Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Номаҳои шодбошӣ аз роҳбарони давлатҳо ва созмонҳои хориҷӣ

Номаҳои шодбошӣ аз роҳбарони давлатҳо ва созмонҳои хориҷӣ

5-10-2017, 18:00
Хабарро хонданд: 233 нафар
Назарҳо: 0
Номаҳои шодбошӣ аз роҳбарони давлатҳо ва созмонҳои хориҷӣ
05.10.2017 17:30, шаҳри Душанбе
Дар робита ба зодрӯзи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз сарони давлатҳои хориҷӣ ва ҳукуматҳо, роҳбарони созмонҳои байналхалқӣ номаҳои шодбошӣ ворид гардиданд.

Дар паёми шодбошии Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин омадааст:

«Муҳтарам Ҷаноби Президент,

Ҷашни зодрӯзи Шуморо аз самими дил табрику муборакбод намуда, ба Шумо беҳтарин таманниётро орзумандам.

Солҳои наздик раванди муносиботи Чин ва Тоҷикистон ба таври нек рушд намуда, миёни кишварҳои мо боварии сиёсӣ қавӣ гардидааст. Ҳамкорӣ дар соҳаи иқтисод, тиҷорат, кишоварзӣ, бунёди инфрасохтори аввалин, амният ва ғайра торафт тавсеа ёфта, дӯстии анъанавии ҷонибҳо рӯз аз рӯз мустаҳкам шуда истодааст.

Чанде пеш Шумо ҷиҳати анҷоми сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии Мардумии Чин омадед ва дар Муколамаи кишварҳои рушдёбанда ва давлатҳои аъзои БРИКС иштирок намудед. Зимни сафар мо бо ҳам дар робита ба баланд бардоштани сатҳи муносибот миёни кишварҳоямон ва густариши амиқи доираи ҳамкорӣ мубодилаи афкор намудем ва ба тафоҳумҳои нек расидем.

Ман ба рушди муносибот миёни Чин ва Тоҷикистон таваҷҷуҳи баланд дода, омодаам бо Шумо минбаъд низ баҳри тақвият бахшидан ва рушди ҳамаҷонибаи ҳамкории Чин ва Тоҷикистон бо мақсади баланд бардоштани некуаҳволии мардум ва рифоҳи кишварҳоямон дар робитаи наздик бошам.

Ба Шумо саломатӣ ва дар корҳоятон комёбиҳо орзумандам».

Президенти Федератсияи Россия Владимир Владимирович Путин дар барқияаш гуфтааст:

«Муҳтарам Эмомалӣ Шарифович,

Табрикоти самимии маро ба муносибати 65-солагиатон қабул фармоед.

Тамоми таърихи муосири Тоҷикистон бо номи Шумо комилан алоқаманд аст. Дар тӯли солҳои президентӣ ба Шумо муяссар гардид, ки сулҳу ризоиятро дар кишвар таъмин карда, эҳтироми сазовори ҳамватанон ва нуфузи баланди байналмилалиро пайдо намоед. Таҳти роҳбарии Шумо ҷумҳурӣ дар роҳи рушди иҷтимоию иқтисодӣ устуворона пеш рафта, дар ҳалли масъалаҳои мубрами рӯзномаи минтақавӣ фаъолона иштирок мекунад.

Саҳми шахсии Шумо дар таҳкими муносибатҳои шарикии стратегӣ ва иттиҳодӣ байни давлатҳои мо ниҳоят бузург аст. Мехостам омодагиро ба идомаи муколамаи созандаи мо ва кори судманди муштарак ҷиҳати минбаъд густариш додани робитаҳои дуҷониба дар ҳама соҳаҳо ба манфиати мардуми дӯсти Россия ва Тоҷикистон тасдиқ намоям.

Аз самими қалб ба Шумо, муҳтарам Эмомалӣ Шарифович, саломатии бардавом, саодатмандӣ, некуаҳволӣ ва дар фаъолияти давлатиатон комёбиҳо орзумандам».

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев зимни табрикоти худ гуфтааст:

«Муҳтарам Эмомалӣ Шарифович,

Табрикоти самимӣ ва таманниёти неки маро ба муносибати зодрӯзатон қабул фармоед.

Мо дар Ӯзбекистон Шуморо ҳамчун ходими намоёни давлатӣ ва роҳбари таҷрибадоре, ки худро саропо ба хизмати халқу кишвараш бахшидааст, мешиносем.

Тоҷикистон зери роҳбарии хирадмандонаи Шумо дар бунёди давлатдорӣ ва сохти иҷтимоӣ ба муваффақиятҳои калон ноил гардид. Сатҳ ва сифати зиндагии мардум ба таври назаррас боло рафта, нуфузи кишвар дар арсаи байналмилалӣ пайваста таҳким меёбад.

Ба шарофати сиёсати ҳамаҷониба андешидашуда ва мутавозини Шумо дар шароити мураккаби Тоҷикистон имкон пайдо гардид, ки дар ҷомеа сулҳ ва ризоият на танҳо ҳифз карда шавад, балки ба он заминаи устувор гузошта шавад, ки ин яке аз омилҳои муҳими таъмини субот ва рушди устувор дар кишвар ва умуман ҳамаи минтақа мебошад.

Бо қаноатмандии амиқ мехоҳам иброз дорам, ки Шумо ҳамчун дӯсти самимии Ӯзбекистон, ҷонибдори устувори рушд ва таҳкими шарикии бисёрҷабҳаи кишвари мо, ба пешрафти ҳамаҷонибаи муносибатҳои Ӯзбекистону Тоҷикистон мусоидат мекунед.

Бо самимият суҳбатҳои пурмуҳтавоямонро дар ш. Самарқанд, ш. Остона, ш. Ар-Риёз ва ш. Ашқобод ба ёд меорам. Ба шарофати кӯшишҳои муштаракамон ҳамкории дуҷониба дар муддати кӯтоҳ муҳтавои нав ва раванди мусбат касб кард.

Робитаҳо дар ҳамаи сатҳҳо ва самтҳо фаъол гардиданд. Робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва фарҳангию гуманитарӣ бо суръати назаррас рушд мекунанд. Табодули амалишудаи ҳайатҳои минтақаҳои наздисарҳадии ду кишвар самараҳои мусбат дод.

Мутмаинам, ки ҳамкории созанда ва нигоҳдории муносибатҳои боэътимод ба ҳамроҳ кардани хусусияти комилан нав ба ҳамкории Ӯзбекистону Тоҷикистон мусоидат карда, барои татбиқи иқтидори бузурги мавҷудаи байни кишварҳо ва мардумонамон дар соҳаҳои гуногун заминаи боэътимод мегарданд.

Мехоҳам аз самими қалб ба Шумо, муҳтарам Эмомалӣ Шарифович, саломатии бардавом, некуаҳволӣ ва дар фаъолияти давлатиатон комёбиҳои нав, инчунин ба мардуми бародари Тоҷикистон сулҳу шукуфоии минбаъда орзу намоям.

Аз мулоқоти анқариби шахсӣ бо Шумо дар сарзамини меҳмоннавози Ӯзбекистон хушҳол хоҳам буд».

Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко чунин номаи шодбошӣ ирсол намудааст:

«Муҳтарам Эмомалӣ Шарифович,

Шуморо ба муносибати рӯйдоди фараҳбахш - 65-солагии зодрӯзатон табрик мегӯям.

Меҳнати фидокоронаи чандинсолаи Шумо, ки ба таҳкими сулҳу субот, баланд бардоштани некуаҳволии халқи тоҷик ва пойдории нуфузи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ равона гардидааст, сазовори эҳтироми ниҳоят баланд мебошад.

Бо қаноатмандӣ сатҳи кунунии муносибатҳои Беларус ва Тоҷикистонро, ки бар анъанаҳои дӯстона, дастгирӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ асос ёфтаанд ва раванди мусбати ҳамкорӣ дар соҳаи иқтисоду тиҷоратро зикр менамоям.

Мутмаинам, ки кори фаъолонаи Шумо дар маснади олии давлатӣ минбаъд низ ба густариши муколамаи бисёрҷанбаи Минску Душанбе мусоидат хоҳад кард.

Аз самими қалб ба Шумо, муҳтарам Эмомалӣ Шарифович, саломатии бардавом, саодатмандӣ, инчунин дар фаъолиятатон комёбиҳои ҳамешагӣ таманно дорам».

Президенти Туркманистон Гурбангули Бердимуҳаммедов дар барқияаш навиштааст:

«Муҳтарам Эмомалӣ Шарифович!

Табрикоти самимӣ ва таманниёти беҳтарини маро ба муносибати 65-солагиатон қабул фармоед.

Дар солҳои охир Тоҷикистони дӯст таҳти роҳбарии Шумо дар роҳи бунёди давлатдорӣ, рушди сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ, баланд бардоштани некуаҳволии мардум ва таҳкими нуфуз дар арсаи байналмилалӣ ба пешравиҳои назаррас ноил гардид.

Мо дар Туркманистон саҳми шахсии Шуморо дар рушди муносибатҳои дӯстона байни кишварҳоямон баланд арзёбӣ карда, ба таҳкими минбаъдаи ҳамкории дуҷониба, ки ба анъанаҳои чандинсолаи эҳтиром ва эътимоди мутақобила такя мекунанд, умед дорем.

Бо истифода аз фурсати муносиб ба Шумо, муҳтарам Эмомалӣ Шарифович, саломатии бардавом ва нерумандӣ, инчунин дар маснади олии давлатиатон ба хотири хушбахтӣ ва некуаҳволии мардуми Тоҷикистон комёбиҳои минбаъда таманно дорам».

Нурсултон Назарбоев, Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон зимни табрикоти худ овардааст:

«Муҳтарам Эмомалӣ Шарифович!

Табрикоти самимии маро ба муносибати зодрӯзатон қабул фармоед!

Мутмаинам, ки маҳорати баланд ва таҷрибаи ғании ҳаётии Шумо, бешубҳа, ба шукуфоии минбаъда ва боло рафтани нуфузи байналмилалии Тоҷикистон мусоидат мекунад.

Сатҳи эътимоди сиёсӣ ва ҳусни тафоҳуми то ба имрӯз ба дастомада миёни Остонаву Душанбе аз устувории муносиботи мо, ки бар рӯҳияи шарикӣ ва иттиҳодӣ асос ёфтаанд, шаҳодат медиҳад. Бо эътимод ба он изҳор медорам, ки ҳамкории мутақобилан судманд миёни ду кишвар минбаъд низ ба манфиати халқҳоямон рушд мекунад.

Бо истифода аз фурсати гуворо, ба Шумо, муҳтарам Эмомалӣ Шарифович, саломатии бардавом, хушбахтӣ, дар фаъолияти пурмасъулиятатон муваффақият ва ба мардуми бародари Тоҷикистон сулҳу шукуфоӣ таманно дорам».

Алмазбек Атамбоев, Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон зимни табрикоти худ овардааст:

«Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон,

Табрикоти самимии маро ба муносибати ҷашни 65-солагиятон қабул фармоед!

Ба шарофати сиёсати хирадмандона ва дурбинонаи Шумо Тоҷикистон тайи солҳои соҳибистиқлолӣ дар роҳи таъмини рушди сиёсӣ, иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангии кишвар ба натиҷаҳои назаррас ноил гардид.

Мутмаинам, ки муносибатҳои дӯстона, бародарона ва ҳусни ҳамҷавори дорои таърихи бисёрасраи қирғизу тоҷик минбаъд ҳам таҳким ва густариш меёбанд ва ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Қирғизистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон ба манфиати халқҳои кишварҳоямон самаранок рушд мекунад.

Ба Шумо, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аз самими қалб саломатии бардавом, бурдборӣ ва дар фаъолияти давлатиатон муваффақиятҳои беназир таманно дорам».

Дар табрикоту таҳнияти Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев чунин омадааст:

«Муҳтарам Эмомалӣ Шарифович,

Шуморо бо 65-солагии зодрӯз самимона табрик гуфта, ба Шумо беҳтарин таманниёти самимиро изҳор медорам.

Имрӯз Тоҷикистони дӯст зери роҳбарии Шумо дар кори таҳкими давлатдорӣ, пешрафти иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва эҷодкории фарҳангӣ дилпурона ба пеш ҳаракат мекунад. Муваффақиятҳое, ки дар солҳои соҳибистиқлолӣ дар кишвар ба амал омаданд, бо номи Шумо пайванданд.

Хизматҳои махсуси Шумо дар таҳким ва ҳифзи муносибатҳои анъанавӣ, дӯстона ва шарикӣ миёни Озарбойҷон ва Тоҷикистон назаррасанд. Боварӣ дорам, ки бо хоҳиши мардумони мо муносибатҳои байнидавлатӣ, ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷониба минбаъд низ рушд меёбанд.

Эмомалӣ Шарифовичи муҳтарам, дар ин рӯзи муборак ба Шумо тансиҳатӣ, хушбахтӣ ва дар фаъолияти олии давлатиятон ба манфиати мардуми дӯсти Тоҷикистон комёбӣ таманно дорам».

Президенти Украина Пётр Порошенко дар номаи шодбошии худ ба унвони Президенти Тоҷикистон чунин менигорад:

«Муҳтарам Эмомалӣ Шарифович!

Табрикоти самимии маро ба муносибати зодрӯзатон қабул фармоед.

Муътақидам, ки Украина ва Ҷумҳурии Тоҷикистон иқтидори муҳимеро барои таҳкими ҳамкории мутақобила соҳибанд ва муносибатҳои шарикӣ миёни мардумони тоҷику украин минбаъд низ ба манфиати давлатҳои мо рушд меёбанд.

Ба Шумо, Эмомалӣ Шариповичи муҳтарам, тансиҳатии комил ва муваффақиятҳои минбаъдаро дар фаъолияти давлатии пурмасъулатон, ба мардуми дӯсти Тоҷикистон-сулҳу шукуфоӣ орзумандам».

Дар барқияи табрикии Президенти Ҷумҳурии Арманистон Серж Саргсян гуфта мешавад:

«Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон!

Табрикоти самимонаи маро ба муносибати 65-солагиатон қабул фармоед!

Ба Шумо аз самими қалб саломатии бардавом ва дар фаъолияти давлатиатон ба манфиати Ҷумҳурии Тоҷикистон муваффақиятҳо таманно дорам.

Таърихи муосири Тоҷикистон, ки бо комёбиҳо дар рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар, болоравии нуфуз дар арсаи байналмилалӣ ишора мешавад, бо номи Шумо комилан алоқаманд аст.

Имрӯз бо эҳсоси махсус ҳамчунин мехостам зикр намоям, ки дар солҳои охир муносибатҳои байнидавлатии Арманистону Тоҷикистон раванди нав гирифта, боз ҳам пурмуҳтаво гардиданд.

Бо самимият суҳбатамонро зимни сафари расмии Шумо ба Арманистон моҳи июни соли равон ёд мекунам. Мутмаинам, ки татбиқи созишномаҳои бадастомада ба тақвияти минбаъдаи тамоми соҳаҳои ҳамкории дуҷониба ва сатҳи баланди эътимод ба роҳандозии муколамаи сиёсии созанда, пешбурди ҳамкорӣ дар соҳаҳои иқтисодию тиҷоратӣ, гуманитарӣ ва ғайраҳо дар рӯҳияи дӯстона ва шарикӣ мусоидат мекунанд.

Ба Шумо, муҳтарам ҷаноби Президент, саодатмандӣ ва некуаҳволӣ, инчунин ба мардуми дӯсти Тоҷикистон сулҳу шукуфоӣ таманно дорам».

Президенти Туркия Реҷеб Тайип Эрдоган дар барқияаш гуфтааст:

«Мӯҳтарам Ҷаноби Президент,
Бародари азиз,

Ба муносибати рӯзи таваллудатон шахсан аз номи худ ва аз номи миллатам Шуморо аз самими қалб табрик мегӯям.

Туркия ва Тоҷикистон дар мавриди густариши равобити дӯстона, ки решаҳои таърихӣ ва арзишҳои зиёди муштарак ба монанди шахсиятҳои маъруф Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ дорад, иродаи қавиро доро ҳастанд. Итминон дорам, ки дар ҷодаи устувор бахшидани бародарии турку тоҷик саҳми Ҷаноби Олӣ ба мисли гузашта минбаъд низ хоҳад расид.

Мӯҳтарам Ҷаноби Президент, бо истифода аз фурсат барои тансиҳатии Ҷаноби Олӣ ва осудагии мардуми Тоҷикистон беҳтарин таманниётамро ирсол менамоям».

Ба ин муносибат барқияҳои табрикӣ ҳамчунин аз номи Раиси Ҳукумати Федератсияи Россия Дмитрий Медведев, Дабири кулли Созмони ҳамкории Шанхай Рашид Олимов, Дабири кулли Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ Юрий Хачатуров ворид гардидаанд.

facebook twitter
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: