ИЛМ ВА АМНИЯТИ МИЛЛӢ8-01-2018, 08:30
Хабарро хонданд: 534 нафар
Назарҳо: 0
Дар толори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дар доираи нақшаи чорабинӣ бо дастгирӣ ва мусоидати Мақомоти иҷроияиҳо кимияти давлатии вилоят ва Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Конфронси илмӣ-назариявии ҷумҳуриявӣ таҳти унвони “Илм ва амнияти миллӣ” баргузор карда шуд. Конфронси мазкур бо мақсади омўзишу таҳлил ва нишон додани хатарҳои муосир ба низоми сиёсии давлат, ҳаёти осоиштаи халқ ва пешрафту шукуфоии ҷомеа, нақши илм ва маърифати сиёсии ҷомеа дар таъмин ва таҳкими амнияти миллӣ баргузор гардид, ки дар он намояндагон аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, Кумитаҳои иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилоят ва шаҳри Хуҷанд, Шўрои Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, Раёсати кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ дар вилояти Суғд, Кумитаи иттифоқҳои касабаи вилоят, устодону донишҷӯён иштирок намуданд. Ректори донишгоҳ профессор, Ҷамшед Ҷӯразода конфронсро ифтитоҳ намуда, ҳозиринро барои иштирокашон ба конфронси ҷумҳуриявӣ хайра мақдам гуфт. Мавсуф қайд намуд, ки баргузории ин чорабинии илмии сиёсӣ дар замоне баргузор шуда истодааст, ки ҷаҳонро мавҷи нооромиҳо, бесару сомониҳо ва буҳрони сиёсиву молиявӣ фаро гирифта ба истиқлолият, як порчагии давлатҳо ва ҳаёти осоиштаи аҳолӣ таҳдид ба миён овардааст. Ҷумҳурии Тоҷикистон имрўз дар арсаи байналхалқӣ мавқеи хосаи худро дошта, ба қатори давлатҳои рў ба инкишоф ворид гардидааст. Ҳамаи ин дастовардҳо ва пешрафти давлат аз сиёсати маънави бунёду хирадмандона ва дурнигаронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарчашма мегиранд. Бинобар ин мо ворисон ҳамчун қарзи фарзандӣ ва шаҳрвандӣ бояд ба қадри ин ҳама созандаги ҳорасида, нагузорем, ки ҳар гуна зуҳуроти номатлуб ба ин низом халал ворид созад. Сипас, Сардори раёсати кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, генерал-майёр Салимов Абдусамад Мӯъминоич дар мавзӯи “Таъмини амнияти миллӣ-вазифаи муқаддас ва пуршараф” маърӯза намуда, таъкид дошт, ки омӯзиш ва таҳлили маводҳои Раёсати КДАМ ҶТ дар вилояти Суғд дар самти мубориза бар зидди тероризм ва экстремизими динӣ аз он шаҳодат медиҳанд, ки айни замон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз он ҷумла вилояти Суғд, яке аз масъалаҳои муҳиму мубрам ва мушкилоти асосӣ, ки ба амнияти миллӣ хатари ҷиддӣ эҷод мекунад, ин идома ёфтани фаъолияти тахрибкоронаи ҳизбу ҳаракатҳои динӣ-экстремистӣ ва терористӣ ба шумор рафта, раванди мазкур ба оромии вазъи ҷамъиятӣ-сиёсӣ пойдории сохти конститутсионӣ ва якпорчагии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсири манфӣ расонида истодааст. Дар чунин шароит ба роҳмондани тарғибу ташвиқи ҳарчӣ бештари сохти кониститутсионӣ, ки асоси онро давлатдории миллӣ ташкил медиҳад, ба ин фаъолият ҷалб намудани ҳамаи сохторҳои давлатӣ, институт ва дигар неруҳои солими ҷамъиятӣ аз вазифаҳои муҳим маҳсуб меёбанд. Сипас, Директори маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои филолгӣ, дотсент Баротзода Файзулло дар мавазӯи “Баъзе тағйиротҳои сиёсӣ дар Ховари Миёна ва таъсири он Ҷумҳурии Тоҷикистон” маърўза намуда, иброз намуд, ки дар охири соли 2017 як қатор тағйиротҳои назаррас дар фазои сиёсӣ-итттилоотии кишварҳои Ховари Миёна таҳаққут пазируфтанд, ки нигоҳи коршинос онро дар бораи ояндаи дурнамои минтақа то андозае дигаргун сохтанд. Ҳамчунин дар конфронс устодони ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров доктори илмҳои фалсафа, профессор Оқилова Матлуба Маҳмудҷоновна дар мавзӯи “Аҳамият ва амнияти миллӣ, консепсия, моҳият ва хусусиятҳо”, дотсенти кафедраи адабиёти классикии факултети филологияи тоҷики ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Саидов Саидумурон дар мавзӯи “Донишҳои илмӣ ва маърифати дурусти вазъисиёсии ҷомеа” маърӯза намуданд. Дар интиҳо ректори донишгоҳ, профессор Ҷамшед Ҷӯразода бахши пленарии конфронсро ҷамъ баст намуда, афзуд, ки доир ба пешгирии падидаҳои номатлуб дар соли 2017 аз ҷониби устодону донишҷӯёни ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров беш аз 400 мақолаҳои илмиву оммавӣ навишта, 1600 чорабиниҳои тарбиявӣ, мулоқотҳо, вохуриҳо, маҳфилҳо, мизҳои мудаввар, лексияҳо ва озмунҳои гуногун доир карда шуданд. Дар оғози соли таҳсили 2017-2018 дар назди кафедраҳои ҷомеашиносии ДДХ ба номи академик Бобоон Ғафуров маҳфилҳои илмӣ таҳти унвони “Сиёсат ва ҷомеа”, “Ойинаи таърих”, “Хазинаи ҳикмат” бо ҷалби профессорон, олимони ҷавон ва магистрантону докторантони донишгоҳ таъсис дода шудааст. Дар назди Шӯъбаи кор бо ҷавонони донишгоҳ, аз ҷумлаи донишҷӯёни фаъол маҳфили “Андеша” ба фаъолият шурӯъ намуд. Ҳамчунин бо кӯшишу талошҳои ҳамаи устодони донишгоҳ ва дигар олимону омӯзгорон аз донишгоҳҳои кишвар бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, маҷмӯи мақолаҳои конфронсияи мазкур таҳти унвони “Илм ва амнияти миллӣ” ба чоп расид, ки дар он зиёда аз 100 маҷолаҳо ҷамъоварӣ шудааст. Инчунин, дар заминаи ин китоб маҷмӯаи дигар бо номи “Ҳақиқати илмӣ ва амнияти миллӣ” аз чоп бароварда шудааст. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.