Мулоқот бо омӯзгорон4-11-2015, 15:28
Хабарро хонданд: 381 нафар
Назарҳо: 0
Бо роҳбарии ҷонишини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Конибодом Ҷӯраева Раъно санаи 3-уми ноябр ва мудири шӯъбаи ҷавонони ҳизб Ҳоҷиев Фирӯз бо мақсади супоридани шаҳодатномаи ҳизбӣ ва тарғибу ташвиқи ғояҳои ҳизбӣ бо омӯзгорони МТМУ №3 вохӯрӣ баргузор гардид.
Раъно Ҷӯраева дар сӯҳбат бо омӯзгорон барномаи созандаи ҳизб, ки барои ваҳдат, рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии мардум нигаронида шудааст, суханронӣ намуд ва таъкид кард, ки ҲХДТ барои беҳбудии халқ хизмат мекунад. Сипас ба 8 нафар омӯзгорон шаҳодатномаи ҳизбӣ супорида шуд. Инчунин боз 3 нафар омӯзгорон барои узви ҲХДТ шудан муроҷиат намуданд. ©Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар в. Суғд |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.