Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Суханронии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси Кумитаи иҷроияи марказии ҲХДТ,

Суханронии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси Кумитаи иҷроияи марказии ҲХДТ,

22-02-2018, 11:52
Хабарро хонданд: 272 нафар
Назарҳо: 0
Суханронии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси Кумитаи иҷроияи марказии ҲХДТ,

ш. Душанбе, 16 феврали соли 2018


Муҳтарам аъзои Кумитаи Иҷроияи
Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон!

Имрўз мо тасмим гирифтем, ки аз фаъолияти солонаи ташкилотҳои ҳизбамон натиҷагирӣ кунем ва нақшаҳоямонро барои соли равон мушаххас намоем.
Соле, ки гузашт, бо санаҳои муборак ва ҷашну чорабиниҳои муҳим, аз ҷумла 26-солагии истиқлолияти давлатӣ, 20-умин солгарди Рўзи ваҳдати миллӣ, 25-солагии иҷлосияи таърихии XVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар ҷашну маъракаҳо барои аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ҷонибдорони ҳизб ва тамоми мардуми кишвар соли хотирмон буд.
Хурду бузурги диёрамон бо рўҳбаландӣ ва шукргузорӣ аз сулҳу суботи мамлакат ва бо эътимод ба фардои ободу осудаи кишвар барои дар сатҳи баланд баргузор гардидани чорабиниҳои зикршуда фаъолона саҳм гузоштанд.
Ҳамаи ин нишонаи он аст, ки мардуми Тоҷикистони азиз ба қадри сулҳу субот мерасанд, мехоҳанд дар фазои орому осуда кору зиндагӣ дошта бошанд ва дар амри ободониву созандагии Ватани худ саҳми муносиб гузоранд.
Мо аз таҷрибаи кишварҳои мутараққии ҷаҳон медонем, ки ҳизбу ҳаракатҳо барои ташаккулу такмили ҷомеа фаъолият мебаранд ва дар корҳои давлатдорӣ ҳиссаи худро гузошта, ормонҳои мардумро бо барномаҳои созандаи хеш амалӣ менамоянд.
Ҳизби мо низ фаъолияташро дар асоси ҳадафҳои барномавии худ ба роҳ монда, дар назди ҳамаи аъзои ҳизб вазифа гузоштааст, ки дар рушди иқтисодиёт, беҳбудии ҳаёти сиёсиву иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар ҳиссаи сазовор гузорад.
Имрўз сохторҳои ҳизбӣ, махсусан, кумитаҳо ва ташкилотҳои ибтидоии моро зарур аст, ки ҳамарўза аз мушкилоти аҳли ҷомеа огоҳ бошанд ва барои ҳалли онҳо ҳамкории самаранокро бо мақомоти давлатӣ роҳандозӣ намоянд.
Дар давоми як соли гузашта аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва ҷонибдорони он бо ширкати фаъолона ва иқдому ташаббусҳои худ дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии кишвар нақши арзанда гузоштанд.
Ташкилотҳои ҳизбии мо бо нерўи зеҳнии худ дар сафи пеши ҷомеа қарор дошта, ба мафкураи мардум таъсир мерасонанд ва онҳоро ба корҳои созанда ҷалб менамоянд.

Ҳозирини гиромӣ!
Дар асоси талаботи Оинномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон кумитаҳои иҷроияи ҳизб дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо дар моҳҳои май-июли соли 2017 конференсияҳои ҳисоботиву интихоботии худро баргузор намуданд.
Конференсияи ҳисоботиву интихоботӣ яке аз чорабиниҳои муҳимми ҳизбӣ ба шумор рафта, кумитаҳои иҷроияи ҳизб ба гузаронидани ин чорабиниҳо ҳамаҷониба омодагӣ гирифтанд ва онҳоро дар сатҳи баланди ташкиливу сиёсӣ баргузор намуданд.
Қобили зикр аст, ки дар ин конференсияҳо аъзои Кумитаи Иҷроияи Марказӣ, кормандони масъули Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказӣ, аъзои Комиссияи марказии тафтишотӣ, собиқадорони ҳизб, аъзои кумитаҳои иҷроияи вилоятӣ ва шаҳриву ноҳиявии ҳизбӣ иштирок карда, ҷиҳати тавсеаи минбаъдаи фаъолияти ҳизб пешниҳодҳои судманд манзур намуданд.
Конференсияҳои ҳизбӣ дар асоси қарорҳои Анҷумани дувоздаҳуми ҳизб, маҷлисҳои Кумитаи Иҷроияи Марказӣ, барномаҳои ҳизб, дастуру супоришҳои Раёсат ва Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон доир гардида, масъалаҳои вобаста ба фаъолияти минбаъдаи ташкилотҳои ибтидоӣ ва кумитаҳои иҷроияро баррасӣ намуданд.
Дар натиҷаи саъю талоши масъулони кумитаҳои иҷроия шумораи ташкилотҳои ибтидоӣ дар кишвар пас аз маъракаҳои интихоботӣ ба таври назаррас афзуда, ҳоло ба 4800 адад расидааст.
Мавриди зикр аст, ки дар конференсияҳои ҳисоботиву интихоботӣ як қисми ҳайати кумитаҳои иҷроия тағйир ёфт.
Ин имконият фароҳам овард, ки раисон ва аъзои кумитаҳои иҷроияи ҳизбӣ барои вусъат бахшидани корҳои дохилиҳизбӣ, таҳкими мавқеи ҳизб дар ҷомеа, баланд бардоштани ҳисси масъулиятшиносии аъзои ҳизб, риояи интизоми дохилиҳизбӣ ва дар маҷмўъ, ба вусъати фаъолият ноил гарданд.
Дар ҷараёни конференсияҳо аз ҷониби вакилон ҷиҳати тавсеаи фаъолияти таблиғотӣ, қабули шахсони арзанда ба сафи ҳизб, ҷоннок намудани фаъолияти ташкилоти “Созандагони Ватан”, риояи талаботи қонунҳо “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” ва мунтазам баргузор намудани соатҳои сиёсӣ дар ташкилотҳои ибтидоӣ пешниҳодҳои ҷолиб манзур гардиданд.
Сохторҳои маҳаллии ҳизб дар арафаи ҷашнҳои миллӣ ва санаҳои муҳим мунтазам чорабиниҳои фарҳангиву оммавиро баргузор карда, ба тавсеаи худшиносиву ватандўстии шаҳрвандон ва таблиғи фарҳанги миллӣ мусоидат менамоянд.
Ташкилотҳои ҳизбӣ, инчунин, дар амри дастгирии ятимону бепарасторон, қишрҳои ниёзманди ҷомеа, кумак ба ҷавонону донишҷўён ва корҳои ободониву созандагӣ саҳмгузор мебошанд.
Дар баробари ин, тақвият додани фаъолияти гурўҳҳои вакилии ҳизбии маҷлисҳои вакилони халқи вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, ширкати фаъолонаи кормандони масъули ҳизбӣ дар маросими гусели наваскарон ба сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳ, иштирок дар кори комиссияҳои ҷамъиятии тақсими замин, фаъол намудани қабулгоҳҳои ҷамъиятии назди кумитаҳои иҷроия, риояи интизоми дохилиҳизбӣ ва дигар масоили муҳимму ҳалталаби ҷомеа бояд дар маркази диққати ташкилотҳои ҳизбӣ қарор дода шаванд.
Тайи солҳои охир ҳизби мо дар ҷомеа ҷойгоҳи сазовори сиёсӣ ва ҷамъиятӣ пайдо намуда, на танҳо ҳизби сернуфус, балки ҳизби пешсафи мафкуравию идеявии ҷомеа мебошад.
Ҳоло он ба нерўи муттаҳидкунандаи қишрҳои мухталифи ҷомеа табдил ёфта, рисолати таҳким бахшидани пояҳои давлатдории миллиро ба дўш гирифтааст.
Дар баробари ин, бояд гуфт, ки пеш аз баргузории конфренсияҳои ҳисоботиву интихоботӣ аз ҷониби Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказӣ дар якчанд шаҳру ноҳия фаъолияти кумитаҳои иҷроияи ҳизб доир ба масъалаи тартиби ба роҳ мондани корҳои ташкилӣ ва риояи талаботи “Низомнома оид ба тартиби бақайдгирии узви Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон” интихобан мавриди омўзиш қарор гирифт.
Дар натиҷа баъзе камбудиҳои ҷиддӣ ошкор гардиданд, ки онҳо ба фаъолияти аксари кумитаҳои иҷроия дахл доранд.
Аз ҷумла дар кумитаҳои иҷроияи баъзе шаҳру ноҳияҳо нақшаҳои корӣ ба таври умумӣ таҳия гардида, баррасии қарорҳои Анҷумани ҳизб, маҷлисҳои Кумитаи Иҷроияи Марказӣ, ҳисоботи аъзои кумитаи иҷроия, раисони ташкилотҳои ибтидоӣ ва вакилони маҷлисҳои вакилони халқи шаҳру ноҳия пешбинӣ нашудааст.
Илова бар ин, иҷрои нақшаҳои кории зиёд ба таъхир афтода, бақайдгирии аъзои ҳизб, ҷойивазкунии онҳо аз як ташкилот ба дигараш, ҳуҷҷатнигорӣ ва риояи талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии ҳизбӣ то андозае ба талабот ҷавобгў нест.
Риояи ҳамаҷонибаи интизоми ҳизбӣ, пеш аз ҳама, сарҷамъӣ, муттаҳидӣ ва мақому манзалати ҳизбро дар ҷомеа тақвият мебахшад.
Мо бояд интизоми ҳизбиро боз ба он мақсад таҳким бахшем, ки аъзо ва кормандони масъули ҳизбӣ масъулияти риояи муқаррароти қонунро возеҳан дарк намоянд ва оқибати ногувори қонуншиканиро эҳсос кунанд.
Вақте ки узви ҳизб ба ягон кори номатлуб даст мезанад, албатта, номи ҳизб ҳам доғдор мешавад ва обрўи ҳизб коста мегардад.
Мо чунин далелҳоро дорем, ки масъулин дар бахшҳои молия, соҳибкориву бонкдорӣ ва мақомоти маҳаллӣ ҳангоми иҷрои вазифаҳои хизматиашон тамаъҷўӣ кардаанд.
Барои пешгирӣ кардани ин амалҳои номатлуб моро лозим аст, ки сифатҳои неки инсонӣ, аз қабили поквиҷдонӣ ва садоқат ба кору меҳнатро дар замири ҳар як аъзои ҳизб ҷой кунем ва риояи интизоми кор ва муносибат бо одамонро таъмин намоем.
Ташкилотҳои ҳизбиро зарур аст, ки камбудиҳои зикршударо дар муҳлати кутоҳтарин ислоҳ намоянд ва таваҷҷуҳи асосиро ба корҳои дохилиҳизбӣ ва сиёсӣ, таблиғу ташвиқи ғояҳои созандаи ҳизб равона созанд.
Ҳамзамон бо ин, масъалаҳои роҳандозии чорабиниҳо ҷиҳати таҳкими суботи сиёсӣ, пешрафти иқтисодиву иҷтимоӣ, ваҳдати миллӣ ва ризоияти ҷомеа, баланд бардоштани маърифати сиёсиву ҳуқуқии мардум бояд ҳамеша дар маркази диққати фаъолон ва тамоми аъзои ҳизб қарор дошта бошанд.
Дар ҳайати ҳизб бояд онҳое кор кунанд, ки сатҳи баланди маърифатнокӣ, хислатҳои неку ҳамидаи инсонӣ ва касбият доранд.
Кормандони ҳизбӣ нерўи муҳим ва такягоҳи давлат буда, мо минбаъд низ аъзои фаъоли ҳизб, махсусан, занону ҷавононро, ки ба Ватан ва миллат содиқона хизмат мекунанд, ба вазифаҳои роҳбарикунанда пешбарӣ мекунем ва ба ин сиёсат дар оянда низ афзалият медиҳем.
Мо бояд аз танқид наҳаросем, чунки танқиди дуруст ба ислоҳи камбудиҳо ва беҳтар ба роҳ мондани корҳоямон мусоидат менамояд.
Дар баробари ин, мо бар зидди танқиде, ки манфиатҳои миллии моро поймол месозанд, ба нафъи гурўҳҳои алоҳида равона шудаанд ё бо дахолати кишварҳои дигар ба хотири ноором сохтани вазъи Ватанамон роҳандозӣ мешаванд, бояд мубориза барем ва сари вақт вокуниш нишон диҳем.
Мо, инчунин, бар зидди коррупсия мубориза бурда, ҳар як узви ҳизбро вазифадор месозем, ки масъулияти дар наздаш гузошташударо софдилона иҷро намояд.
Ташкилотҳои ҳизбиро, ҳамчунин, зарур аст, ки ҳангоми қабул ба сафҳои ҳизб ба саҳлангорӣ роҳ надиҳанд.
Номзадҳо ва хоҳишмандонеро, ки мехоҳанд шарафи узвияти ҳизбро ноил шаванд, ҳамаҷониба омўзанд, ба интизоми корӣ ва донишу малакаи онҳо диққат диҳанд ва пас аз он ба узвият қабул намоянд.
Дар ин масъалаи нозук мо набояд ба саросемагӣ роҳ дода, шахсони манфиатҷўю тасодуфиро ба сафи ҳизб қабул кунем.
Ҳамзамон бо ин, Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии ҳизбро зарур аст, ки фаъолияти сомонаи марказии ҳизбро мутобиқ ба талаботи рўз такмил диҳад ва мунтазам маводи таҳлилиро дар он нашр намояд.
Суханронии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси Кумитаи иҷроияи марказии ҲХДТ,
Таъмин намудани аъзои ҳизб бо иттилооти ҳизбӣ ва хабару мақолаҳои таҳлилӣ аз ҷумлаи вазифаҳои зарурии Кумитаи Иҷроияи Марказии ҳизб мебошад.
Аз ин рў, Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии ҳизб вазифадор карда мешавад, ки барои боз ҳам бештар муаррифӣ кардани ҳизб, чеҳраҳои шинохтаи он ва таблиғи таҷрибаи пешқадам тадбирҳои зарурӣ андешад.
Имрўз бо қаноатмандӣ гуфта метавонем, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба як нерўи тавонои сиёсӣ табдил ёфта, дар сафҳои худ беш аз 460 ҳазор нафар аъзоро муттаҳид кардааст.
Ҳизб бояд барои дар ҳаёт татбиқ намудани орзуву омоли халқ фаъолона талош варзад, ташаббускору навовар бошад, дигаргуниҳои ҳаёти ҷамъиятиро дуруст дарк карда, дар татбиқи амалҳои созанда пешсафу роҳнамо бошад.
Аз ин рў, аъзои ҳизбро зарур аст, ки масъалаҳои муҳимми иқтисодиву иҷтимоии ҷомеаро сари вақту босифат ҳал намоянд ва эътиқоду эътимоди мардумро нисбат ба фаъолияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бештар гардонанд.
Мо танҳо дар сурати аз байн бурдани мушкилоту монеаҳо ва дар амал татбиқ кардани нақшаву барномаҳоямон ба мақсад ноил гардида, аз ҷониби халқ дастгириву пуштибонии бештар пайдо мекунем.
Борҳо таъкид намуда будам, ки дар баробари дастовардҳои назаррас дар рушди иқтисодиву иҷтимоии мамлакат ҳанўз мушкилоти ҳалталаб зиёданд.
Мо бояд бо такя ба нерўи созандаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон душвориҳои мавҷударо ҳал намоем.
Иштироки фаъолона дар ташкили кори самараноки мақомоти ҳокимияти давлатӣ, таъмини ширкати беҳтарин намояндагони мо дар маъракаҳои интихоботии сатҳи ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ низ аз ҳадафҳои асосии мо маҳсуб мешаванд.
Мо ба ҳайси қишри ташаббускори ҷомеа бояд пайваста кўшиш намоем, ки арзишу ҷаҳонбинӣ ва идеяҳои худро дар байни мардум таблиғ намоем, тамоюл ва равандҳои сиёсиро ҳамеша таҳти назар дошта бошем ва ба тағйироти он сари вақт вокуниш нишон диҳем.
Зеро дар сафи ҳизби мо имрўз намояндагони ташаббускори соҳаҳои мухталиф, аҳли зиёи кишвар, коршиносону сиёсатмадорон, ҳуқуқдонҳо ва занону ҷавонони фаъол ҳастанд, ки қодиранд ҷомеаро бо роҳи вусъатбахшии ислоҳоти демократӣ, пешрафти иқтисодӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагӣ пеш баранд.
Дар ин замина фаъолияти мо ва талошу заҳмати ҳар як узви ҳизб ба хотири ободии Ватан ва ҳифзи манфиатҳои мардум беҳтарин намунаи таблиғоти ғояҳои ҳизб мебошанд.
Мо бояд фаъолиятамонро тавассути вакилони худ дар самти таҳияву қабули санадҳои мукаммали қонунгузорӣ ва такмили низоми ҳуқуқӣ тақвият бахшем.
Ин тарзи кор аз талаботу меъёрҳои ҷомеаи демократӣ сарчашма мегирад.
Соли 2017 вакилон - аъзои фраксияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ фаъолияти худро дар се самт – намояндагӣ, қонунгузорӣ ва байнипарламентӣ ба роҳ монданд.
Ҳадафи асосии вакилон - аъзои фраксия амалӣ намудани нишондодҳои Паёми Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олӣ, дастурҳои дар маҷлиси васеи Ҳукумат доир ба ҷамъбасти соли 2017 додашуда, нуктаҳои асосии Барномаи пешазинтихоботӣ ва дастуру супоришҳои Роҳбари ҳизб, «Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030» ва диққат додан ба масъалаҳое мебошад, ки аз мулоқоту вохўриҳо бо мардуми кишвар бармеоянд.
Бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби аъзои фраксия 34 лоиҳаи қонунҳои мукаммал ва тағйиру иловаҳо ба қонунҳо пешниҳод гардида, қабул шуданд.
Зиёда аз 20 лоиҳаи дигари пешниҳоднамудаи аъзои фраксия дар ҷараёни баррасӣ қарор дорад.
Донистану иҷро намудани қонунҳои амалкунандаи мамлакат қарзи шаҳрвандии ҳар як сокини кишвар мебошад.
Зеро дар қонунҳо орзую омоли халқи мо ифода ёфта, онҳо асоси ҳаёти муътадили ҷамъияти моро таъмин менамоянд.
Бинобар ин, зарур аст, ки эҳтиром ва риояи қонун ба эътиқоди шахсии ҳар як фард табдил дода шавад.

Дўстони азиз!
Дар доираи амалӣ намудани дастурҳои Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон оид ба мустаҳкам кардани заминаи моддиву техникӣ ва маъмурии ҳизб вақтҳои охир як қатор кумитаҳои иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳру навоҳии мамлакат ба тариқи ҳашар ба сохтмони биноҳои ҳизбӣ иқдом карда истодаанд.
Мо дар мавриди соҳиби биноҳои худӣ ва нақлиёти хизматӣ гардидани кумитаҳои иҷроия ҳанўз дар ҷаласаи васеи Кумитаи Иҷроияи Марказии ҳизб 18 сентябри соли 2014 супоришҳои мушаххас дода будем.
Вале таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки бо гузашти қариб чор сол ин масъала то ҳанўз пурра ҳал нашудааст.
Боиси қаноатмандист, ки дар вилояти Хатлон 7 кумитаи иҷроия дар ноҳияҳои Абдураҳмони Ҷомӣ, Хуросон, Фархор, Носири Хусрав, Сарбанд, Ҷайҳун ва Қубодиён фаъолияти худро дар биноҳои алоҳидаи маъмурӣ пеш мебарад.
Дар шаҳру ноҳияҳои Кўлоб, Норак, Ёвон, Темурмалик, Шаҳритус, Восеъ ва Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ охири соли 2017 сохтмони биноҳои маъмурии кумитаҳои иҷроияи ҳизбӣ шурўъ шуда, бомаром идома дорад.
Инчунин, дар ноҳияҳои Ҷалолиддини Балхӣ, Ховалинг, Шамсиддини Шоҳин, Дўстӣ ва Муъминобод барои сохтмони биноҳои маъмурии ҳизбӣ замин ҷудо гардидааст, вале корҳои сохтмон ҳанўз оғоз наёфтаанд ва зарур аст, ки корҳо дар ин самт ҷоннок карда шаванд.

Дар ин ҷо зикр кардан мехоҳам, ки супориши протоколӣ оид ба бунёди биноҳои маъмурии ҳизб дар шаҳру навоҳии вилояти Суғд ва ноҳияҳои тобеи марказ ҳанўз иҷро нашудааст.
Имрўз аз 18 шаҳру ноҳияи вилояти Суғд танҳо 5 кумитаи иҷроия (дар ноҳияҳои Ашт, Айнӣ, Мастчоҳ, Бўстон ва Исфара) бо бинои алоҳида таъмин мебошад.
То имрўз сохтмони бинои кумитаи иҷроияи вилоятии Суғд роҳи ҳалли худро наёфтааст. ҳ
Вазъият, махсусан, дар шаҳру ноҳияҳои Конибодом, Кўҳистони Мастчоҳ, Гулистон, Зафаробод, Шаҳристон ва Деваштич нигаронкунанда аст.
Роҳбарони вилоят ва шаҳру ноҳияҳои зикршуда бояд ба ин масъала эътибори ҷиддӣ диҳанд.
Вазъияти сохтмони биноҳои маъмурии ҳизбӣ дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ низ қонеъкунанда нест.
Аз 13 шаҳру навоҳӣ то имрўз танҳо дар 3 шаҳру ноҳияҳо – Лахш, Файзобод ва Турсунзода биноҳои маъмурии ҳизб сохта, мавриди истифода қарор дода шудаанд.
Вобаста ба ин, супориш медиҳам, ки масъалаи сохтмон ва ба истифода додани биноҳои ҳизбӣ бо дастгирии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар вилоят ва шаҳру ноҳияҳо то соли 2019 пурра ҳал карда шавад.

Ҳамсафони муҳтарам!
Ман дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ ва маҷлиси васеи Ҳукумати мамлакат доир ба муҳимтарин масъалаҳои ҳаёти ҷомеаи кишвар изҳори назар карда, дар назди сохтору мақомоти давлатӣ вазифаҳои заруриро гузоштам.
Итминон дорам, ки ҳалли дурусту саривақтии онҳо ба беҳтар гардидани шароити зиндагии мардум мусоидат мекунад.
Аз ин хотир, ташкилотҳои ҳизбии моро лозим аст, ки дар ҳамкорӣ бо мақомоти давлатӣ барои шарҳу тавзеҳ ва татбиқ кардани нуктаҳои Паёми Президент ва иҷрои дастуру супоришҳое, ки дар маҷлиси васеи Ҳукумат таъкид шуданд, ба таври самарабахш фаъолият намоянд.
Мо ҷиҳатҳои мусбати таҷрибаи солҳои қаблиро ба роҳбарӣ гирифта, бо дарназардошти натиҷаҳои ислоҳоти иқтисодӣ ва истифодаи дигар захираву имкониятҳо тамоми нерўи худро барои татбиқи “Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030” ва амалӣ гардонидани ҳадафҳои афзалиятноки мамлакат - таъмини истиқлолияти энергетикӣ, баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ ва ҳифзи амнияти озуқаворӣ равона месозем.
Ҳизби мо, раванди инкишофи бонизоми иқтисодиётро ҳамаҷониба дастгирӣ намуда, фаъолияти озоди иқтисодӣ, соҳибкорӣ ва ҳифзи ҳуқуқи ҳамаи шаклҳои моликият, аз ҷумла моликияти хусусиро ҷонибдорӣ менамояд.
Ҳамзамон бо ин, дар Барномаи ҳизб таъмин намудани тавозуни сиёсати макроиқтисодӣ бо сиёсати рушди соҳавии иқтисодиёт ва то ҳадди имкон коҳиш додани сатҳи иқтисодиёти пинҳонӣ, пешгирии таъсири омилҳои манфии иқтисодиёти ҷаҳони муосир аз ҷумлаи талаботи асосӣ дониста шудааст.
Мусоидат ба рушди босуботи иқтисоди миллӣ ва гузариш аз роҳҳои анъанавии истеҳсолот ба усулҳои инноватсионӣ дар сархати барномаҳои мо қарор дорад.
Бояд гуфт, ки дар бахшҳои саноат ва кишоварзӣ таъсис додани корхонаҳои муосири саноатӣ бо роҳи ташкили технопаркҳо ва минтақаҳои озоди иқтисодӣ, коҳиш додани тамоюли манфии гардиши савдои хориҷӣ, суръат бахшидан ба раванди диверсификатсияи содироти кишвар ва монанди инҳо аз ҷумлаи масъалаҳои муҳимме мебошанд, ки ҳизби мо ба ҳалли онҳо бояд эътибори ҷиддӣ диҳад.
Дар шароити имрўза кишварҳое, ки ба илму маориф афзалият медиҳанд, ба пешрафт ноил шудаанд.
Мо аз солҳои аввали истиқлолият ба ин соҳаи муҳим таваҷҷуҳи хос зоҳир карда, мушкилоти зиёдеро дар ин самт бартараф намудем.
Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар кишвар ҳазорҳо мактабҳои нав ва биноҳои иловагӣ сохта, ба истифода дода шуданд.
Лекин дар шароити афзоиши босуръати аҳолӣ ин ҳанўз басанда нест.
Ҳоло ҳам ҳастанд деҳаҳое, ки мактабҳояшон ба талаботи меъёрҳои муосири таълиму тарбия ҷавобгў нестанд.
Суханронии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси Кумитаи иҷроияи марказии ҲХДТ,
Дар доираи супоришҳои зимни баргузории ҷаласаи васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон додашуда бо ҷалби роҳбарияти вазорату кумитаҳо ва идораҳои назди Ҳукумат ба шаҳру ноҳияҳо гурўҳи корӣ сафарбар гардид, ки вазифаи он аз наздик шинос шудан бо ҳолати воқеии муассисаҳои таълимӣ ва ба роҳ мондани корҳои таъмиру барқарорсозӣ буд.
Натиҷаҳои омўзиши гурўҳи мазкур нишон доданд, ки ҳолати муассисаҳои таълимии аксари шаҳру ноҳияҳо, махсусан, мактабҳое, ки замони шўравӣ дар минтақаҳои дур аз марказ бунёд шудаанд, аз назари роҳбарияти шаҳру ноҳияҳо дур монда, ҳанўз дар ҳамон ҳолати ибтидоии худ қарор дорад ва то имрўз ҳатто дару тирезаашон иваз нашудааст.
Аз гузориш ва расмҳои пешниҳодкардаи ин гурўҳ аён гардид, ки дар деҳаҳои дурдаст фарзандони мо дар шароити бисёр номусоид ба таҳсил фаро гирифта шуда, ҳамарўза барои то мактаб расидан масофаи зиёдеро пиёда тай мекунанд.
Баъди омўзиши ҳолати воқеии мактабҳо маълум гардид, ки қариб 1200 муассисаи таълимӣ таъмирталаб ва дар ҳолати садамавӣ қарор дошта, ба истиснои шаҳрҳои Хуҷанд, Гулистон ва Бўстони вилояти Суғд, дигар дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои кишвар мавҷуд мебошанд.

Вобаста ба ин, хотиррасон месозам, ки Барномаи давлатии рушди муассисаҳои соҳаи маорифи вилояти Хатлон барои солҳои 2017-2021 маҳз ба ҳамин хотир қабул шудааст.
Бо супориши Ҳукумати мамлакат ва бо қарори раисони шаҳру ноҳияҳо аз ҳисоби роҳбарияти шаҳру ноҳияҳо, сардорони раёсат ва мудирони шуъбаҳои маориф, сармеъморон ва дигар масъулин комиссияи корӣ таъсис дода, дар назди онҳо вазифа гузошта шуд, ки то охири соли ҷорӣ аз ҳисоби буҷетҳои маҳаллӣ, бо ҷалби бахши хусусӣ, соҳибкорони маҳаллӣ, ассосиатсияҳои падару модарон ва тавассути ҳашар ҳамаи муассисаҳои таълимии зикршударо аз таъмири ҷорӣ бароварда, барои азнавсозии мактабҳои садамавӣ тадбирҳои мушаххас андешанд.
Аз ин хотир, ба аъзои Раёсат ва Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, раисони комиҷроияҳои вилоятӣ, шаҳриву ноҳиявӣ, ташкилотҳои ибтидоӣ ва умуман, ҳамаи аъзо ва ҷонибдорони ҳизб супориш дода мешавад, ки ҳамкориро бо роҳбарони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва комиссияҳои корӣ вусъат бахшида, барои сафарбар кардани соҳибкорону шахсони эҳсонкор ва сокинони шаҳраку деҳот барои таъмиру азнавсозии муассисаҳои таълимӣ чораҷўӣ намоянд.
Зеро фурсати он фаро расидааст, ки ташкилотҳои ҳизбӣ дар маҳалҳо аз корҳои таблиғотиву ташвиқотӣ ба корҳои амалӣ рўй оранд ва бо иқдомҳои созандаи худ барои ноил гардидан ба ҳадафҳои оинномавӣ ва иҷрои барномаи пешазинтихоботӣ саҳмгузор бошанд.
Рушди соҳаи тандурустӣ яке аз масъалаҳои муҳимми иҷтимоӣ маҳсуб меёбад.
Таҳлилҳо собит месозанд, ки вазъи тандурустӣ дар баъзе шаҳраку деҳот ва маркази ноҳияҳо ҳанўз беҳбудӣ мехоҳад.
Мо кўшиш карда истодаем, ки дар баробари бунёди марказҳои саломатӣ барои муолиҷаи беморон таҷҳизоти замонавии тиббиро ҳарчи бештар дастрас намоем.
Аммо тавре ки дар Паёми худ таъкид кардам, аксари кадрҳои тиббӣ бо чунин таҷҳизот кор карда наметавонанд.
Беморон маҷбур мешаванд, ки барои ташхису табобат ба шаҳрҳо ва маркази ноҳияҳо муроҷиат намоянд.
Боиси ифтихор аст, ки кўшишҳои Тоҷикистон дар самти рушди иқтисодӣ, беҳсозии сатҳу сифати зиндагии мардум, интихоби дурусти ҳадафҳои умумимиллӣ ва амалӣ гардонидани стратегияву барномаҳои давлатӣ аз ҷониби созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ баҳои муносибро сазовор гардид.
Дар кишвари мо сатҳи камбизоатӣ қариб се баробар, яъне аз 81 фоизи соли 2003 то 30 фоиз дар соли 2017 коҳиш ёфт.
Бо вуҷуди ин, ҳоло 14 фоизи аҳолӣ дар сатҳи қашшоқӣ қарор дорад.
Мо вазифадорем, ки дар ин самт бештар фаъолият намуда, сатҳи камбизоатиро босуръат коҳиш диҳем ва ҷиҳати бартараф кардани мушкилоти ҷомеа тадбирҳои саривақтӣ андешем.
Яке аз тадбирҳои аввалидараҷа таъсиси ҷойҳои нави корӣ мебошад.
Вобаста ба ин, ман ба тамоми вазорату идораҳои давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва ташкилоту муассисаҳо, инчунин, ҳар як аъзои ҳизб супориш медиҳам, ки дар масъалаи шуғл ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ чораҳои муассиру мушаххас андешанд.
Мо ба ҳамин хотир соли 2018-ро “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон намудем, ки он ба таъмини аҳолӣ бо ҷойҳои нави корӣ мусоидат менамояд.
Ҳизби мо дар ин самт низ бояд ташаббускор бошад.
Мо нерўгоҳи «Роғун»-ро беҳуда «сохтмони аср» унвон накардем.
Бо бунёди ин нерўгоҳи бузург мо на танҳо мушкилоти нарасидани барқро ба аҳолӣ ҳаллу фасл мекунем, балки барои рушди соҳаҳои мухталифи иқтисодиёт, фаъолияти муназзами корхонаҳои саноатӣ, кишоварзӣ, тавсеа ёфтани тиҷорат ва беҳтар шудани вазъи иҷтимоӣ, аз ҷумла рушди соҳаҳои маорифу тандурустӣ заминаи устувор фароҳам меорем.
Ҳизби мо масъулияти бузург - сарпарастии маънавии бунёди нерўгоҳи “Роғун”-ро ба дўш гирифтааст ва барои пешрафти корҳои сохтмон тадбирҳои мушаххасро амалӣ мекунад.

Бунёди ин иншооти муҳимми аср дар ояндаи наздик ҳаёти моро комилан тағйир медиҳад.
Ҳоло аз 16 ҳазор нафар мутахассисону коргарони нерўгоҳи “Роғун” 5,5 ҳазор нафарро ҷавонони то 35-сола ташкил медиҳанд.
Ду ҳазор нафар аъзои ҳизби мо дар 11 ташкилоти ибтидоии ҳизб муттаҳид шуда, дар бунёди “Роғун” саҳм гузошта истодаанд.
Тоҷикистон дар масъалаи об ва ҳифзи захираҳои он дар сафи пеши кишварҳои ҷаҳон қарор дорад.
Мо якчанд маротиба аз минбарҳои бонуфузи ҷаҳонӣ оид ба ин проблема бо ташаббусҳо баромад кардем.
Мутахассисону коршиносони сатҳи байналмилалӣ ба иқдомҳои мо арҷ мегузоранд ва саҳми Тоҷикистонро эътироф мекунанд.
Аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид қабул шудани Даҳсолаи амалиёти “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” далели равшани боло рафтани нуфузу обрўи байналмилалии Тоҷикистон мебошад.
Бояд гуфт, ки аз моҳи марти соли равон даҳсолаи зикршуда оғоз меёбад ва он бояд як самти муҳимми кори таблиғотии ташкилотҳои ҳизбии мо қарор гирад.
Онҳо бояд аз тамоми имкониятҳояшон самаранок истифода бурда, масъалаи мазкурро ба мардум ҳарчи бештар шарҳу эзоҳ диҳанд.

Дар ин самт, аз ҷониби Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии ҳизб бо теъдоди зиёд нашр гардидани варақаҳои мусаввар доир ба об ва ҳифзи захираҳои он иқдоми хуб аст.
Имрўз фазои сиёсии ҷаҳон беш аз ҳар вақти дигар мураккаб буда, мубориза байни кишварҳои абарқудрати ҷаҳон барои устувор намудани мавқеи геополитикӣ ва геостратегӣ идома дорад.
Хусусан, тайи чанд соли охир хислати низоъҳои сиёсӣ комилан тағйир ёфта, дар тамоми ҷаҳон таҳдидҳои иҷтимоиву иқтисодӣ ва техногениву табиӣ авҷи бесобиқа гирифта истодаанд.
Мо борҳо шоҳиди он гардидем, ки баъзе ҳизбу ҳаракатҳо мехостанд бо роҳҳои ғайридемократӣ ба ҳадафҳои худ ноил шаванд.
Баъзе аҳзоби сиёсӣ ҳатто талош намуданд, ки бо кумаки хоҷагони хориҷиашон барои амалӣ сохтани ҳадафҳои ғаразноки худ дину мазҳабашонро тағйир диҳанд.
Ин гуна тарзи кору фаъолият ба ҳеҷ сурат қобили қабул нест ва мо дидем, ки ҷомеа онҳоро ҷонибдорӣ накард.
Солҳои охир таҳдидҳо ба амнияти давлатӣ ва миллӣ танҳо дар доираи низоъҳои ҳарбӣ маҳдуд намешаванд.
Мушкилоти глобалӣ, аз қабили торафт афзоиш ёфтани захираҳои аслиҳаи қатли ом, экстремизм ва терроризми байналмилалӣ, истеҳсол ва қочоқи маводи мухаддир, низоъ ва хушунатҳои ба таври сунъӣ ташкилшуда, зиёдшавии нодорӣ ва бекорӣ дар кишварҳои рў ба рушд, мушкилоти муҳити зист ва нарасидани оби ошомиданӣ ба таҳдидҳои фарогири ҷаҳонӣ табдил ёфта, бар зидди онҳо танҳо дастаҷамъона мубориза бурдан мумкин аст.
Раванди босуръати ҷаҳонишавӣ, ки имрўз ҳама гуна сарҳадҳоро убур намуда, ба сиёсат, иқтисодиёт ва фарҳанги миллӣ таъсир мерасонад, то андозае арзишҳои суннатии халқҳои мухталифи ҷаҳонро тағйир дода, ба ҷои онҳо арзишҳои сунъиро таҳмил менамояд.

Геополитикаи муосир, ки онро баъзе коршиносони масоили сиёсии олами Ғарб ба унвони «геополитикаи бедоршавӣ» муаррифӣ менамоянд, аслан барои кишварҳои рў ба рушд имрўз ба геополитикаи яъсу ноумедӣ табдил ёфтааст.
Тайи чанд соли охир чандин иттиҳоду созмонҳои пуриқтидори сиёсиву иқтисодӣ ва ҳарбӣ аз байн рафта, ба ҷои онҳо ташкилотҳои нав арзи вуҷуд намуданд, ки боиси босуръат тағйир ёфтани вазъи геополитикии ҷаҳон мегарданд.
Ихтилофу талошҳои созмонҳои мазкур ба раванди сиёсии ҷаҳон таъсир расонида, низоми сиёсии онро тағйир медиҳанд.
Мо бояд ҳамеша дар хотир дошта бошем, ки Ватани азизи мо низ ба ҳайси як давлати соҳибистиқлол ва соҳибтамаддун аз ин ҷараёну равандҳои фарогир берун буда наметавонад.

Ҳозирини арҷманд!
Ҳизби мо ба ҷавонон ҳамчун ворисони созандаи имрўзу фардо ҳамеша эътибори ҷиддӣ дода, иқдомҳои шоиста ва ташаббусҳои созандаи онҳоро барои ободиву пешрафти кишвар дастгирӣ менамояд.
Ҳамин аст, ки яке аз самтҳои асосии Барномаи ҳизб масъалаи кор бо ҷавонон мебошад.
Таъсиси стипендияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ки ҳамасола беш аз 200 нафар ҷавонони кишвар барандаи ин стипендия мегарданд, намунаи хуби дастгирии ҷавонон ва олимони ҷавони Тоҷикистон маҳсуб меёбад.
Бо мақсади беҳтар намудани шароити иҷтимоӣ ва зисту зиндагии ҷавонон, паст намудани сатҳи бекорӣ, гирифтани пеши роҳи падидаҳои номатлуб дар байни ҷавонон ва вайроншавии оилаҳои ҷавон, ҷалби ҷавонон ба вазифаҳои масъули давлатӣ ва умуман, ҳалли як силсила масъалаҳои муҳимми ҷомеа то имрўз чандин барномаи давлатии марбут ба соҳаи ҷавонон қабул гардидааст.
Барои давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон масъалаи тарбияи кадрҳои ҷавони боистеъдод бо масъалахои тақдирсозу аввалиндараҷаи давлатӣ дар як радиф қарор дорад ва барои дар ин самти муҳим ба натиҷаҳои дилхоҳ ноил гаштан таҳия ва татбиқи барномаҳои ҳадафманд нақши муҳим мебозад.
Мо бояд ҳамеша дар назар дошта бошем, ки камолёбии насли наврас ҳанўз аз кўдакистон шурўъ шуда, зина ба зина ташаккул меёбад.
Дар ин замина, мо бояд кўшиш кунем, ки кадрҳои ҷавонро на танҳо дар асоси собиқаи корӣ, балки бо дарназардошти донишу истеъдоди онҳо ва аз тариқи баргузории озмунҳои шаффоф ба вазифаҳои масъул таъин намоем.
Ҳадафе, ки мо пайгирӣ менамоем, ҷалби ҷавонони соҳибистеъдод ба хизмати давлатӣ ва зина ба зина тарбия намудани роҳбарони ҷавон аст, ки минбаъд барои рушди давлат ва ҷомеа хизмат хоҳанд кард.
Мо бесабаб соли 2017-ро “Соли ҷавонон” эълон накардем.
Мақсад аз он иборат буд, ки сохторҳои ҳамаи зинаҳои ҳокимияти давлатӣ ба ин қишри ҷомеа таваҷҷуҳи бештар диҳанд, нерўи зеҳниву ташкилотчигии онҳоро дар корҳои судманди илмиву эҷодӣ ва роҳбарӣ сафарбар намоянд.
Дар давоми соли сипаришуда мо дидем, ки ҷавонон чӣ гуна бо рўҳбаландии бузург, эҳсоси баланди ватандўстӣ, эҳтиром ба ғояҳои созандаи давлату давлатдорӣ кору фаъолият намуда, бо ташаббусҳои наҷиб баромад карданд.
Онҳо на танҳо дар кишвар, балки берун аз он ҳам маҳорату истеъдоди худро ба намоиш гузоштанд ва нишон доданд, ки ба кору фаъолияти воқеан созанда қодир ҳастанд.
Онҳо Парчами Тоҷикистонро борҳо дар озмуну мусобиқаҳои байналмилалии фанниву варзишӣ боло бардоштанд.
Тарбия намудани шахсиятҳои соҳибкасбу ҳунарманд ва донишвару ватандўст вазифаи аввалиндараҷаи кумитаҳои кор бо ҷавонон ва варзиш, занон ва оила, мактабу маориф ва созмонҳои ҷамъиятӣ, аз ҷумла Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» мебошад.
Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан” тавонист, ки дар доираи “Соли ҷавонон” ҷойгоҳу нуфузи худро таҳким бахшад ва бо амалӣ намудани маҷмўи чорабиниву иқдомоти наҷиб ба татбиқи ҳадафҳои оинномавии худ мушарраф гардад.
Маҳз бо дарназардошти ҷойгоҳи хоссаи ташкилот дар низоми ҷомеаи шаҳрвандии кишвар соли гузашта Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан” ба узвияти Шўрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пазируфта шуд, ки нақши онро дар ҳалли масоили миёни ҷавонони кишвар боз ҳам тақвият бахшид.
Муайян намудани заминаҳои асосии татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон ва дар ин замина тақвият бахшидан ба нақши ҷавонон дар амри амалӣ намудани ғояҳои созандаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, пешгирии омилҳои хатарноки ба мафкураи ҷавонон таъсиррасон аз масъалаҳои умдаи фаъолияти сохторҳои ҳизбӣ, бахусус, ташкилоти ҷавонони он - “Созандагони Ватан” ба ҳисоб меравад.

Ҳамватанони азиз!
Ҳимояи манфиатҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар ин раванд, таҳким бахшидани пояҳои истиқлолияти давлатӣ ва дастовардҳои он, тарбия намудани шаҳрвандон дар рўҳияи ватандўстиву арҷ гузоштан ба арзишҳои ҷомеаи дунявӣ бояд аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бошад.
Тарбияи ватандўстӣ ва таҳкими ягонагии халқ, пойдорӣ ва инкишофи арзишҳои моддиву маънавии ҷамъият, тағйирнопазирии сохти конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, устувор гардонидани фаъолияти ниҳодҳои давлатдорӣ, таҳким ва самаранокии фаъолияти онҳо, таъмини рушди устувори иқтисодиёт, пурзўр намудани мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, аз ҷумла терроризм, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва амалҳои коррупсионӣ бояд аз самтҳои муҳимми фаъолияти сохторҳои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бошанд.
Сохторҳои ҳизби мо бояд дар марҳалаи нави тараққиёти мамлакат бо мақсади ҳарчи беҳтар кардани муносибатҳои байни шахсият, ҷамъият ва давлат дар амри идомаи ислоҳот дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти иҷтимоӣ, хусусан, дар раванди демократикунонии ҷомеа боз ҳам фаъолтар бошанд.
Зеро барои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон мисли тамоми мардуми шарифи мамлакат сулҳу суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ арзишҳои бузурганд ва тарғибу ташвиқи фарҳанги сулҳпарваронаи тоҷикон яке аз ҳадафҳои аслии мо мебошад.
Мо тўли солҳои қаблӣ ба хотири беҳтар гардидани зиндагии мардум як қатор консепсияҳои нав пешниҳод намудем, стратегияҳои муҳимро татбиқ кардем, ҳаёти дохилиҳизбиро таҷдид намудем, низоми фаъолияти кумитаҳои иҷроияро беҳбуд бахшидем ва нерўи эҷодиро тақвият додем.
Дар марҳалаи имрўза зарур аст, ки раисони кумитаҳои иҷроияи ҳизбӣ ва ҳар як узви ҳизби мо ғояи давлати миллиро дар миёни мардум, махсусан, миёни ҷавонон ва занон ҳамаҷониба талқин намоянд ва арзишҳое чун садоқат, адолат, виҷдон ва номус бояд ҳамрадифу ҳаммаънои фаъолияти ҳамарўзаи аъзои ҳизб ва махсусан, роҳбарони кумитаҳои иҷроияи вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо бошанд.
Вазифаҳои стратегии мо дар солҳои наздик аз таъмини рушди устувори иқтисоди кишвар, истиқлолияти энергетикӣ, амнияти озуқаворӣ, баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум, рушду таҳкими низоми демократӣ ва тақвияти асосҳои давлати ҳуқуқбунёд, дунявӣ, иҷтимоӣ ва бо дарназардошти волоияти манфиатҳои милливу давлатиамон идома додани сиёсати хориҷӣ иборатанд.
Бинобар ин, таваҷҷуҳи шуморо ба муҳимтарин масъалаҳое ҷалб менамоям, ки ташкилотҳои ҳизбии мо бояд ба онҳо эътибори ҷиддӣ диҳанд ва барои амалӣ намудани онҳо саъю талош варзанд.
1. Кумитаи иҷроияи ҳизб ва ташкилотҳои ҳизбиро зарур аст, ки бо мақсади амалӣ намудани Паёми Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олӣ, дастуру супоришҳои дар маҷлиси васеи Ҳукумати мамлакат гузошташуда аз тамоми имкониятҳо истифода карда, ҷиҳати сари вақт ва босифат татбиқ намудани нақшаи чорабиниҳои баимзорасида тадбирҳои саривақтӣ андешанд.
2. Ба масъулини вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, роҳбарони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо, комиҷроияҳои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ташкилотҳои ҳизбӣ ва дигар сохтору мақомот супориш дода мешавад, ки бо мақсади коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ барои таъсис додани ҷойҳои нави корӣ ва фаро гирифтани бекорон ба шуғл тадбирҳои иловагӣ андешанд.
3. Кумитаҳои иҷроияи ҳизбро зарур аст, ки дар ҳамкорӣ бо мақомоти маҳаллӣ ҷиҳати татбиқи “Стратегияи миллии рушд барои то давраи соли 2030” саъю талош намоянд.
4. Ташкилотҳои ҳизбӣ корҳои омодагиро ҷиҳати амалӣ намудани Фармони Президенти мамлакат “Дар бораи сазовор пешвоз гирифтани 30 - солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ҳарчи зудтар шурўъ карда, бо мақсади таҳияи дурусти нақшаи чорабиниҳои ҷашнӣ пешниҳодҳои мушаххас манзур созанд, инчунин, ба хотири баланд бардоштани эҳсоси ватандорӣ ва ифтихор аз истиқлолияту озодӣ корҳои ташвиқотиро дар миёни аҳли ҷомеа тақвият бахшанд.
5. Бо мақсади таҳкими ваҳдати миллӣ ва ризоияти ҷомеа зарур аст, ки андешаи сулҳу ваҳдат ба фарҳанги умумимиллӣ табдил дода, шаҳрвандони Тоҷикистон ба хотири тақвияти минбаъдаи пояҳои давлатдории миллӣ сафарбар карда шаванд.
6. Ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи касбӣ ва маданияту муошират, одобу ахлоқи аъзои ҳизб ва намунаи ибрати дигарон будани онҳо имрўз зарурияти таҳия намудани Одобномаи корманди ҳизбӣ пеш омадааст.
Дастгоҳи Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар муддати кўтоҳтарин ин масъаларо баррасӣ ва ҳал намояд.
7. Комиссияҳои амалкунандаи Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказӣ вазифадор карда мешаванд, ки иҷрои Барномаи пешазинтихоботии ҳизб, қарорҳои Анҷумани дувоздаҳум ва маҷлисҳои Кумитаи Иҷроияи Марказии ҳизбро таҳлилу натиҷагирӣ намоянд ва мониторинги воқеъбинонаи ин санадҳоро гузаронида, оид ба раванди иҷрои онҳо то охири нимсолаи аввали соли равон ба роҳбарияти ҳизб гузориш пешниҳод созанд.
8. Ташкилотҳои ҳизбӣ ба муқобили падидаҳои манфии иҷтимоӣ, мисли коррупсия, терроризму экстремизм ва дигар ҷиноятҳои муташаккили трансмиллӣ мубориза баранд ва дар ин ҷода ҳамкориро бо мақомоти ваколатдори давлатӣ густариш бахшанд.
Фаъолияти ташкилотҳои ҳизбиро ҷиҳати коҳиш додани сатҳи таассуб ва хурофот, махсусан, дар минтақаҳои осебпазир боз ҳам ҷоннок гардонанд.
9. Ташкилотҳои ҳизбӣ бояд ҳамкориро бо мақоми ваколатдори соҳаи илму маориф ба роҳ монда, дар тарбияву камолоти насли навраси ҷавобгўй ба талаботи рўз саҳмгузор бошанд.
Дар баробари ин, раисони вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо, мақомоти ваколатдори соҳаи маорифро зарур аст, ки якҷо бо кумитаҳои иҷроияи ҳизб муассисаҳои таҳсилоти умумиеро, ки дар шаҳру ноҳияҳо таъмирталаб гардидаанд, дар муддати як сол аз таъмири ҷорӣ бароранд ва онҳоро бо таҷҳизоти таълимӣ таъмин намоянд.
10. Солҳои охир таваҷҷуҳи аҳолӣ ба ҳизби мо зиёд гардидааст.
Ташкилотҳои ҳизбиро зарур аст, ки ҳангоми қабули аъзои ҳизб ба шахсияти номзад эътибори аввалиндараҷа диҳанд ва шахсони содиқу ватандўстро ба сафҳои он қабул намоянд.
11. Бо мақсади самаранок ҷамъбаст кардани Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ташкилотҳои ҳизбиро зарур аст, ки дар асоси нақшаи чорабиниҳои тасдиқнамудаи Ҳукумат амал карда, барои рушду инкишофи сайёҳӣ, ҳунарҳои халқӣ ва дар рўҳияи ифтихори миллӣ тарбия намудани шаҳрвандон тадбирҳои мушаххас андешанд.
Дар Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бояд доир ба рушди корҳои хонагӣ, косибӣ, касбу ҳунаромўзӣ ва таъсиси курсҳо дар ин самт тадбирҳои муассир андешида шаванд ва барои сайёҳон меҳмонхонаву хуҷраҳои истиқоматӣ, аз ҷумла дар деҳот бунёд карда шаванд.
12. Ба хотири баланд бардоштани фарҳанги миллӣ, ҳифзи суннату анъанаҳои мардумӣ, раҳоӣ ёфтан аз бегонапарастӣ, боло бурдани ҳисси ватандўстӣ ва омўзиши таъриху фарҳанги гузаштаву муосири халқ фаъолияти бонизоми китобхонаҳо ба роҳ монда, ҷалби наврасону ҷавонон ба китобхонӣ бештар гардонида шавад.
Мо бояд ҳамеша мардумро раҳнамоӣ кунем ва дар ҳалли мубрамтарин масъалаҳо, новобаста аз мураккабиву душвории онҳо, ба шаҳрвандонамон кумак расонем.
Мо инчунин, бояд эҳсос кунем, ки ҷомеа бештар ба ҳалли кадом масъалаҳо таваҷҷуҳ дорад.
Чунин масъулият вазифаи ҷонии ҳар як корманди мақомоти давлатӣ, аз мақомоти маҳаллӣ то сатҳи ҷумҳуриявӣ, ҳар як вакили парламент ва ҳар як корманди ташкилотҳои ҳизбӣ мебошад.
Бо истифода аз ҳузури роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо таъкид менамоям, ки фаъолияти худро ба хотири иҷрои дастуру супоришҳои дар Паёми Президент ба Маҷлиси Олӣ ва ҷаласаи васеи Ҳукумати кишвар баёнгардида, махсусан, вобаста ба номусоидии обу ҳавои соли ҷорӣ ҷиҳати амалӣ намудани кишти такрорӣ, барқарорсозии заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берунмонда, захира кардани маҳсулоти озуқаворӣ, истифодаи самараноки ҳар як қитъаи замин, назорати риояи қатъии қонунгузории танзими анъана ва ҷашну маросимҳо сафарбар созанд ва ба аҳолӣ маданияти сарфаю сариштакориро ҳарчи бештар талқин намоянд.
Ҳамзамон бо ин, дар масъалаи бо маводи озуқаворӣ мунтазам таъмин намудани аҳолии кишвар ва муътадил нигоҳ доштани нархи маҳсулот дар бозорҳо тадбирҳои зарурӣ андешида, кишти зироатҳои муҳимро зери назорати қатъӣ қарор диҳанд.
Роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо доир ба дарёфти манбаъҳои иловагии рушди маҳал, ба кор андохтани коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ ва ба ин васила таъсис додани ҷойҳои нави корӣ чораҷўӣ карда, барои бо шуғл таъмин намудани шаҳрвандон, алалхусус занону ҷавонон, дастгирии ҳаматарафаи соҳибкории инфиродӣ, аз ҷумла ҳунарҳои мардумӣ ҳамаи имкониятҳои мавҷударо истифода баранд.
Зикр намудан бамаврид аст, ки ҳизби мо нерўи созанда ва қудрати бунёдкоронаи худро барои пешрафти ҷомеа, татбиқи ормонҳои демократӣ ва беҳдошти сатҳи зиндагии мардум ҳанўз ҳам пурра истифода накардааст.
Воқеан ҳам, дар равандҳои сиёсӣ мавқеи миллӣ ва мавқеи ҳизбӣ бо ҳам тавъам буда, мавқеи ҳизбии ҳар як ташкилоти сиёсии ватанӣ ҷузъи таркибии он аст.
Бинобар ин, эътимоди қавӣ дорам, ки аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва ташкилотҳои ҳизбӣ минбаъд низ бо иқдомҳои созанда ва нақшаву барномаҳои воқеии худ мардумро ба ободониву пешрафти Ватани маҳбубамон муттаҳиду сафарбар намуда, дар амри иҷрои ин ҳадафҳо ҳамкориро бо тамоми сохтору мақомот ва ниҳоду созмонҳои давлативу ҷамъиятӣ, аз ҷумла вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ҷамоатҳо ва ҷомеаи шаҳрвандӣ густариш мебахшанд ва дар ҳалли мушкилоти ҷомеа саҳми боз ҳам бештар мегузоранд.
Ҷиҳати амалӣ гардонидани вазифаҳои зикршуда ба ҳамаи шумо барору комёбӣ орзу менамоям.
Саломату сарбаланд бошед!
Суханронии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси Кумитаи иҷроияи марказии ҲХДТ,
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: