Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » 70 дарсади аҳолии Тоҷикистонро шаҳрвандони то 30-сола ташкил медиҳанд

70 дарсади аҳолии Тоҷикистонро шаҳрвандони то 30-сола ташкил медиҳанд

28-12-2017, 08:45
Хабарро хонданд: 162 нафар
Назарҳо: 0
70 дарсади аҳолии Тоҷикистонро шаҳрвандони то 30-сола ташкил медиҳанд
/АМИТ «Ховар»/. 70 дарсади аҳолии Тоҷикистонро шаҳрвандони то 30-сола ташкил медиҳанд. Дар ин бора дар иттилоияи интишорнамудаи намояндагии UNFPA дар Душанбе гуфта мешавад.

Аз ҷумла, Хазинаи Созмони Милали Муттаҳид (СММ) оид ба нуфуси аҳолӣ (UNFPA) бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии аҳолӣ ва бо мақсади ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеа, пешсафон ва шахсоне, ки бо мушкилоти ҷавонон ва ҷалби онҳо ба раванди қабули қарорҳо машғуланд, маъракаи ҷаҳонии «Селфии норанҷӣ»-ро («Оранжевый селфи») оғоз намуд.

Бояд зикр кард, ки дар Тоҷикистон ба ин маърака аъзои шабакаи миллии омӯзиши ҷавонони ҳамсол (Y-PEER), намояндагони Федератсияи миллии таэквондо ва кикбоксинг (ФМТК), пешсафони ҷавон ва шахсони маъруф ҳамроҳ шуданд.

Имрӯз дар ҷаҳон беш аз 1,8 миллиард нафар аҳолии аз 10 то 24-сола зиндагӣ мекунанд, ки чоряки аҳолии ҷаҳонро ташкил медиҳанд. Ин гурӯҳ аз наврасон (10-19 сола) ва ҷавонон (15-24 сола) иборат аст.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: