Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » ХУШО ИҚДОМИ НАВ ИМРЎЗ, КИ БО ҲАМ ХУБТАР БОШАД

ХУШО ИҚДОМИ НАВ ИМРЎЗ, КИ БО ҲАМ ХУБТАР БОШАД

5-04-2018, 09:07
Хабарро хонданд: 195 нафар
Назарҳо: 1
ХУШО ИҚДОМИ НАВ ИМРЎЗ, КИ БО ҲАМ ХУБТАР БОШАД

Дари марзҳоямон, дари дили тоҷикону тоҷикистониён чун одату русуми бобою бобокалонҳоямон ҳамеша ба рўйи ҳамаи дўстони дуру наздик ва дар навбати аввал ба ҳамсоягон кушода буд ва хушо, ки дар ин фасли баҳор, дар арафаи Наврўзи хуҷастапай президенти кишвари ҳамсояи Ўзбекистон Шавкат Мирзиёев ба ҷумҳурии мо бо сафари расмӣ ташриф оварда, муносибатҳои анъанавӣ миёни ду давлатро, ки бар асари сиёсатҳои худкомагӣ халалдор шуда буд, аз нав барқарор кард.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намуданд, ки ташрифи президенти Ўзбекистон ба ҳамаи масъалаҳои тарафайн нуқтаи мусбат гузошт ва ҳама масъалаҳо комилан ҳал шудаанд.
Сарвати бебаҳои Тоҷикистон – захираҳои фаровони обӣ метавонад барои ҳамкориҳои минбаъдаи ду кишвар заминаи боэътимод бошад. Ин захираҳо на фақат барои Тоҷикистон, балки барои тамоми Осиёи Марказӣ, бахусус Ўзбекистони бародар беш аз пеш дастрас бошанд.
Чӣ хеле зикр намудем, Тоҷикистон дорои захираҳои фаровони обӣ буда, аз рўи нишондодҳои ҷаҳонии захираҳои гидроэнергетикӣ дар ҷаҳон ҷойи 8-умро ишғол менамояд. Ба ҳоли ҳозир дар ҷумҳурӣ фақат 5-6 фоизи захираҳои гидроэнергетикии иқтисодӣ самаранок истифода мешаванд.

Захираҳои бузурги обии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки тавассути дарёҳои Панҷ, Вахш, Зарафшон, Сирдарё, Исфара ва дигарҳо ба сўйи мамлакатҳои поёноб ҷорӣ мешаванд ва мавқеи хело мувофиқи ҷуғрофии Тоҷикистон ба он мусоидат менамоянд, таъмини захираҳои обии кишварҳои минтақаро ба танзим дароварда, муҳити экологӣ эмин нигоҳ дошта шавад.
Сохтмони неругоҳҳои барқи обӣ ва бунёди обанборҳо имкон фароҳам меоваранд, ки дар якҷоягӣ масъалаҳои таъминоти нерўю об дар минтақаи Осиёи Марказӣ ба таври умум барои ояндаи наздику дур ҳаллу фасл шаванд.
Ва боиси инкишофи на фақат бахши саноатии иқтисодиёт, балки афзоиши тавлидоти зироат гардида, амнияти хўроквории кишварҳои Осиёи Марказиро таҳким мебахшад ва дар навбати худ кишварҳои минтақаро ҷиҳати расидан ба ҳадафи Рушди ҳазорсола такони ҷиддӣ мебахшад.
Яке аз рагҳои хунгарди иқтисодиёти тарафайн ин пайвастагиии системаи энергетикии ҳамсоягон мебошад ва дар ин самт шарёни энергияи барқ тавассути хати барқи 500 ҳазор волта бо номи Л – 507 байни зеристгоҳҳои Регар -500 – и тоҷикон ва Гузар -500 – и ўзбекон ва 4 хати интиқоли барқи 220 ҳазор волта дар ин рўзҳо ба таппиши набзи дилҳои мардуми ду кишвар бо сарварии сарони ин давлатҳо ба кор шурўъ хоҳад кард, ки ибтидои пешравиҳои дар дўстиву ҳамкориҳои миёни халқҳоямон хоҳад шуд.
Д. Давлатшоев,
Л. Қасобов,
устодони Донишгоҳи технии Тоҷикистон
ба номи академик М.С. Осимӣ






Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назарҳо (1)
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: