Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Табдили номҳо қонунӣ гашт

Табдили номҳо қонунӣ гашт

28-02-2018, 09:07
Хабарро хонданд: 387 нафар
Назарҳо: 0
Табдили номҳо қонунӣ гашт

Номҳои тағйирёфта чӣ маъно доранд?

Дар Иҷлосияи чордаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси олӣ раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷ¬лиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳамоҳангсозии фаъолияти Маҷлиси миллӣ бо Маҷлиси намояндагон, ҳокимияти иҷроия, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, восита-ҳои ахбори омма ва робитаҳои байнипарламентӣ Имомзода М.С. номҳои ивазшудаи шаҳру деҳотро чунин шарҳ дод:


Қўрғонтеппа Бохтар шуд

Бинобар маълумоти сарчашмаҳои хаттӣ ва археологӣ Қўрғонтеппа дар аҳди Қушониён - асрҳои I то IV ба вуҷуд омада, Левакант ном доштааст. Дар охирҳои асри VIII ва ибтидои асри IX аз тарафи арабҳо тасарруф шуда, талаву тороҷ карда мешавад. Дар асри 13 бошад, аз тарафи муғулҳо забт карда шуда, ба харобазор табдил дода шудааст. Ин шаҳри бостонӣ танҳо аз асри XVI cap карда рў ба тараққӣ ниҳодааст. Номи ҳозираи шаҳр дар маълумотҳои таърихӣ ба асри XVII рост меояд. Дар асри XIX ва аввалҳои асри XX Қўрғонтеппа як деҳаи назарногири аз маркази аморат дурафтода, иборат аз биноҳои пастаки похсагӣ иборат буда, ягона мавзеи назаррасу ҷолиби он теппаи марказии байни наҳрҳои «Ҷўйбор»-у «Ҷўи Хонум» ҳисоб меёфтааст.
Вақте номи ин шаҳрро ба забон меорем, пеш аз ҳама теппаи таърихии он пеши назар меояд. Воқеан ин теппа дар маркази шаҳр, дар мавзеи басо хушманзар байни ду наҳри калони «Ҷўйбор»-у «Ҷўи Хонум», ки асрҳо боз ҷорианд, ҷойгир шудааст. Андешаи он, ки теппаи «Қўрғон» ба таври сунъӣ бунёд ёфтааст, шубҳаовар ва аз ҳақиқати таърихӣ дур набуда, яъне он батадриҷ, давра ба давра, бо мурури замон бунёд ёфта, ба шакли имрўзааш расидааст.

Сарбанд Левакант шуд

Шаҳри Сарбанд зодаи даврони соҳибистиқлолии кишвар буда, дар қисми ҷанубии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар водии зарнисори Вахш ҷойгир аст.
То 2 феврали соли 1996 шаҳри Сарбанд бо номи шаҳри Калининобод арзи вуҷуд дошта, ба ҳайати шаҳри Қўрғонтеппа дохил гардида, яке аз шаҳрҳои тараққикардаи саноатии ҷумҳурӣ ба шумор мерафт. Соли 1996 ба ҳайати шаҳри навтаъсиси Сарбанд деҳоти Гулистон, деҳаҳои Булакдашт, Туятоши шаҳраки Бўстонқалъаи ноҳияи Бохтар ва деҳаи Зағертути деҳоти ба номи Калинини ноҳияи Куйбишев дохил карда шуданд.
Таърихи шаҳр ба сохтмони канали магистралии барои обёрии водии Вахш (солҳои 1930-1932) сохташуда зич алоқамандӣ дорад. Солҳои сиюми асри гузашта, дар мавзеи ҳозираи шаҳри Сарбанд сохтмони зарбдори обёрии водии Вахш бо номи Вахшстрой оғоз гардида, натанҳо ба ободии шаҳри имрўзаи Сарбанд, балки тамоми водии зарнисори Вахш замина гузошт.
Пас аз оғози сохтмонӣ неругоҳи барқи обии Сарбанд (20 июни соли 1960) ва ба кор даромадани он соли 1963 сохтмони шаҳр ҳамчун шаҳри саноатӣ оғоз гардидааст. Махсусан баъди сохта шудани заводи нуриҳои азотии Вахш (ҳозира корхонаи муштараки «Тоҷик-азот»), ки яке аз калонтарин корхонаҳои саноатии ҷумҳурӣ ба шумор меравад, шаҳр ҳамчун шаҳри химикҳо дар миқёси ҷумҳурӣ ва берун аз он шинохта шуд.
Силсиланерўгоҳҳои барқи обии Вахш аз 1 октябри соли 1964 дар базаи неругоҳи «Шаршара», ки соли 1959 мавриди истифода қарор дода шуда буд ва неругоҳи «Сарбанд» соли 1963 муваққатан ба кор дароварда шуда, соли 1966 ба истифодаи пурра дода шуд. Неругоҳи «Марказӣ» бошад, соли 1964 муваққатан ва соли 1966 моҳи апрел пурра ба истеҳсоли барқ шурўъ намуд. Иқтидори муқарраргардидаи силсиланеругоҳҳои барқи обии Вахш 240 000 квт\ соат мебошад.
Заводи нуриҳои азотии Вахш нахустин корхонаи бузурги кимиёвии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, соли 1967 бо ду хатти технологии истеҳсоли аммиак ва карбамид фаъолияти худро оғоз кардааст.

Бохтар Кўшониён гашт

Ноҳияи Бохтар 16 ноябри соли 1980 ташкил шуда, масоҳаташ 556 км2 мебошад ва дар он 231893 нафар аҳолӣ зиндагӣ мекунанд. Масофа аз маркази ноҳия то шаҳри Душанбе 110 км ва то истгоҳи роҳи оҳани шаҳри Қўрғонтеппа 30 км мебошад.
Шаҳраки Восеъро Ҳулбук биномед

Шаҳраки «Восеъ»-и ноҳияи Восеъ яке аз калонтарин шаҳрак дар ҳудуди ноҳия ба шумор рафта, соли 1961 бо номи Шўрои ҷамоати Пойтуғро ташкил мегардад ва соли 1963 бо таъсис додани ноҳияи Восеъ маркази ноҳия ба номи Восеъ гузошта мешавад.
Тағйир додани номи шаҳраки Восеъ ба номи Ҳулбук ба бошандагони ин маҳал таъсири мусбӣ гузошта, руҳияи ободсозӣ ва бунёдкории онҳоро баланд бардошта, ба тараққиёти минбаъдаи ҳаёти фарҳангӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва сиёсии онҳо бетаъсир нахоҳад монд.

Деҳаи Қурбоншаҳид Меҳробод гардид

Деҳаи Қурбоншаҳиди деҳоти «Гулистон»-и ноҳияи Восеъ дар аввали асри XX ташкил ёфта, деҳа аз шаҳри Душанбе дар масофаи 157 км ҷойгир мебошад.
Аз маркази он шоҳроҳи «Абрешим» (шоҳроҳи Душанбе-Хоруғ) мегузарад.
Деҳаи Қурбоншаҳид аз 1176 хоҷагӣ ва 10148 нафар аҳолӣ иборат буда, дар он муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, марказҳои саломатӣ, осорхона, бозори «Ҳулбук», корхонаҳои саноатӣ, китобхона ва марказҳои хизматрасонии гуногун мавҷуд аст, ки ба аҳолӣ хизмат мерасонанд.
Қайд намудан лозим аст, ки дар маркази деҳаи Қурбоншаҳид яке аз ёдгориҳои таърихии халқи тоҷик, қасри шоҳони Хатлонзамин «Калъаи Ҳулбук» ҷойгир мебошад ва дар паҳлуяш осорхона фаъолият дорад.

Деҳаи Шота Руставели не, Саргаҳ

Деҳаи Шота Руставели яке аз деҳаҳои куҳанбунёди ҳудуди деҳоти «Ситораи Сурх»-и ноҳияи Ёвон буда, таърихи зиёда аз 46-сола дорад. Масофаи байни деҳа то маркази вилоят 126 километрро ташкил медиҳад.
Шота Рустовели ибораи ғайритоҷикӣ буда, мақсад аз иваз намудани номи ин деҳа талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” мебошад.
Деҳаи мазкур дар сарҳади даромадгоҳи ноҳия воқеъ буда, аз ин хотир ба номи кўҳанбунёд ва қадимии тоҷикӣ Саргаҳ номидани он ба мақсад мувофиқ мебошад.

Деҳаи Будинободро Зариндашт бихонед

Деҳаи Будинобод яке аз деҳаҳои калони ҳудуди деҳоти ба номи Гулсара Юсуфоваи ноҳияи Ёвон буда, дар он ҷо 2120 нафар шаҳрвандон дар 233 хоҷагӣ сукунат доранд.
Дар гузашта заминҳои атрофи деҳа дашти фарохдомане буда, дар он гиёҳу буттаҳои ба хушкӣ тобовар мерўидааст. Дар даштҳои атрофи деҳа паррандаи зебою хушхони будина хело зиёд будааст, ки мардуми гирду атроф ва даҳҳо шаҳрвандони ноҳияҳои дурдасти шимоли мамлакат ба ин даштҳо ба шикори будина омада, хайма зада будина шикор мекардаанд. Мардуми деҳа то обёрӣ шудани ин даштҳои ташналаб ба чорводорӣ машғул буда, аз кадом сол Будинобод ном гирифтани деҳа мутаассифона маълум нест. Соли 1968 баъди ҷорӣ шудани оби нақби Ёвон дар заминҳои гирду атрофи деҳа мардум ба пахтакорӣ машғул шуданд. Аз ҳисоби чўпонбачаҳо мисли Саттори Ҷаббор, Чўпон Одинаев ва дигарон устодони пахта ба воя расидаанд.
Имрўз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон имконияти ислоҳ намудани камбудию норасоиҳо дар номгузорӣ намудани деҳаю маҳаллаҳо фароҳам омадааст ва мақсад аз иваз намудани номи ин деҳа, худшиносии миллӣ, тарғиби афкори ҷомеаи навин ва тозагии забони давлатӣ мебошад.
Бо назардоштани хусусиятҳои ҷуғрофӣ, боғҳои зебои бунёдгардида ва заминҳои ҳосилхези зироатҳои кишоварзӣ пешниҳод гардидааст, ки номи деҳаи Будинобод ба номи Зарриндашт иваз карда шавад, ки масъалаи мазкур аз тарафи сокинони деҳаи номбурда қобили қабул дониста шуда, аз ҷониби маҷлиси Ҷамоат, Маҷлиси вакилони халқи ноҳия, Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон ва Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дастгирӣ ёфтааст.

Акнун деҳаи Тошохур Боғдара мешавад

Деҳаи Тошохур яке аз деҳаҳои кўҳанбунёди ҳудуди деҳоти ба номи Ҳасан Ҳусейнови ноҳияи Ёвон буда, соли 1929 ташкил шудааст. Ба гуфти сокинони деҳаи Тошохур қаблан ин деҳаро Боғдара меномиданд, ки айни ҳол ин боғ тахмин ду километр болотар аз деҳа дар домани кўҳ мавҷуд мебошад. Номи деҳа заминаи ҷуғрофӣ дошта, дар доманаи кўҳистон ҷойгир мебошад.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: