Наврӯз – рӯзи нав, пиндори нав, гуфтори нав…19-03-2018, 14:23
Хабарро хонданд: 238 нафар
Назарҳо: 0
Аз қадимулайём расм буд, ки мардум сари солро аз ин рӯз ҳисоб мекарданд ва ба истиқболи Наврӯз либосҳои нав ба бар намуда, ҳама чизро нав мекарданд. Ба истиқболи иди баҳор ва Наврӯзи Аҷам дар ташкилоти ибтидоии «Ориён» -и Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд чорабинии фарҳангӣ баргузор гардид. Шукӯҳу шаҳомати чорабинии мазкурро бӯи оши миллии палов ва озмуни «Оши палови беҳтарин» боз ҳам афзун сохт. Вале зеботар аз ҳама, ҳузури Маликаи Наврӯзӣ – рамзи ишқу иффату вафодорӣ, баҳору зебоӣ, покиву нафосат шукӯҳи ҷашнро болотару волотар гардонд, ки мужда аз амну амният, сулҳу субот, созандагиву ободкорӣ, ҳаёти биҳиштосои диёри азиз мебошад. Иштирокдорони чорабинӣ бо як самимияту маҳбубият, эътиқоду боварӣ, ҳамдиливу ҳамовозӣ Наврӯзи байналмилалро «Хайра мақдам!» мегуфтанд. Ҳамзамон, дар радифи ин замзамаҳо намояндаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Фирдавс Саидов ҳамраъии хешро ба ҳозирин расонида, Ифтихорнома ва Сипосномаҳои ҳизбро ботантана ба аъзоёни фаъоли ташкилоти ибтидоии «Ориён» супорид. Бошад, ки ҷашни фархунда бегазанд боз солиёни зиёде чун рамзи таҷаддуду ташаккули суннату анъанаҳои неку созандаи ниёгонамон побарҷо бимонад! |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.