Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » МАҲМУДОВ МАЪРУФҶОН БОБОРАҶАБОВИЧ

МАҲМУДОВ МАЪРУФҶОН БОБОРАҶАБОВИЧ

17-10-2016, 08:51
Хабарро хонданд: 252 нафар
Назарҳо: 0
МАҲМУДОВ МАЪРУФҶОН  БОБОРАҶАБОВИЧ



23 феврали соли 1959 дар шаҳраки Зарафшони ноҳияи Айнӣ таваллуд шудааст. Соли 1980 Донишкадаи давлатии педагогии шаҳри Ленинобод (Хуҷанд)-ро хатм намудааст
Солҳои 1980-1981 ба ҳайси муаллими мактаби миёнаи № 12, ноҳияи Қумсангир фаъолият намудааст. Аз соли 1981 то соли 1996 дар мактабҳои миёнаи №9, 31, ва 6 ноҳияи Айнӣ ба сифати муаллим фаъолият кардааст. Соли 1996 ба вазифаи Директори мактаби миёнаи № 38 ноҳияи Айнӣ таъин мешавад.
Соли 1999 ба шаҳри Душанбе, ба Институти такмили ихтисоси Вазорати маорифи ҶТ ба кор даъват мешавад. Бо назардошти он, ки туъли фаъолияти худ дар сохторҳои мухталифи соҳаи маориф, бо Воситаҳои ахбори оммаи кишвар ҳамкории пайваста дошт, ба Идораи барномаҳои иттилоотии Телевизиони Тоҷикистон ба кор қабул мешавад ва то соли 2006 дар он ҷо фаъолият намудааст.
Як муддат дар ҳафтаномаи «Тоҷикистон» ба ҳайси рӯзноманигор фаъолият намуда, аз соли 2007 ин ҷониб дар ҳафтаномаи «Минбари халқ» ба сифати рӯзноманигор ва баъдан дар вазифаи котиби масъул кор кардааст.
Марҳум шоми 14 октябри соли равон, бар асари бемории фишорбаландӣ, дар бемористони Қарияи Болои шаҳри Душанбе аз олам даргузашт.

Ёдат ба хайр ва охиратат обод бод бародар ва ҳамкасби азиз!








Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: