Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » Раҷаббой Аҳмадзода: «Вазъи корхонаҳои бозистода омӯхта шуда, бояд онҳо дубора ба кор дароварда шаванд»

Раҷаббой Аҳмадзода: «Вазъи корхонаҳои бозистода омӯхта шуда, бояд онҳо дубора ба кор дароварда шаванд»

8-02-2018, 03:59
Хабарро хонданд: 190 нафар
Назарҳо: 0
Раҷаббой Аҳмадзода: «Вазъи корхонаҳои бозистода омӯхта шуда, бояд онҳо дубора ба кор дароварда шаванд»

ХУҶАНД, /АМИТ «Ховар»/. Вазъи он коргоҳҳои калону миёнае, ки солҳои пешин хусусӣ гардонида шуда, вале дар давоми чанд соли охир тамоман фаъолият накардаанд, бояд аз ҷониби масъулини мақомоти иҷроиявии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо ва сохторҳои марбута пурра омӯхта шуда, масъалаи дубора ба кор андохтани онҳо ҳал карда шавад. Ин нукта зимни нишасти матбуотии иҷрокунандаи вазифаи раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, ки бо иштироки 80 нафар намояндагони воситаҳои ахбори омма баргузор гашт, зикр гардид.

Ба иттилои роҳбари вилоят, соли гузашта аз 590 адад коргоҳҳои саноатии вилоят 72 ададашон фаъолият накарданд, ки шумораи бештари онҳо дар шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Исфара, Б.Ғафуров, Мастчоҳ, Гулистон, Бӯстон, Зафаробод, Ҷ.Расулов воқеанд. Дар ин замина, баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, саноатчиён ва соҳибкорону соҳибмулкони ин коргоҳҳоро зарур аст, ки давоми соли 2018 барои фаъол гардонидани коргоҳҳои аз кор бозмонда кӯшиш ба харҷ диҳанд. Ин имкон медиҳад, ки соҳибкорони вилоят баробари дубора ба кор андохтани ин коргоҳҳо дар самти афзоиши маҳсулоти саноатӣ ва ташкили коргоҳҳои нав муваффақ гарданд.

Раҷаббой Аҳмадзода ҳамчунин зикр намуд, ки новобаста аз фаъолият бозмондани ин шумора коргоҳҳо соли 2017 дар миқёси вилоят ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ нисбат ба соли 2016 131,5 фоизро ташкил дода, он ба 9,9 миллиард сомонӣ баробар гардид. Саҳми тавозуни вилоят дар маҷмӯи маҳсулоти минтақавии ҷумҳурӣ 50 дарсадро ташкил медиҳад.

Ҳамзамон соли 2017 дар қаламрави вилоят 84 корхонаи нав бунёд гардида, 1479 ҷойи нави корӣ фароҳам оварда шудааст. Дар ин замина, дар самти содироти маҳсулот низ натиҷаҳо назаррасанд. Аз ҷумла, истеҳсол ва содироти семент ва маъдан бештар буда, ҳаҷми фурӯши семент дар бозорҳои беруна ба 248,2 ҳазор тонна расонида шудааст, ки нисбат ба соли 2016 6,2 млн. доллар зиёд мебошад. Инчунин воридоти орд ва содироти пахта низ ҳамчун ашёи хоми саноатӣ коҳиш ёфтааст, ки ин нишондод аз вусъати раванди коркарди пурраи ин ашёи хом дар ҳудуди вилоят дарак медиҳад.

Дар анҷоми нишасти матбуотӣ Раҷаббой Аҳмадзода дар вазъияти тантанавӣ ба 38 нафар ғолибони озмуни вилоятии «Хомаи созанда-2017» ва ҳамчунин се нафар собиқадори соҳаи матбуот Файзулло Атохӯҷаев, Муҳаррам Юсуфова ва Мирзоҳамдам Шариф диплом ва мукофотпулӣ супорид
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: