
Бо ибтикори гуруҳи таблиғотии ташкилоти ибтидоии «Дуконӣ» дар деҳаҳои дурдасти Кулони боло, Кулони поён ва Кишноваи Ҷамоати деҳоти Дукон бо иштироки аъзои Раёсати Кумитаи иҷроия, Раиси шаҳри Норак Ҳурматзода Ф.З, намояндаи прокуратураи Генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Тағоев М, раиси суди шаҳри Норак Яҳёзода Ш, сардори шуъбаи КДАМ дар шаҳри Норак Сайфуллоев Р , сардори ШКД Ниёзода З ва мудирони шуъбаҳои дахлдори Кумитаи иҷроияи ҳизби шаҳрӣ, фаъолон аз ташкилотҳои ибтидоии «Маорифчиён», «Роҳбалад» оид ба қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Масъулияти падару модар дар таълим ва тарбияи фарзанд» ва шомилшавии ҷавонон ба гуруҳҳои ифротӣ вохўрӣ доир гардид. Аъзоёни гируҳи таблиғотии ҳизбӣ оид ба қонунҳои зикргардида фикру андешаҳои худро баҳри амалии онҳо, ки вазифаи ҳар як шаҳрванд аст баён намуда, баҳри тарбияи дурусти фарзандон ба ҷамъомадон маслиҳатҳо дода, фикру андешаҳои ҷамъомадагонро шуниданд.
Мудири шуъбаи таблиғот,
иттилоот ва матбуоти Ғафурзода Ф
КИ дар шаҳри Норак