар
Назарҳо: 0
Имрӯз дар тамоми гӯшаю канори кишвари соҳибистиқлоламон корҳои ободонию бунёдкорӣ бо маром идома ёфта истодааст. Инчунин дар ноҳияи Деваштич низ бо иқдомҳои хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корҳои ободонию созандагӣ ҷараён дорад. Маврид ба ёдоварист, ки дар ноҳия бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон алакай 188 лоиҳа бо маблағгузории Ҳукумати Ҷумҳурӣ, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва ноҳия ва шахсони саховатпеша тасдиқ гардидааст. Аз қабили сохмоти мактабу кӯдакистонҳо, беморхонаю бунгоҳҳои тиббӣ, таъмири роҳҳо, бунёди марказҳои хизматрасони ба аҳолӣ ва тармими як қатор иншоотҳо мебошанд. Имрӯзҳо сокинони меҳнатқарини ноҳия баҳри амалӣ намудан ва ҷонибдории сиёсати пешгирифтаи Сарвари мамлакат талоши ҳамешагӣ доранд. Имрӯз аз яке ғамхориҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сокинони ноҳия воқиф гаштанд. Субҳи барвақт бо иштироки Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода мумфаршкунӣ оғоз гардид. Мавриди зикр аст, ки аз шоҳроҳи Хуҷанд-Чаноқ то маркази ноҳия 17 км буда, бо маблағгузории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо маблағи 25 миллион сомонӣ дар ду марҳила мумфарш карда мешавад. Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода зимни суханронӣ қайд намуд, ки марҳилаи авали он 8.5 км буда бо маблағи 8 миллион сомонӣ оғоз ёфт. Ин бунёдкориву созандагиҳо далолат аз файзу баракоти Истиқлолияту Ваҳдати миллати тоҷик медиҳад. Лоиқ Тӯйчиев мутахассиси шӯъбаи таблиғоту иттилооти КИҲХДТ н.Деваштич |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.