Боздид аз “Маркази Назарбоев” дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон15-03-2018, 09:24
Хабарро хонданд: 202 нафар
Назарҳо: 0
14.03.2018 23:53, Қазоқистон Дар доираи сафари расмӣ дар Ҷумҳурии Қазоқистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев ба “Маркази Назарбоев” ташриф оварданд. Иттилоъ дода шуд, ки ин маҷмаа ҳамчун маркази муосири илмӣ, маърифатию фарҳангӣ соли 2014 таъсис ёфта, ҳадаф аз бунёди он омӯзиши нақш ва мақоми аввалин Президенти Қазоқистон дар таърихи миллӣ ва ҷаҳонӣ, саҳми он дар муаррифии тарҳи роҳбарӣ баҳри бунёди давлатдории навин, ҳифз ва ба насли оянда мерос мондани анъанаву муқаддасот мебошад. Фаъолияти Марказ ба панҷ самт равона гардида, аз бахшҳои фаъолияти китобдорӣ, бойгонӣ, осорхона, кори таҳлилӣ ва маърифатӣ иборат аст. Таваҷҷуҳи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар ин марказ бахши китобдорӣ бештар ҷалб кард, зеро дар он шумораи зиёди асарҳои нависандагони классику муосири ҷаҳон, қазоқу тоҷик, адабиёти соҳавӣ оид ба бахшҳои иқтисодиёт, ҳуқуқ, сиёсатшиносӣ, муносибатҳои баналмилалӣ, амният, таърих ва фарҳангшиносӣ ҷамъ оварда шудааст. Бахши осорхона аз нигораҳо ва ҳуҷҷатҳои давраи роҳбарии Нурсултон Назарбоев дар солҳои 1997-2004 дар бар мегирад. Баъди китобхона мавқеи асосиро дар марказ бахши таҳлилӣ ишғол мекунад, ки дар он коршиносон ва худи роҳбари давлат ба таҳлилу омӯзиши мушкилоти мубрами ҷомеа машғул мешаванд. Дар як гӯшаи дигари Марказ тамоми унвонҳо, ҷоизаҳои роҳбарони давлатҳои хориҷ, ки Нурсултон Назарбоев барои саҳми муносиб дар таҳкими дӯстии мардумони кишварҳо сарфароз гардидааст, ҷой дода шудааст. Баъди тамошои “Маркази Назарбоев” Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар китоби меҳмонони фахрӣ бо орзуву ниятҳои нек баҳри шукуфоии кишвари дӯст ва саодату пешрафти халқи дӯсти қазоқ, соядаст гузоштанд. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.