Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » ОБУ ҲАВО: имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои камабри тағйирёбанда дар назар аст

ОБУ ҲАВО: имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои камабри тағйирёбанда дар назар аст

24-05-2018, 11:24
Хабарро хонданд: 190 нафар
Назарҳо: 0
ОБУ ҲАВО: имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои камабри тағйирёбанда дар назар аст
Май 24, 2018 08:08

ДУШАНБЕ, 24.05.2018. /АМИТ «Ховар»/.Тибқи иттилои Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво камабри тағйирёбанда шуда, дар баъзе ноҳияҳо вазиши шамол то 15 метр дар як сония мерасад.

Имрӯз, 24 май дар вилояти Суғд ҳаво абрноки тағйирёбанда шуда, шамол аз самти ғарб бо гузариш ба самти шарқ 3-8 ва дар баъзе ҷойҳо то 10-15 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона +14 +19 ва рӯзона +26 +31 дараҷа гарм мешавад.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон низ ҳавои тағйирёбанда дар назар дошта шуда, шамол аз самти ғарб 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона +3 +8 ва рӯзона +18 +23 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон низ ҳавои абрноки тағйирёбанда пешбинӣ мешавад. Шамол аз самт ғарб то 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳарорат дар водиҳо шабона +15 +20 ва рӯзона +28 +33 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво тағйирёбанда шуда, танҳо шабона дар ноҳияҳои кӯҳӣ боридани боронҳои кӯтоҳмуддат ва дар баландиҳои 3000 метр боридани барф дар назар аст. Дар шаҳри Душанбе низ ҳаво тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо рӯзона +27 +29 дараҷа ва шабона +11+13 дараҷа гарм мешавад.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: