Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Ифтитоҳи кӯдакистони нав бо 160 ҷой дар ноҳияи Синои пойтахт

Ифтитоҳи кӯдакистони нав бо 160 ҷой дар ноҳияи Синои пойтахт

19-12-2017, 16:17
Хабарро хонданд: 215 нафар
Назарҳо: 0
Ифтитоҳи кӯдакистони нав бо 160 ҷой дар ноҳияи Синои пойтахт

ДУШАНБЕ, 19.12.2017 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ноҳияи Синои пойтахт Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ Кӯдакистони рақами 68-ро барои 160 кӯдак ифтитоҳ намуданд.

Бинои нави кӯдакистон 2-ошёна буда, аз маҷмӯи иншооти асосӣ ва ёридиҳанда иборат аст. Дар он 6 ҳуҷраи бозии кӯдакон, 6 ҳуҷраи хоб, 1 утоқи ёрирасон, толори мусиқӣ, ошхона ва дигар иншооти асосиву ёрирасон ҷойгир шудааст.

Фармоишгари асосии сохтмон Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе буда, арзиши умумии иншоот наздики 8 миллион сомониро ташкил медиҳад. Лоиҳа аз ҷониби мутахассисони Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Саимо» тарҳрезӣ шуда, корҳои сохтмониро бинокорони Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Кадучӣ» анҷом додаанд.

Корҳои сохтмонӣ дар иншооти мазкур 25 декабри соли 2016 оғоз ёфта буд.

Барои таъмини пурраи кӯдакистон бо барқ дар тамоми фаслҳои сол 2 адад трансформатори 400 киловата насб шудааст.

Соли ҷорӣ дар асоси дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар пойтахт як қатор мактабу кӯдакистонҳои нав бунёд ва қисми зиёди муассисаҳои таълимиву тарбиявиро азнавсозӣ карданд.

Кӯдакистони рақами 68 низ яке аз чунин марказҳои калони таълимию тарбиявии кӯдакони пойтахт мебошад, ки бо шарофати сиёсати созандаи Ҳукумати кишвар баҳри фарзандони меҳнаткашон бунёду мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: