Раисони шаҳру навоҳии Суғд ба Душанбе меоянд: барои кумак ба донишҷӯён9-01-2018, 11:22
Хабарро хонданд: 165 нафар
Назарҳо: 0
Аз 4 апрел то 12 майи соли 2018 раисони шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд бо ҷавононе, ки дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии шаҳри Душанбе таҳсил мекунанд, вохӯриҳо баргузор менамоянд Тибқи ҷадвал, раисони шаҳру ноҳияҳои вилоят бо донишҷӯён ва хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилотии олӣ ва миёнаи касбии шаҳри Душанбе вохӯрӣ намуда, ба донишҷӯёни аълохон ва камбизоат кумакҳои моддӣ мерасонанд. Дар назар аст, ки пас аз вохӯриҳо барои донишҷӯён бо ҷалби ҳофизони маҳаллӣ ва шоирону нависандагон барномаҳои фарҳангӣ пешниҳод карда шавад. Моҳи декабри соли 2017 раисони шаҳру ноҳияҳои вилоят бо ҷавононе, ки дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии маркази вилоят таҳсил мекунанд, вохӯриҳо доир намуда буданд. Ёдоварӣ мекунем, ки дар толори шаҳрдории Хуҷанд барои омӯзиш дар курси семоҳаи "Мактаби сарварони ҷавон" озмун баргузор шудааст. Аз байни донишҷӯёни болаёқат, ки шавқи зиёд ба сиёсат доранд, 20 нафар беҳтаринҳо тариқи саволу ҷавоб интихоб карда шуданд. Аз ин ва баъд ҳар ҳафта, рӯзҳои панҷшанбе ба омӯзандагони курси мазкур донишмандон, сиёсатмадорон ва собиқадорони арсаи сиёсат дар мавзуъҳои мухталиф, аз ҷумла сифатҳои зан-роҳбар, омода шудан ба мақоми роҳбарӣ, таҳаммулпазирӣ, қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи мақоми зан, рисолати хизматчии давлатӣ, усули корбарӣ дар мақомот ва ғайраҳо дарс мегӯянд. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.