Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj

Хабар

6-06-2018, 14:14
Хабарро хонданд: 98 нафар
Назарҳо: 0
   Хабар
Дар Қазоқистон аз ибтидои соли ҷорӣ шумори гирифторон ба уфунати менингит ба 59 тан расид. 21 гирифтори ин бемориро кӯдакони то 14 сола ташкил медиҳанд, хабар дод вазорати тандурустии Қазоқистон.

Дар маҷмуъ 13 одам - шаш тан дар шаҳри Алмато, чаҳор тан дар вилояти Алмато, ду нафар дар вилояти Қазоқистони Ҷанубӣ ва як тани дигар дар вилояти Қизилорда аз уфунати менингит фавтидааст.

Ин дар ҳолест, ки вазири тандурустии Қазоқистон Елжан Биртанов рӯзи 4 июн гуфт, аз ибтидои сол марги 12 одам бар асари уфунати менингит ба қайд гирифта шудааст. Ҳамон рӯз дар бораи марги сокини 17-солаи шаҳри Талдиқурғон хабар расид.

Вазорати тандурустӣ мегӯяд, вазъро зери назорат дорад. Мақомоти тандурустии Қазоқистон хабар медиҳанд, ки уфунати мазкур мавсимӣ буда, зимистону баҳор хуруҷ мекунад.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: