Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » ОБУ ҲАВО: имрӯз дар бештари ноҳияҳои Тоҷикистон борон меборад

ОБУ ҲАВО: имрӯз дар бештари ноҳияҳои Тоҷикистон борон меборад

5-07-2018, 11:06
Хабарро хонданд: 93 нафар
Назарҳо: 0
ОБУ ҲАВО: имрӯз дар бештари ноҳияҳои Тоҷикистон борон меборад
Июль 5, 2018 08:14

ДУШАНБЕ, 05.07.2018 /АМИТ «Ховар»/. Ба иттилои Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво номусоид гашта, дар бештари ноҳияҳо ҳаво абрноки тағйирёбанда ва боронӣ мешавад. Дар ин бора имрӯз ба мухбири АМИТ «Ховар» аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон хабар доданд.

Ба иттилои манбаъ, дар вилояти Суғд ҳаво камабри тағйирёбанда шуда, дар водиҳо шабона +18+23 ва рӯзона +36+41 дараҷа гарм мешавад. Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво боронӣ гашта, шабона +7+12 ва рӯзона +25+30 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳаво камабри тағйирёбанда шуда, чангу ғубор боқӣ мемонад. Ҳаво дар водиҳо шабона +21 +26 ва рӯзона +35 + 40 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво абрноки боронӣ шуда, ба амал омадани раъду барқ дар назар аст. Шабона ҳарорат ба 17-22 ва рӯзона 33-38 дараҷа мерасад.

Сокинони пойтахт- шаҳри Душанберо чун рӯзҳои қаблӣ ҳавои муътадил ва қисман абрноки бебориш интизор аст. Шабона 17+19 ва рӯзона +36+38 дараҷа гарм мешавад.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: