Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» АЗ ПУЛ ГУЗАРЕД, ТО БА ДАРЁ НАРАВЕД

АЗ ПУЛ ГУЗАРЕД, ТО БА ДАРЁ НАРАВЕД

12-11-2017, 09:45
Хабарро хонданд: 207 нафар
Назарҳо: 0
АЗ ПУЛ ГУЗАРЕД, ТО БА ДАРЁ НАРАВЕД
Пул яке аз муқаддасоти ҳар як давлат ба шумор меравад.
Аз даврони пайдоиши тамаддун, одамон барои муомилоти байни ҳамдигар, ба пул эҳтиёҷ доштанд. Ҳар як ҳокиму фармонравое, ки сари қудрат меомад, бо аксу муҳри худаш сикаҳои нуқрагину тиллогин месохт, то ки дар рӯзгор мардумон байни ҳамдигар муомилоту доду гирифт намоянд. Дар рӯзгори мо пул ба маънои маҷозӣ қабул гардидааст. Дар асл мафҳуми аслии «пул» ба лафзи мо маънои «купрук» гуфтанро дорад. Мардумони мо ҳама гуна асъор: сомонӣ, доллар, эвро, фунт-стерлингро пул меноманд. Яъне, агар ин коѓазҳои қурбнок ва ё асъор дар ҷайби кас бошад, кас ба ҳама ҷо мегузарад, вагарна кас дар ҳамаи муомилот дар «соҳил» мемонад.
Чуноне ки шоир гуфтааст:
Аз пул гузаред, то ба дарё наравед,
Аз худ наравед, то зи дунё наравед.
Одамиро аз рӯзи чашм ба олами ҳастӣ во карданаш ба пул эҳтиёҷ меафтад. Барои ҳамин, ҳамаи давлату ҳукуматҳо, балки барои валодати кӯдак маблаѓи муайяне ҷудо мекунанд, то ки эҳтиёҷоти лозимиро қонеъ намоянд. Дар ҳамаи давлатҳои рӯи олам ҳукуматдорон барои кормандони ҳар як соҳаи ҷамъиятӣ миқдори муайяни моҳона муқаррар менамояд, то ки мардумони он мулку мамлакат аз давлату ҳукумат сипосгузорӣ намуда, хушу хурсандона зиндагии орому осоишта ба сар баранд. Ҳар як нобасомониҳову фасодкориҳое,ки дар миёни мардумони кишварҳои мухталиф сар мезанад, сабабгори асосии он норасоии пул мебошад.
Дар давлатҳои Швейтсария, Олмон, Белгия барои одамони кор намекарда ҳам маош муқаррар намудаанд, ки то пайдо намудани ҷойи кор эҳтиёҷоташонро қонеъ гардонанду даст ба фасодкорӣ назада аз давлату ҳукумат сипосгузор бошанд.
Таърих гувоҳ аст, ки баъди ҳар як таҳаввулоти давлатӣ ҳукуматҳои давлатҳои мутараққӣ барои муътадил сохтани муомилот дар байни мардумону корхонаҳову ташкилотҳо «облигатсия» ва ё «зайём»-и бурднок мебароварданд, то ки дар муомилот ҷои пулро иваз намояд. Аз рӯи омор дар ҳар як давлат миқдори муайяни пул мавҷуд аст, вале бо сабабҳои мухталиф он пулҳо дар дар муомилоту гардиш нестанд. Кам нестанд тоҷироне, ки ба бонкҳо эътимод накарда, пулҳояшонро дар хазинаҳои шахсиашон нигоҳ медоранд. Ба ҷои он пулҳо «зайём ва ё облигатсия»-и бурднок медоштанд, он пулҳо барои пешравии ҷомеа суди зиёд меоварданд.
Ба ҳар як кори муҳими ҷаъиятӣ ҳавасмандгардонии одамон вазифаи муҳим аст. Масъулони молияи давлатии мо месазад, ки аз таҷрибаи бонкдории собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ва ё гардиши пули давлатҳои мутараққии имрӯза ибрат гирифта, барномае бисозанд ва дар миқёси ҷумҳуриамон «зайём» ва ё облигатсияи бурднокро ҷорӣ намоянд.
Ҳар як шаҳрванди кишварамонро мебояд бо «пул» ҳамчун бо яке аз муқаддасоти миллатамон, амсоли Нишони миллӣ ва Парчами давлатамон муносибат намояд. Дар муомилоти ҳаррӯзаи мардумамон аслан пулҳои як сомонию се сомонию панҷ сомонӣ зиёд гардиш мекунанд, ки аз гардиши зиёд фарсуда шудаанд. Оё хуб нест, ки ба ҷойи ин пулҳои майдаи коѓазӣ бо акси қаҳрамонони миллатамон пулҳои фулузин бароранд? Масалан, дар Федератсияи Россия аз як то даҳ рубл, ҳама фулузинанд, ки дар муомилот бисёр қулаю мусоиданд. Дирамҳое, ки дар муомилоти ҳаррӯза дорем, ба реконструксия эҳтиёҷ доранд. Лахзаҳое мешавад, ки одамон сиккаҳои 25 дирамиро аз 50 дирамӣ, 10 дирамиро аз 20 дирамӣ ба мушкили фарқ мекунанд. Онҳоро мебояд нобиноёни ватаниамон ба осонӣ шинохта тавонанд, яъне дар ҳаҷм ба куллӣ фарқ кунанд.
Асъор, ки яке аз муқаддасоти ҳар як давлат ба шумор меравад, мебояд босифату пурдошт бошад. Барои сохтани асъори босифату пурдошти коѓазию пахтагин, мо муаззама (материал)-и беҳтарин дорем, ки ин ҳам бошад пахтаи «маҳиннах» мебошад. Пулҳои коѓазини фарсудашуда ва тангаҳои фулузини ѓайристандартинро, ки дар муомилот дорем, бояд бо пулҳои босифату ҷавобгӯ ба стандарти давлатӣ дар муомилот ҷорӣ намоем, то ки боиси тамасхури меҳмонони бурунмарзӣ нагарданд. Ҳар як шаҳрванди кишварамонро мебояд бо «пул» ҳамчун бо муқаддасоти миллӣ муносибат намояд. Балки тариқи телевизион тарзу усули дуруст ва мадании истифодабарии пулро дар ҷузъдон ва ё дар ҷайб ба мардумони кишварамон мебояд фаҳмонанд.
Бо шарофияти истиқлолияти ҷумҳуриамон мо бо аксҳои қаҳрамонони миллат барои мардумони кишварамон асъорҳои бисёр зебову арзанда сохтаем.
Ягона асъоре, ки дар миёни давлатҳои мустақили рӯи олам шаш мисраи шеърӣ дорад, ин 10 сомонаи тоҷикӣ аст, ки боиси ифтихори миллатамон гардида аст.

Раҳмат Шералиев,
омӯзгор
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: