Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » Ҷамъоварии ҳосил вусъат меёбад

Ҷамъоварии ҳосил вусъат меёбад

28-09-2017, 10:44
Хабарро хонданд: 279 нафар
Назарҳо: 0
Ҷамъоварии ҳосил вусъат меёбад
Панҷ. Деҳқонони ноҳияи Панҷ имсол ҷиҳати кишту парвариши пахта аҳлона меҳнат намуда, ҳосили фаровон рӯёниданд. Имрӯзҳо ҷамъоварии ҳосили пахта торафт вусъати тоза ёфта истодааст. Аҳли заҳмати ноҳия хуб медонад, ки пахта боигарии асосии ҳар як хонадон аст ва маҳсулотест, ки чӣ дар дохил ва чӣдар хориҷи кишвар харидори бешумор дорад. Аз ин лиҳоз, деҳқон намегузорад, ки ҳосили бо арақи ҷабин парваришкардааш талаф ёбад. Рӯзҳои гарм торафт камтар мешаванд ва давраи тирамоҳ тағйири боду ҳаворо ба амал меорад. Бинобар ин, азму иродаи кишоварзон ба он хотир аст, ки то фарорасии сардиҳо ҳосили пахтаро ҷамъоварӣ кунанд ва ба ин восита дастархони худро боз ҳам ғанӣ гардонанд.
Дар ноҳия як хоҷагии калони тухмипрварӣ мавҷуд аст, ки он ҳам бошад, хоҷагии тухмипараврии ба номи Эмомалӣ Раҳмон маҳсуб меёбад. Хоҷагӣ дар зиёда аз 700 гектар замин пахта кишт карда, ҳосили фаровон рӯёнидааст ва айни ҳол дар пахтазорҳо пахта чаман барин шукуфтааст. Аз ин рӯ, бо дархости роҳбарияти хоҷагии мазкур дар рӯзҳои истироҳат ҳашарчиён аз ҳисоби кормандони ташкилоту муассисаҳои ноҳия, аз ҷумла фаъолони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва дигар қишрҳои ҷомеа ба ёрии кишоварзони хоҷагӣ рафта, дасти кӯмак дароз мекунанд.
Ҳафтаи гузашта дар рӯзи истироҳатӣ теъдоди зиёди ҳашарчиён ба ин хоҷагӣ рафта, 23 тонна пахта ҷамъоварӣ намуданд.
Ҳамин тавр, мавсими пахтачинӣ дар тамоми хоҷагиҳои деҳқонии пахтакор бо суръат идома ёфта истодааст. Бо боварии том метавон гуфт, ки кишоварзони ноҳияи Панҷ бо чунин азму иродаи қатъӣ аз ӯҳдаи иҷрои нақшаи пешбинишудаи истеҳсоли пахта ба хубӣ баромада метавонанд.

Атавуллоева З.
КИ ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: