Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Гар дасти фитодае бигирӣ...

Гар дасти фитодае бигирӣ...

25-04-2018, 16:26
Хабарро хонданд: 160 нафар
Назарҳо: 0
       Гар дасти фитодае бигирӣ...
Филиали ассотсиатсияи КАРИТАС Олмон дар якҷоягӣ бо Хадамоти мубодилаи академикии Олмон (DAAD) ва гурӯҳи ихтиёриёни «Доброта» чорабинии хайриявиеро бо мақсади ҷашн гирифтани 10-солагии фаъолияти худ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор кард. Дар чорабинӣ, ки дар арафаи Рӯзи пойтахт рост омад, намояндагони воломақом аз ташкилотҳои давлатӣ, ғайридавлатӣ ва байналмилалӣ, ҳамчунин сокинони шаҳри Душанбе ширкат варзиданд.

Ҳамоҳангсози лоиҳаҳои Тоҷикистон дар саридораи Каритас Олмон Иво Курнер ба чорабинӣ ҳусни оғоз бахшида, миннатдории худро ба ҳамаи шарикон барои дастгирӣ дар татбиқи як қатор лоиҳаҳое, ки ба фароҳам овардани шароити беҳтари зиндагӣ барои шаҳрвандони Тоҷикистон равона гардидаанд, баён намуд. Ӯ аз ҷумла чунин иброз дошт: «Фаъолияти асосии ташкилоти КАРИТАС ба рушди инфрасохтори хизматрасониҳои иҷтимоӣ барои гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ ва беҳтар намудани нигоҳубини шаҳрвандони пиронсоли танҳомонда, занони серфарзанди бесаробонмонда, тарбиятгирандагони мактаб-интернатҳо, ятимхонаҳо, шахсони дорои маъюбият ва ҳамчунин дастгирии одамоне, ки дар натиҷаи ҳолатҳои фавқулода ва офатҳои табиӣ ба зиндагии душвор гирифтор шудаанд, равона гардидааст».

Дар чорабинӣ ҳамчунин барномаи консертӣ бо иштироки ҳунармандони маъруфи кишвар доир гардид. Дар доираи ин чорабинӣ ташкилотҳои шарики КАРИТАС, Хадамоти мубодилаи академикии Олмон (DAAD) ва гурӯҳи ихтиёриёни «Доброта» дастовардҳои худро ба маърази тамошои ҳозирин гузоштанд. Илова бар ин, гурӯҳи ихтиёриёни «Доброта» иқдоми хайриявиеро бо мақсади ҷамъ кардани кумакҳои молӣ барои беморони онкологӣ, аз ҷумла Фирдавс Самиев, ки ба бемории саратон гирифтор аст, анҷом дод.

КАРИТАС Олмон дар Тоҷикистон муддати 10 соли фаъолияташ дар кишвар беш аз 2500 шахси маъюбро дастгирӣ карда, 7 толори омӯзишӣ, 30 нуқтаи тавонбахшӣ, 28 ҳуҷраи бозӣ барои кӯдакон ва 6 ҳуҷраи машваратии мутахассисони соҳаи тавонбахшӣ ифтитоҳ намуда, дар 7 муассисаи таҳсилоти томактабӣ ва 14 муассисаи таҳсилоти умумӣ низоми таҳсилоти фарогир ҷорӣ карда, дар 9 муассисаи таҳсилоти касбӣ барои таҳсилоти касбию техникии ҷавонони осебпазир шароити мусоид фароҳам оварда, наздики 400 кӯдаки маъюбро ба мактабҳои таҳсилоти умумӣ шомил намудааст. Ҳамчунин, бар асоси барномаи тавонбахшӣ дар сатҳи маҳал, 15 тренери миллӣ, 250 корманди тавонбахшӣ, 6 нафар мутахассиси забони имову ишора ва 370 нафар омӯзгор оид ба мавзӯъҳои маъюбият ва таҳсилоти фарогир омӯзонида шуданд.

Бо мақсади зарфиятсозӣ ва рушди соҳаи шаҳрвандӣ, ташкилоти КАРИТАС Олмон лоиҳаҳои худро тавассути ташкилотҳои ғайридавлатӣ амалӣ менамояд. Лоиҳаҳо асосан дар манотиқи деҳот, дар минтақаҳое, ки дур аз марказҳои маъмурӣ ҷойгиранд ва дар он ҷойҳо дастрасӣ ба хизматрасониҳои иҷтимоӣ маҳдуд буда, аҳолии он маҳаллаҳо осебпазир мебошанд, иҷро мегарданд.
Азамат Дўстов
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: