Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Ҷавонон – меъморони кохи мӯҳташами амну амонӣ!

Ҷавонон – меъморони кохи мӯҳташами амну амонӣ!

12-02-2018, 09:23
Хабарро хонданд: 178 нафар
Назарҳо: 0
Ҷавонон – меъморони кохи мӯҳташами амну амонӣ!
Шӯъбаи кор бо ҷавонон ва Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан»-и Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд фаъолияти солонаи худро дар ҳузури беш аз 100 нафар ҷавонони фаъоли шаҳр натиҷагирӣ кард. Дар кори ҷаласа ҳамчунин Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Наим Маликисломӣ иштирок дошт.
Фирдавс Саидов, мудири шӯъбаи кор бо ҷавонон ва роҳбари ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан»-и кумиҷроияи шаҳрӣ чорабиниро ҳусни ифтитоҳ бахшида, дар бораи фаъолияти яксолаинаи кори шӯъба назди ҳозирин ҳисбот дод. Ӯ дар гузориши худ аз ҷумла зикр дошт, ки теъдоди аъзо аз хисоби чавонон афзуда, айни ҳол он дар шаҳри Хуҷанд ба 8728 нафар расонида шуд. Соли 2017 бо иқдоми кумиҷроия баргузории наздик ба 100 чорабиниҳои мухталифи сиёсӣ, фарҳангӣ, иҷтимоӣ ва варзишӣ дар миқёси шаҳр худ гувоҳи он аст, ки ҷавонон дар ҳама соҳаҳо фаъоланд. Аз ҷумла баргузории чорабиниҳои «Ҳомиёни Ватан», «Сарбоз аз нигоҳи тифлон», «Гулбоғи зиндагӣ», вохӯриҳои дар қисми низомии 3501, муассисаҳои олии кишвар, аёдати шахсони яккаву танҳо, доир намудани чорабиниҳои варзишӣ аз қабили футбол ва шохмот нақш ва мақоми ҷавононро дар ҷамъият боло бурд.
Наим Маликисломӣ зимни музокира иброз аз ҷавонон даъват ба амал овард, ки аз имкониятҳои мавҷуда васеъ истифода бурда, дар тарғиби ҳаёти солим фаъолона ширкат варзанд, зеро имрӯз бо роҳандозии як идда барномаҳои давлатӣ давлат ва ҳукумати кишвар дар рушди соҳаи варзиш қадами қатъӣ гузоштааст. Имрӯз даҳҳо майдончаҳои варзишӣ, толорҳои хубу барҳаво барои машқу тамрин сохта шудааст, аммо шумораи дӯстдорони варзиш кам ҳастанд. Дигар аз масъалаҳои ташвишовар, ки имрӯз бешубҳа ба номи ҷавонон доғ меорад, ин шомил шудан ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ мебошад, ки мутаассифона шумораи онҳо хеле зиёданд. Аксари чунин ҷавонон бинобар ноогоҳ будан аз дину диёнат ва надоштани дониши сиёсӣ имрӯз гумроҳона ба ҳизбу ҳаракатҳо мепайванданд ва ба ҷони ҷавони худ ҷабр менамоянд. Барои мубориза бурдан бо ин қувваҳои иртиҷоӣ бояд ҳар як ҷавон масъул бошад. Зиракии сиёсиро аз даст надиҳад. Ҳамчунин дар мавриди оиладорӣ, эҳтироми волидон, риояи танзими расму оинҳо ҷавонони мо бояд пешгоми ҳама иқдомҳо бошанд ва ҳамчун намуна бар дигарон бо ташаббусҳои хубу созанда баромад намоянд.
Ҷумаев Исматҷон, раиси ташкилоти ибтидоии кумитаи маҳаллаи «Содирхон Ҳофиз» маърӯза намуда, зикр дошт, ки дар шароити ҳассоси ҷаҳонишавии тамаддунҳо ҷавононро мебояд ҳушёрии сиёсиро аз даст надода, бо донишу малакаи худ баҳри ободии диёр кӯшиш варзанд.
Дар охир ба якчанд нафар ҷавонони фаъол Сипосномаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд дар вазъияти тантанавӣ супорида шуд.
Нисбати кори рӯзномаи ҷаласа қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: