Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Канали Рошорв кай шодоб мешавад?

Канали Рошорв кай шодоб мешавад?

11-07-2018, 09:04
Хабарро хонданд: 994 нафар
Назарҳо: 0
Канали Рошорв кай шодоб мешавад?
Суханронии Пешвои Миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз минбари Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои об ва қабул гардидани Қатъномаи «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» гувоҳи он аст, ки кишвари мо ҳамеша барои ҳалли масоили норасоии об дар ҷомеаи ҷаҳонӣ бетараф набуда, кӯшиш менамояд, ки барои бартараф кардани ин мушкилот саҳмгузор бошад. Тоҷикистон сарзамини захираҳои зиёди обӣ аст. Дар урфият мегӯянд, ки «об додан савоб аст» ва онҳое, ки ба ташналабон об медиҳанд, хайрашон баробар ба бузургтарин подоше аст, ки инсон барои салоҳияти хеш ба дигарон мебахшад.
Деҳаи Рошорв калонтарин деҳа дар водии Бартанг, дорои қитъаҳои бузурги замини корам мебошад, аммо ин заминҳо то ҳанӯз ба хотири дастрас набудани об бекор хобидаанд. Масоҳати умумии замини қобили кишт ва ҳосилнок то 2000 га - ро дар бар мегирад. Ба андешаи мутахассисон, агар нисфи он обёрӣ ва зироат корида шаванд, метавонад сокинони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро бо маҳсулоти хӯрока ба монанди гандум, картошка, сабзӣ, пиёз ва ғайра ба хубӣ таъмин кунад. Ҳатто берун аз вилоят ҳам содирот шуданаш имкон дорад.
Тайи чанд сол аст, ки дар деҳаи Рошорв бунёди канал, ки мебоист қисмате аз чунин заминҳои бекорхобидаи деҳаро саршор аз об кунад, идома дорад. Он аз тарафи фонди Оғохон ба маблағи қариб ним миллион доллар маблағгузорӣ шуда, барои сохтмонаш соли 1995 санги асос гузошта шуда буд. Соли 2008 сохтмони канал ба анҷом расид ва он бо иштироки раиси онвақтаи вилоят ва дигар намояндагони ҳукумати вилояту ноҳия, намояндагони фонди Оғохон дар Тоҷикистон бо тантана кушода шуд. Мутаассифона, канал дар муддати хеле кӯтоҳ аз фаъолият бозмонду халқро нокому рӯҳафтода кард.
Бинобар ин, мо хостем оид ба сохтмони ин канал пажӯҳиши кӯчак ва пурсиш гузаронем, то сабаби аз фаъолият бозмондан, дубора оғоз шудани кор дар он ва бурду бохти ояндааш посух пайдо кунем.
Дар як гузориши АКF (фонди Оғохон www.akdn.org) иттилооти марбут ба сохтмон ва ба истифода дода шудани канал зикр шуда, оид ба то 1000 га обёрӣ гардидани заминҳои бекорхобида хабар дода шудаст. Аммо ин иттилоот то чи андозае воқеӣ ва дуруст аст, маълум нест, ҳол он ки худи масъулини иншоот аз обёрӣ шудани 20 га замин зикр карданд. Рӯзномаи «Ҷумҳурият» низ обёрӣ шудани ҳамин миқдор заминро хабар додааст ва худи сокинон ҳам ин ададро тасдиқ карданд.
Тоҷикгипроводхоз: Уҳдадорие бар дӯш надорем
Ҳамин тавр, дари корхонаи воҳиди давлатии Институти лоиҳакашии «Тоҷикгипроводхоз»-и Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро кӯфтем, ки онҳо чи иттилоот медиҳанд.
Ба гуфтаи ин ниҳод, нақшаи канал, яъне канали Рошорв ба даврони шӯравӣ, солҳои 1974-75 рост меояд. Директори Институти лоиҳакашии «Тоҷикгипроводхоз» Акбар Набиев дар суҳбат ба мо гуфт, ки лоиҳаҳои канал, ҷӯйборҳо ва дигар воситаҳои обтаъминкуние, ки дар замони шӯравӣ тарҳашон кашида шудааст, аз экспертизаи муайян мегузаштанд, мустаҳкам ва ҳамаҷиҳата санҷида шудаанд. Лоиҳа дуруст аст, гап болои сифати сохтмон меравад, ки то чи андоза сохтмончиёни соҳибихтисос ва маводҳои аълосифат истифода мешаванд.
Кормандони ин ниҳод мегӯянд, ки ба шуниди онҳо, лӯлаҳо (труба), ки дар он ҷо истифода шудаанд, аз шаҳри Оши Ҷумҳурии Қирғизистон оварда шуда, сифати хуб надоранд. «Мутаассифона, мо дар бораи сохтмону маҳсулоти канали мазкур ягон ахбороти аниқ надорем, гарчанде, ки лоиҳааш ба мо маълум ҳам бошад. Бояд гуфт, ки ин лоиҳа дар назди мо ҳамчун «Обёрии заминҳои деҳаи Рошорви водии Бартанг» ба қайд гирифта шудааст. Ба гуфти онҳо, ҳар як лоиҳаи марбут ба обёрикунӣ, новобаста аз давлатӣ ва ё ғайридавлатӣ буданаш ҳатман бо Ҳукумати кишвар, махсусан бо корхонаи воҳиди давлатии Институти лоиҳакашии «Тоҷикгипроводхоз» мувофиқа карда мешаванд. Сохтмони чунин каналҳо бояд аз назари мо низ гузаранд ва ҳангоми кушодашавӣ ва ба истифода қарор додани онҳо комиссияи давлатӣ тартиб дода мешаваду намояндае аз мо низ дар он ҷо ширкат меварзад».
Канали Рошорв соли 2008 расман кушода шуда, ба истифодаи умум қарор гирифт, аммо кормандони ин ниҳод аз ҳодиса бехабар будани худро эътироф карда, ҳатто ишора карданд, ки агар канал боз мешуд, мо ҳатман хабардор мешудем, аммо дар ин ҳол чӣ касоне онро кушода бошад, худашон дар пеши сокинон ҷавобашро гӯянд. «Агар кормандони мо маслиҳату ҳамкориеро дар он ҷо медоштанд, дар натиҷаи пайдо шудани ягон камбудӣ ҳатман ҷавобгӯ мешудем. Дар он ҷо маблағҳои зиёде масраф мешавад ва ҳатман мутаххасисон ва сохтмончиёни ботаҷриба зарур ҳастанд, то корро ба хубӣ анҷом диҳанд. Масалан, дар лоиҳаҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар минтақаи Теми ВМКБ, Рӯшон ва дигар мавзеъҳое, ки об онҳоро зуд шуста мебарад, аз фонди Оғохон бо мо ҳамкорӣ карданд, сохтем ва имрӯз метавонем барои сифати он ҷавобгар бошем. Намояндаи мо ҳамон вақт рафта метавонад, ки онҳо пеш аз корро шурӯъ кардан бо мо мувофиқа кунанд. Бо мо то ҳанӯз ягон ҳамкорӣ дар сохтмони ин канал нашудааст ва мо барои сифат ва корбурди он ҳеҷ гуна ҷавобгарие ба ӯҳда надорем», - мегӯянд кормандони ин ниҳод.
Ёдгор Файз: Ин бор ба мустаҳкамии канал итминон дорам
Аммо ба гуфтаи Ёдгор Файз, раиси фонди Оғохон дар Тоҷикистон сохтмони ин канал, ки соли 1995 оғоз гардида буд, соли 2008 - ум ба итмом расида, дар натиҷа 20 га замини бекорхобида юнуқча корида шуда дар истифодаи умум қарор гирифт. Номбурда сабабҳои асосии зуд аз фаъолият бозмондани каналро дар набудани техника ва нигаҳдории худи канал арзёбӣ кард: Солҳои 1995-97 вақте ки мо ба сохтмон шурӯъ кардем, дар деҳа сокинон махсусан ҷавонон бисёр буданд. Мо он солҳо ҳатто фикр ҳам намекардем, ки рӯзе мешавад дар Тоҷикистон сулҳу оромӣ барқарор мегардад, роҳҳо кушода мешаванд ва мардум метавонанд озодона ба ҳар куҷо сафар ва ё дар ватан кору фаъолият кунад. Бо фикр кардем, ки қувваи корӣ дар ин деҳа кофӣ аст ва онҳо метавонанд каналро бо даст тоза кунанд. Аммо вақте ки сулҳу амонӣ барқарор шуд, ҷавонони тамоми гӯшаву канори кишвар, аз ҷумла сокинони ин деҳае, ки дар он ҷо канал сохта шуд ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтанд ва дар ин ҷо дигар қувваи корӣ намонд. Чунки ин русто мушкилиҳои зиёде дорад ва ягона рустое дар водии Бартанг аст, ки аз қувваи барқ таъмин нест. Инчунин лаҳзаҳое мешуданд, ки роҳи Бартанг қариб 6-8 моҳ маҳкам мегардид. Бинобар ин, бисёр ҷавонон барои таъмини зиндагӣ ва оила деҳаро тарк карданд. Ҳангоме ки зимистон омаду баҳор шуду барфу борону сел меомад, баъзе ҷойҳои ин канал такшин дод ва баъзеи дигараш кӯчид. Онро мардум бо қувваи даст таъмир карда натавонистанд. Аммо ин бор мо рафти корҳоямонро тамоман дигар кардем ва гуфта метавонам, ки ин бор ҳеҷ мушкилоте дар баровардани об ба деҳа ва дар хизмати халқ қарор додани ин канал ба вуҷуд нахоҳад омад. Мо барои канал як экскаватор харидем ва ин техникаро барои ҳамешагӣ дар назди канал мемонем, ҳангоми ғалтидани ягон селу санг ва дигар лаҳзаҳое, ки ба ҷоришавии об халал мерасонад, мардум метавонад аз ин экскаватор истифода кунад. Дигар ба андешаи он, ки канал созему мардум худаш онро нигоҳубин кунад кор намекунем, чун шароити кӯҳистон аст ва ҷойҳои хатарнок ҳам дорад мардум бо даст аз ӯҳдаи нигоҳдории ин канал баромада натавонистанд. Яке аз сабаби асосии аз кор бозмондани онро дар набудани техникаву таҷҳизоти лозима, инчунин қувваи корӣ медонем.
Дар сурате ки сохтмони канал бомуваффақ ба анҷом расад, 800 га заминро обёрӣ хоҳад кард. Инчунин мо ба сокинон барои кишт кардани заминҳо, механизатсия, тухмҳо, нурӣ ва дигар маҳсулоти огрономӣ ва дар фурӯши маҳсулот низ кумак мекунем. Вақте ки мардум тавонист соҳиби маблағ шавад, дар он ҳолат метавонад ҳам каналро нигоҳдорӣ кунад, ҳам барои пешбурди зиндагии худ рӯҳбаландона кор кунад. Маҳз ба ҳамин хотир имсол каналро боз ба барнома даровардем ва умед дорем, ки масъалаи сохтмони неругоҳи хурди барқиро ҳам дар соли 2019 шурӯъ намоем, то мардум соҳиби барқ шаванд, зеро дар чунин асру замон бе барқ зиндагӣ кардан хеле сангин ва ҳатто ғайримкон аст. Илова бар ин, мо тасмим гирифтем соли оянда бо 700 ҳазор доллар кумак аз Фонди Оғохон ва инчунин дар якҷоягӣ ва дастгирии Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмири қисмате аз роҳи Бартангро, ки хеле душворгузар асту дар фасли тобистон дар зери об мемонад, таъмир кунем, то тавонанд бо маркази ноҳия ва вилоят бе мушкилот рафтуомад кунанд. Албатта, орзуву умеди мо ҳам ҳамчун шаҳрванди Тоҷикстон ва махсусан роҳбари фонди Оғохон дар Тоҷикистон ин беҳбуди зиндагии мардум ва дасти мадад дароз кардан ба онҳост, ки рисолати инсонии ҳар як шахси бовиҷдон аст,- гуфт дар суҳбат бо мо Ёдгор Файзов.
Канали Рошорв аз ибтидо то интиҳояш тахминан 10 км дарозӣ дошта, соли 1995 то ин ҷониб рӯи кор аст, яъне 23 сол инҷониб «фаъолият» дорад. Аз ин миқдор якчанд соле, ки дар он ҷо ягон коре сурат нагирифта буд, кам кунем, тахминан 12-13 сол боқӣ мемонад, ки ҳанӯз аз шакли воқеии худ дарак надодааст. Аммо то чи андоза ин кӯшиш ва талошҳо дар оянда амалӣ мегарданд, боз ҳам вақт довар аст. Мо низ умедворем, ки бунёди канал анҷом меёбад ва ин қадар маблағ ва қувваи корие, ки барои сохтмони он сарф шудааст, барабас нарафта, ба мардуми он макон хизмат мекунад.
Гулҳаёи Мадимар
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: