Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » Содирот нишони иқтидори давлат аст

Содирот нишони иқтидори давлат аст

29-11-2017, 11:28
Хабарро хонданд: 275 нафар
Назарҳо: 0
Содирот нишони иқтидори давлат аст
-Мусоҳиба-
Мувофиқи натиҷаи яке аз тадқиқоти охирини Ташкилоти озуқаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба масоили таъсири омилҳои макроиқтисодӣ ба тиҷорати маҳсулоти хӯроквории кишоварзӣ ва содироту воридоти онҳо дар мамлакатҳои пасошӯравӣ, Тоҷикистон дар минтақаи Осиёи Марказӣ ягона мамлакатест, ки содироташ сол ба сол рӯ ба афзоиш буда, агар соли 2014 192 миллион доллари ИМА-ро ташкил диҳад, дар соли 2015 ин нишондиҳанда ба 204 миллион доллар баробар шуда, дар солҳои минбаъда боз ҳам афзоиш хоҳад ёфт.
Мусоҳибаи хабарнигорамон бо Амин Одинаев, муовини сардори раёсати Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамин мавзуи муҳими содироти маҳсулоти кишоварзӣ ва мушкилоти онро дар бар мегирад.
- Мухтарам Одинаев, сараввал мехостем аз ҳолати имрӯзаи содироти маҳсулоти кишоварзии кишвар ва дурнамои он сухан ба миён оварем.
- Афзоиш додани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар доираи барномае, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба маҳсулоти воридотивазкунанда таҳия гардидаасту ҳоло мавриди татбиқ қарор дорад, то андозае метавонад дар нигоҳ доштани потенсиали содиротии кишвар дар масъалаи содироти молу маҳсулот ва ҳам дар таъмини талаботи бозори дохилӣ таъсири хуб дошта бошад. Ҳар як мамлакатро дар ҷаҳон бо маҳсулоташ мешиносанд. Нуфузи ҳар давлат бо маҳсулоти босифати содиротиаш дар миқёси ҷаҳон баланд мегардад. Таваҷҷуҳи Ҳукумати ҷумҳурӣ ба васеъ намудани содироти ҳама намуди маҳсулоти кишоварзӣ, бахусус хушкмева тавассути васеъ намудани майдони боғот калон аст. Имрӯз содироти маҳсулоти кишоварзӣ тамоил ба афзоиш дорад, вале мушкилоте ҳастанд, ки агар ҳаллу фасл гарданд, ҳавасмандӣ ба истеҳсол ва содироти он боз ҳам зиёдтар хоҳад гашт. Дар ин раванд, ман фикр мекунам, ки расмиёти содирот агар боз ҳам содатар гардонида шавад, ба манфиати кор хоҳад буд.
-Шумо ҳамчун таҳлилгари масоили иқтисодӣ гуфта метавонед, ки чаро имсол нархи баъзе аз навъҳои маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла картошкаю пиёз дар моҳҳои охири тобистон боло рафт ва ҳоло ҳам нисбат ба соли гузашта хеле баланд ба назар мерасад?
-Омилҳои болоравии қиммати маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла картошкаю пиёз дар бозори дохилии мо аз як тараф то андозае ба беқурбшавии асъори миллӣ дар қиёс бо доллари ИМА рабт гирад, аз тарафи дигар ноамниҳо дар кишвари ҳамсояи Афғонистон буд, ки роҳро барои тоҷирони мо барои ворид кардани ин навъи маҳсулот ба сӯйи Покистон баста кард ва онҳо як муддат аз он ҷо картошка ворид карда натавонистанд. Ва ин воқеа бори дигар собит намуд, ки омори мо оид ба истеҳсоли ин ё он навъи маҳсулоти кишоварзӣ чандон шаффоф нест. Агар арқом оид ба ҳаҷми истеҳсоли ин маҳсулот дар дохили ҷумҳуриамон воқеӣ мебуд, пас ворид нашудани картошка аз Покистон ба нархи бозори дохилии мо чандон таъсир намерасонд.
- Баъзеҳо болоравии нархи картошкаю пиёз дар бозори дохилии ҷумҳуриро ба афзоиши содироти ин навъи маҳсулот ба дигар мамлакатҳо рабт медиҳанд. Маълум, ки дар ҳар шароите набошад, бояд дар навбати аввал таъмини аҳолии дохили ҷумҳурӣ бо маҳсулоти кишоварзӣ дар мадди аввали назар истад ва баъд содирот. Оё содироти зиёди ин ё он навъи маҳсулот метавонад боиси кам шудани он дар бозори истеъмолӣ ва болоравии нарх гардад?
- Дар воқеъ содироти зиёди яке аз навъҳои маҳсулоти кишоварзӣ ба нархи бозор таъсир мерасонад. Дар ҳақиқат, нархи картошкаю пиёз дар бозори дохилии мо нисбат ба соли гузашта хеле баланд аст, бино бар ҳамин баъзеҳо сабаби асосии боло рафтани ин навъи маҳсулотро пеш аз ҳама дар афзоиши содироти он ба Қазоқистон ва Федератсияи Россия медонанд, ки гӯё бе назардошти таъминоти аввалиндараҷаи бозори дохилӣ сурат гирифтааст.
Бояд гуфт, ки мо дар равияи иқтисоди бозорӣ қарор дорем ва принсипҳои асосии ин бозор озодии нарх аст. Ғайр аз ин, кишвари мо узви комилҳуқуқи Созмони Умумиҷаҳонии Савдост, аз ин рӯ, мо бояд барои нигоҳ доштани потенсиали содиротии худ ҳамасола содиротамонро афзоиш диҳем. Вале набояд ин ба худнамоӣ табдил ёбад. Қабл аз содироти ин ва ё он навъи маҳсулот, бояд талаботи бозори дохилӣ ба онҳо ба назар гирифта шавад. Фаразан, талаботи бозори дохилӣ ба картошка 500 тонна муайян карда шуда бошаду 1000 тонна истеҳсол шавад, марҳамат, ҳосили боқимондаро берун аз ҷумҳурӣ ба фурӯш бароранд. Ҳоло бошад, проблема дар ҳамин аст, ки омори мо доир ба истеҳсоли ин ва ё он навъи маҳсулот дар дохили ҷумҳурӣ чандон саҳеҳ нест ва ҳам намедонем, ки истеҳсоли чӣ қадар картошкаю пиёз барои аҳолии мо басанда асту чӣ қадар мо зиёд истеҳсол кардаем ва аз худ зиёдатиро содирот кунем. Инро воқеаи як муддат аз Покистон ворид нашудани маҳсулот собит намуд. Агар арқом оид ба ҳаҷми истеҳсоли ин маҳсулот дар дохили ҷумҳуриамон воқеӣ мебуд, пас ворид нашудани картошка аз Покистон ба нархи бозори дохилии мо чандон таъсир намерасонд.
Бубинед, мувофиқи омор мо имсол ягон килограм картошка содирот накардаем, вале нархи он имрӯз дар бозор хеле баланд аст. Аз ин бармеояд, ки ба таври нелегалӣ кам-кам картошка ҳам аз ҷумҳурии мо берун меравад. Ғайр аз ин, ҳаҷми истеҳсоли ин ва ё он навъи маҳсулот аз ҳаҷми ба бозори дохилӣ ворид шудани он ва ҳам ҳаҷми истеъмол дар дохили ҷумҳурӣ фарқ мекунанд. Дар ноҳияҳои асосии картошкапарвари мо бе тартиб додани санади расмие маҳсулотро бо сӯзишварӣ- бензину солярка ва маводи ғизоӣ бо тоҷирони ҷумҳурии ҳамсояи Қирғизистон бартер мекунанд. Яъне, картошка дода, сӯзишворӣ ва маводи ғизоӣ мегиранд. Маҳсулоти бартершуда шояд дар ҳаҷми истеҳсол нишон дода мешавад, вале дар истеъмоли аҳолии ҷумҳурӣ нест.
- Вақте ки Қирғизистон соли гузашта пас аз воридшавӣ ба Иттиҳоди гумрукӣ бо дархости Россия содироти маҳсулоти кишоварзиашро ба ин кишвар афзоиш дод, нарх дар бозори дохилии ин ҷумҳурӣ якбора боло рафт. Оё дар мо ҳам имкон дорад, ки дар сурати ба инобат нагирифтани талаботи бозори дохилӣ ва афзоиш додани содироти маҳсулоти кишоварзӣ чунин ҳолат рух диҳад?
- Албатта, афзоиши содироти ин ё он намуди маҳсулот бе дарназардошти талаботи бозори дохилӣ ва ҳаҷми истеҳсолот, хоҳ-нохоҳ дар камшавии маҳсулот дар бозори дохилӣ таъсири манфӣ расонда, боиси болоравии нарх мегардад. Вале боз такрор шавад ҳам, бояд гуфт, ки мо узви СУС ҳастем ва бояд потенсиали содиротии худро дар доираи ин созмон нигоҳ дорем. Бино бар ин, имрӯз дар ҷумҳурӣ доир ба афзоиш додани ҳаҷми маҳсулоти кишоварзӣ тадбирҳои мушаххас андешида, роҳандозӣ шуда истодаанд, ки ин тадбирҳо ба баланд бардоштани потенсиали содиротии ҷумҳурӣ ва ҳам таъмини бозори дохилӣ нигаронда шудаанд.
Дар масъалаи болоравии нарх дар бозори дохилии Қирғизистон бино бар афзоиш ёфтани содирот ба Россия ҳамин ҳолат рух додааст. Яъне, талаботи бозори дохилии ҷумҳуриро ба инобат нагирифтаанд. Барои Қирғизистон аъзо будан ба Иттиҳоди гумрукӣ ва дар ин доира нигоҳ надоштани потенсиали содиротӣ зебанда нест. Қирғизистон ҳоло кӯшиш дорад содироти молу маҳсулоташро ҳарчи зиёд кунад, то тавонад дар ин иттиҳод мақоме дошта бошад.
- Далелҳое ҳастанд, ки баъзе тоҷирони мо гоҳҳо барои аз пардохти боҷи гумрукӣ ва андоз гурехтан маҳсулоти худро ба Россия ҳамчун моли Қирғизистон ворид мекунанд. Шумо инро чӣ тавр тавзеҳ медиҳед?
- Албатта, рух додани чунин ҳолат истисно нест. Дар ҳақиқат, далелҳое мавҷуданд, ки аз ҷониби Тоҷикистон тавассути кишвари ҳамсоя маҳсулоти кишоварзӣ ҳамчун моли Қирғизистон ба Федератсияи Россия ворид карда шуда, дар он ҷо тамғаи маҳсулоти Қирғизистонро ба даст меорад. Албатта, ин метавонад ба потенсиали содиротии мо таъсири манфӣ расонад. Ин масъалаи ҳассос аст ва бояд пеши роҳи он гирифта шавад. Ва ҳам бояд дид, ки чӣ монеаву мушкилот соҳибкорони моро барои рафтан ба ин роҳ маҷбур сохтааст. Агар монеъаву мушкилоте ҳаст, бояд аз сари роҳ бардошта шаванд, то ин ки маҳсулоти худро мо дар бозорҳои Федератсияи Россия ҳамчун бренди Тоҷикистон муаррифӣ карда тавонем ва, аз тарафи дигар, пардохтҳои гумрукию андозии маҳсулоти содиротшуда ба манфиати таъмини нақшаҳои гумрукию андозии Тоҷикистон сафарбар гарданд.
- Гуфта метавонед, ки дар ҷумҳуриамон то кадом андоза барои содироти молу маҳсулоти кишоварзӣ шароити мусоид фароҳам оварда шудааст?
- Дар маҷмуъ, имрӯз давлат ва Ҳукумати кишвар барои боз ҳам беҳтар намудани фазои содиротии молу маҳсулот қариб ки тамоми шароити мусоидро фароҳам овардааст: санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба тасвиб расида, амал мекунанд, дар интиқоли маҳсулот тавассути роҳи оҳан имтиёзҳо дода шудаанд. Масъала ин аст, ки соҳибкорону тоҷирони мо аз ин шароитҳо хуб истифода бурда, дар баланд бардоштани потенсиали содиротии мамлакат саҳмгузор бошанд. Албатта, ҳеҷ коре бе мушкилот нест. Проблемаҳои ҳалношуда ҳастанд. Вале мебинем, ки дар масъалаҳои ташкил ва пешбурди фаъолияти соҳибкорию тиҷорат, бахусус содироти маҳсулоти кишоварзӣ Ҳукумати ҷумҳурӣ пайваста тадбирҳои муассир меандешад. Ва фикр мекунам, шароитҳое, ки имрӯз барои содироти молу маҳсулот мавҷданд, ба талабот ҷавобгӯянд ва дар оянда боз ҳам беҳтар хоҳанд гашт.

Н Худойбахшов
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: