
ДУШАНБЕ, 25.07.2017./АМИТ «Ховар»/. Варзишгари тоҷик Меҳрубон Сангинови 21-сола дар мусобиқаи бокси ҳирфаӣ пас аз пирӯзӣ бар Стефен Дерстайни амрикоӣ ба унвони чемпиони ҷаҳон оид ба бокси ҳирфаӣ дар вазни 76,2 кило аз рӯи натиҷагирии WBB (“World Boxing Board”) шарафёб гардид.
Ин қувваозмоӣ рӯзи 22-юми июл дар шаҳри Шарлоттаи иёлати Каролинаи ИМА баргузор шуд. Меҳрубон Сангинов дар раунди аввал бо нокаути фаннӣ рақибашро шикаст дод.
То ин мусобиқа варзишгари амрикоӣ Мигел Котто соҳиби унвони чемпиони ҷаҳон аз рӯи натиҷагирии WBB буд. Тавре Меҳрубон Сангинов дар саҳифи худ дар Facebook навиштааст, дар ин ғалабаи ӯ саҳми мураббиаш мутахассиси қазоқ Сагатбек Мӯсохонов ва аввалин устодаш Парвиз Аҳмадов калон аст.
Дар айни ҳол муштзани тоҷик дар Лас-Вегаси ИМА, дар толори Флойд Мейвезер, таҳти раҳбарии Сагатбек Мӯсохонов тамрин мекунад.