Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Пономарёви шовинист чӣ мехоҳад?

Пономарёви шовинист чӣ мехоҳад?

27-07-2016, 17:30
Хабарро хонданд: 668 нафар
Назарҳо: 0
Пономарёви шовинист чӣ мехоҳад?
ва ё андешаи чанд нафар дар ҳошияи мақолаи иғвоангези ин псевдожурналист

Чанде қабл дар сомонаи «Комсомолская правда» мақолаи муғризонаи журналисти рус Сергей Пономарёв бо унвони «Тоҷикистон аз даврони рукуди шӯравӣ ба ояндаи дурахшон» ба нашр расид, ки бо услуби таҳқиромез навишта шуда, дар расонаҳои миллӣ ва шабакаҳои интернетӣ ба муқовимати сахти рӯзноманигорон, коршиносон ва ҳатто шахсони оддӣ дучор шуд. Аз муҳтавои мақолаи ин псевдожурналисти рус чунин ба назар мерасад, ки ҳанӯз ба хоки Тоҷикистон қадам нагузошта, аз ибтидо чунин тасмим дошт, ки як мақолаи хеле баҳсбарангезу муғризона ба қалам диҳад.

Вокуниши рӯзноманигорон ва сиёсатмадорони тоҷик (ба истиснои чанд нафар ватанфурӯшу миллатбезор) низ вобаста ба қабоҳати ин матлаб, хеле шадид буд, ки ҳатто инро дар доираҳои ВАО-и Русия низ ба хубӣ эҳсос намуданд. Хуб, ин табиист, ки агар ҳар як миллат ё халқ андаке ору номуси миллӣ дошта бошад, ба ҳимояи таърих, фарҳанг ва ё дигар арзишҳои миллиаш садо баланд мекунад.

hamsafon.tj ва ҳафтаномаи «Минбари халқ» тасмим гирифт, ки дар ин замина андешаи хонандагони русро, ки дар ҳошияи мақолаи мазкур нашр шудаанду аз иқдоми шовинистии С. Пономарёв шадидан интиқод менамоянд, манзури хонандагон созад.

Афсари рус бо номи Сергей Михайлович аз навишатаҳои ҳамноми худ ба шигифт омада мегӯяд: «Дар Тоҷикистон 12 сол хизмат кардам. Ваҳшонияти муаллифи мақола маро ба ҳайрат меафканад. Чунин ба назар мерасад, ки муаллифи мақола як роҳгузари тасодуфӣ бошад. Далелҳои зиёди нодуруст, ки ба фантазияи бемори худи муаллиф рабт доранд. Агар ба истилоҳи нарм гӯем, ин «матлаб» ба завқи одамони паст мувофиқ навишита шудааст. Журналист на бояд бо қолаб (стереотип)-ҳои таҳмилшуда зиндагӣ кунад. Вагарна ӯ журналист нест…»

Хонандаи қазоқистонӣ бо номи Макс бо тамасхур ҷавобан ба мақолаи Пономарев менависад: «Ман тоҷик нестам. Ташаккур барои мақолае, ки пур аз «интернатсионализм»-и хос ба хокандоз (бели ахлотпарто)-и русист. Ҳамин гуна «мақола»-ҳоро бештар нависед. Бахусус изтеҳзои Шумо дар мавриди валангор шудани шаҳраки русӣ «Чкаловск» ба ман хеле «хуш» омад. Чӣ тавр тоҷикон ҷуръат намуда, дар шаҳраку деҳот системаи обу ташнобро, ки русҳои мутамаддин сохта буданд, вайрон карданд? Ҳмм… Аҷиб агар ба назар гирем, ки ҳатто имрӯз ҳам дар яке аз навоҳии Русияи мутамаддин, фаразан губернияи Карелия кампиракони нафақахӯр аз губернатор хоҳиш доранд, ки барои зимистонгузаронӣ як баста ҳезум диҳад. Тоҷикон шояд қудрати танксозӣ надоранд, вале дар даврони ҶБВ барои Русия «муқаддас» ҷонашонро қурбон намудаанд, ки инро инкор карда наметавонед… »

… Инчунин ба ман «азизам», чи гуна барҳамхӯрии ЛГХК (Ленинабадский горно-химический комбинат - Комбинати кӯҳӣ-кимиёии Ленинобод)-ро ба дӯши тоҷикон бор карданатон хеле писанд омад. Итминон дорам, ки агар меҳмони мо шавед, матлаби нисбатан изтеҳзоомезтарро дар бора Қазоқистон хоҳед навишт. Комбинати кӯҳӣ-химиявии Степногорск низ валангор шудааст. Хар-аробаро дар Алмаато пайдо кардан душвор, вале агар андаке кӯшиш кунед ҳароина имконпазир аст. Доир ба масъалаҳои русӣ ба назди атамани казакҳо беҳтараш наравед, онҳо аллакай намакхӯрда шудаанд. Вале суроғаи кампираки русеро, ки талбандагӣ мекунаду аз нуки он ба писари дар Русия зиндагӣ доштааш маблағ мефиристад, ҳатман медиҳам…»

Хонандаи рус Артём аз шаҳри Красногорски вилояти Маскав баъд аз мутолиаи мақола ба шӯр омада менависад: «Ҷанобон! Пономарёв дар кишварҳои собиқ Шӯравӣ «сайру саёҳат» карда, миллатҳоро таҳқир мекунад, то сафи душманони мо афзоянд! Бо ин ӯ чиро нишон медиҳад? Фарҳанги мардуми русро? Ба гумон… Ин ба фикрам фитнаангезии нобахшиданӣ аз ҷониби «Комсомолская правда» аст!!!»

Лаҳни тунд ва таҳқиромези мақола, журналисти шинохтаи рус Максим Шевченкоро низ бетараф нагузоштааст: «Оҳанги мақола таҳқиромез. Шояд дар худи мақола чизҳои хонданӣ бошад, вале оҳанги аблаҳонаи он матлабро билкул беарзиш кардааст. Ин такаббури ҷаноби сафедпӯст аст. Ман аз халқи тоҷик барои ин оҳанги таҳқиромез ва мақолаи пуч узр мепурсам. Муаллиф на дар бораи Ҷамшед - қаҳрамони «Шоҳнома» ва на дар бораи Равшан чизе намедонад. Бахши аввали мақола пурра нажодпарастона аст. Муаллиф дар бораи халқи тоҷик ҳавобаландона менависад. Ин кароҳатангез аст ва аз қироаташ шарми кас меояд…

Фикр мекунам ин мақола як андоза супориши ҳам ҳаст, вале дар маҷмуъ ин як матлаби нажодпарастона барои ҳаромзодаҳост. Оҳанги беэҳтиромӣ; эҳсос нашудани тавваҷҷуҳ ба фарҳанги дигар, ноогоҳӣ аз фарҳанги як миллат. Инсон дар бораи тоҷикон ҳарф мезанад, вале худ намедонад, ки «Шоҳнома» чист, ҳатто дар бораи ин асар тасаввурот надорад. Ҷаҳонбинии аблаҳона, ки ба ҷуз аз дача (боғча)-и худ чизи дигаре завқи ӯро ангеза намедиҳад. Инсоне, ки гумон мекунад ҳама чизро медонад ва худро одами «сафед» эҳсос мекунад. Вале ин мақола аз ҷониби одами «сафедпӯст» ё рус навишта нашудааст. Ман мехоҳам, ки халқи тоҷик донанд, ин матлабро одами рус иншо накардааст. Рус ба маънои томаш ин Афанасий Никитин аст, ки чандин баҳрро убур намуда, дар бораи миллатҳои дигар бо завқ, муҳаббат ва эҳтиром навиштааст…»

Мояи ҳайрат ин аст, ки дар ҳошияи мақола муаллифи он Сергей Пономарёв ва дигар ҳаммаслакони неофашисти ӯ хеле фаъолона ширкат варзида, ба ҳар як эроде, ки нисбати ин мақолаи пучу бемаънӣ гирифта мешавад, сарсахтона муқовимат мекунанд. Ва ҳатто дар яке аз шарҳҳояш Пономарёв иқрор мешавад, ки ин мақола қасос барои беэҳтиромӣ нисбати миллати рус буд, ки солҳои навадуми қарни гузашта Тоҷикистонро тарк карда буданд. Чи разолату аблаҳӣ, ки журналист касби худро эҳтиром накарда, рӯшод ба қасосгириву фитнаангезӣ иқрор мешавад. Вале «офтобро бо доман пӯшида намешавад». Чанд нафар тоҷикон (боиси ифтихор аст, ки хеле донишмандтар аз С.Пономарев) бо лаҳни хеле тозаи русӣ ғаразҳои ифлоси муаллифро фош намудаанд ва теъдоди зиёди намояндагони миллатҳои дигар - русҳо, қазоқҳо, украиниҳо, тоторҳо, кафказиҳо… бо онҳо ҳамовоз шуда, ҳадафҳои нопоки муаллифи мақоларо ба танз кашидаанд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: