Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Истиқболи Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон

Истиқболи Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон

15-03-2018, 09:15
Хабарро хонданд: 175 нафар
Назарҳо: 0
Истиқболи Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон
Март 14, 2018 14:34

ДУШАНБЕ, 14.03.2018 /АМИТ «Ховар»/. 14 марти соли 2018 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади анҷоми сафари расмӣ дар Ҷумҳурии Қазоқистон ва ҷиҳати иштирок дар нишасти (машварати) кории сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ ба шаҳри Остона — пойтахти Ҷумҳурии Қазоқистон ворид шуданд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Остона намояндагони воломақоми ҳукумати Ҷумҳурии Қазоқистон гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.

Дар назар аст, ки зимни ин сафар Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев ва намояндагони воломақоми ин кишвар мулоқот карда, аз рӯи натиҷаҳои вохӯриҳо санадҳои нави ҳамкории танзимкунандаи муносибатҳои дӯстӣ, ҳамкорӣ ва шарикиро ба имзо мерасонанд.

Инчунин Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар нишасти (машварати) кории сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ иштирок ва суханронӣ менамоянд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: