Эҳдо ба Президенти кишвар, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон

Ай Тоҷикистонам-Ватан, умеду армонат накӯст,
Ай миллати болидаруҳ, Эмоми Раҳмонат накӯст.
Ай, марди ҳозиқи замон, дар ҳифзи миллат посбон,
Захми фироқи миллате, бо сулҳ дармонат накӯст.
Савганд ба ҷонат хурдаӣ, дар ҳифзи ҷони тоҷикон,
Содиқ ба қавли хештан, ҳар аҳду паймонат накӯст.
Дунё пур аз ҷангу ҷадал, моро ҳаёте бехалал,
Девори миллат гаштаӣ, чун Оли Сомонат накӯст.
Марди шарифат хонамат, шоҳе ба хислат донамат,
Файзу каромоти Худо бо Тоҷикистонат накӯст.
Асрори миллат дар дилат, бо ин Ватан обу гилат,
Дар ҳалқаи неку бадон, ҳар амру фармонат накӯст.
Раҳмони боло додааст, Раҳмони Кайҳони маро,
Ё раб, ба номи ту қасам, фарзанди Раҳмонат накӯст.
©Кайҳони Сӯфӣ