Баргузории Дарси Сулҳ бо иштироки Пешвои миллат30-08-2017, 11:26
Хабарро хонданд: 181 нафар
Назарҳо: 0
КУМИҶРОИЯИ ВИЛОЯТӢ. Субҳи имрӯз кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ва шаҳру ноҳияҳои он бо рӯҳияи болида ва ҷонибдорӣ аз сиёсати созандаю бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пахши мустақими телевизинониро, ки дар он бо иштироки Пешвои миллат бинои наву замонавии Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт, тамошо карданд. Ҷараёни ифтитоҳи бинои Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шароити будубош, барномаи фарҳангии афсарону курсантон ва суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро кормандони Кумитаи иҷроияи ҳизбии вилоят аз баргузории Дарси Сулҳ, оид ба нақш ва аҳамияти 26 соли даврони соҳибистиқлолии кишвар бо завқи том тамошо карданд. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.