Суханронии Муовини якуми Раиси ҲХДТ Фаттоҳзода С.С. дар Маҷлиси Раёсати КИМ ҲХДТ. шаҳри Душанбе, 21.07.201722-07-2017, 13:51
Хабарро хонданд: 193 нафар
Назарҳо: 0
Муҳтарам аъзои Раёсат Аъзои комиҷроия ва фаъолони ҳизб! Мо имрӯз дар ин ҷамъомади ҳизбӣ ба он хотир ҷамъ омадем, ки тибқи талаботи Оинномаи ҳизб аз фаъолияти Кумитаи Иҷроияи Марказӣ, комиҷроияҳои ҳизбии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар, инчунин ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан” дар марҳилаи гузаштаи фаъолият натиҷагирӣ намоем ва вазифаҳои минбаъдаи ташкилотҳои ҳизбиро муайян гардонем. Ҳамзамон дар бораи татбиқи қарорҳои Анҷумани дувоздаҳуми ҳизб, дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар вохӯриҳояшон бо мардум ва аҳли ҷамоатчигии ҷумҳурӣ баён доштанд, табодули назар намуда, тасмимҳои мушаххас гирем. Бовар дорам, ки аъзои муҳтарами Раёсат ва иштирокдорони ҷаласаи мазкур ҷиҳати муҳокимаи масъалаҳои мавриди баррасӣ ва мавзуъҳои дигари муҳим озодона назари худро баён медоранд. Ҳамсафони гиромӣ! Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон пайваста кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки тавассути фаъолияти доманадор ва густурдаи хеш, ки аз дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҳизбамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бармеояд, дар миёни мардум обрӯ ва манзалати бештарро касб намуда, бо иштироки фаъолонааш дар ҳаёти сиёсию ҷамъиятии кишвар собит намояд, ки дар воқеъ ба нерӯи пешбари ҷомеа табдил ёфтааст. Дар айни замон дар сафҳои ҳизби мо беш аз 440 ҳазор нафар аъзо шомил ҳаст. Моро лозим аст, ки ин неруи бузургро барои татбиқи ғояҳои созандаи ҳизбамон самаранок истифода намоем. Бояд гуфт, ки яке аз ҳадафҳои асосии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, чун дигар аҳзоби кишвар ширкат дар чорабиниҳои сиёсии ҷумҳурӣ, яъне интихоботҳои президентӣ, Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва зинаҳои дигари мақомоти намояндагӣ мебошад. Интихобот агар аз ҷумлаи омилҳои ташаккули иродаи сиёсии шаҳрвандон ба хотири рушди демократияи кишвар бошад, аз ҷониби дигар меъёри муайянкунандаи обрӯ ва нуфузи ҳар кадом ҳизбӣ сиёсӣ аст, ки бо пешниҳоди барномаҳои пешазинтихоботӣ кӯшиш ба харҷ медиҳанд, раъйи бештари интихобкунандаҳоро соҳиб гарданд. Дар ҳамин замина Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон барои мардум барномаҳои воқеӣ ва илман асоснок таҳия намуда, дар маъракаҳои интихоботӣ манзур менамояд, ки мардум онро мепазиранд. Омили дигари ба пирӯзӣ расидани ҳизби мо он аст, ки дар ҳамаи маъракаҳои интихоботӣ бо пешниҳоди номзадҳои воқеан арзанда вориди корзори интихоботӣ гардида, эътимоди мардумро барои расидан ба шароити боз ҳам беҳтари зиндагӣ дучанд менамоем. Воқеияти дигар ин аст, ки мардуми шарафманди кишвар ба ғояҳои созандаи ҳизби мо эътимоди қавӣ доранд, зеро дар саргаҳи ин ҳама созандагию бунёдкорӣ ва ташаббускориҳо, ки барои ваҳдати миллӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, созандагиву ободонӣ, рушди устувори иқтисодӣ ва таъмини зиндагии шоистаи мардум равона гардидааст, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳамзамон сарварии ҳизби моро ба уҳда доранд, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Бояд тазаккур дод, ки дар интихоботи парлумонии ахиран баргузоргардида бо пешниҳоди роҳбарияти ҳизб баъзе қолабҳои ташкили вохӯриҳо бо мардум, муаррифии барномаҳо ва таблиғи номзадҳоро, ки аслан бар зарари ҳизби мо буд, шикаста шуданд. Масалан анъана ва муқаррароти толору минбар додан ба мухолифон ва мулоқотҳои муштараки аҳзобро барҳам додем. Зеро, мо хуб дарк намудем, ки аҳзоби мухолиф қудрате надоранд, ки ба ҳадди як толор ҷонибдоронашонро ҷамъ оваранд. Натиҷаи интихобот нишон дод, ки баъзе рақибони мо, он вақт амсоли Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон нафақат дар ҷомеа ҷонибдор надоранд, балки ҳадаф ва барномаҳои онҳо барои ҷомеаи демократии ҳуқуқбунёду дунявӣ умуман созгор нест. Зеро таҷрибаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки табиати ҳизбу ҳаракатҳои радикалию исломӣ ба зӯроварию даҳшатафканӣ ва суйистифодаи эътиқод омехта буда, наметавонад хостаҳои шахсро дар шароити имрӯзаи рушду пешрафти инсоният бароварда созад. Ин гуфтаҳоро бори дигар воқеаҳои моҳи сентябри соли 2015 рухдода собит намуд, ки наҳзатиҳо бо мақсади расидан ба ҳадафҳои нопоки худ кӯшиши анҷом додан табаддулоти ҳарбию давлатиро карданд. Мардуми кишвар бори дигар шоҳиди хиёнати ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон нисбати Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва миллату давлатдории миллӣ гардид. Иттиҳоду ягонагии мардуми шарафманди кишвар дар атрофи сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар собит намуд, ки сокинони ҷумҳурӣ нафақат хоинони миллатро намебахшанд, балки омодаанд, ки дар дастгиру маҳв кардани ин гуруҳҳои ғайриқонунӣ бевосита кӯмак намоянд. Даҳҳо тан аз афроди гуруҳҳои ғайриқонунӣ, ки аз ҳисоби аъзои ҳизби наҳзати исломӣ дар дараи Ромити шаҳри Ваҳдат панаҳ бурда буданд, бо кӯмаки бевоситаи мардуми маҳаллӣ дастгир ва мавриди муҷозоти ҳуқуқӣ қарор дода шуданд. Бо ҳамин далел фаъолияти ҳизби наҳзати ислом дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Суди Олии кишвар ҳамчун ҳизби хусусияти террористию экстремистидошта манъ карда шуд. Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамчун неруи бузурги созанда ва бунёдкор таҳти раҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Раиси муаззами худ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои демократисозии ҳаёти ҷомеа, рушди рукнҳои асосии давлатдорӣ, эъмори ҷомеаи ҳуқуқбунёди дунявӣ ва дар ин замина татбиқи барномаҳои иқтисодию иҷтимоӣ масъулият ва рисолати давлатсозиро бар душ дорад. Аз ин рӯ, моро лозим аст, ки корро дар самти татбиқи барномаҳои амали худ, ки фарогири ҳамаи самтҳои рушди мамлакат мебошанд, бо шеваҳои дигари мутобиқ ба талаби замон роҳандозӣ намоем. Ҳозирини гиромӣ! Яке аз самтҳои асосии Барномаҳои ҳизбро сиёсати ҷавонон ташкил медиҳад. Аз ин рӯ, мо ба татбиқи ҳадафҳои олии худ дар сурате метавонем ноил гардем, ки моҳияти аслии ин проблемаҳоро ба ҳамаи қишрҳои ҷомеа, аз ҷумла ҷавонон, ки аксари сокинони кишварро ташкил медиҳанд, дуруст фаҳмонида тавонем ва дар байни онҳо мувофиқи мақсад кор барем. Таъкид намудан лозим аст, ки дар кишвари мо ҷавонон ба сифати як нерӯи бузургу пуриқтидори бунёдкор ва пешбарандаи ҳаёти ҷомеа шинохта ва эътироф шудаанд. Ҳоло синни миёнаи аҳолии мамлакати мо 24 солро ташкил медиҳад. Беҳуда нест, ки Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз аз рӯзҳои нахустини роҳбариашон ба ин қишри аҳолӣ таваҷҷуҳ намуда, дар аввалин мулоқоти худ бо ҷавонони кишвар рӯзи 2 феврали соли 1993 иброз намуда буданд: «Роҳбарияти давлате, ки бештар аз ҳафтод фоизи аҳолиашро ҷавонон ташкил медиҳад, танҳо дар сурате соҳибнуфуз мешавад ва кораш пеш хоҳад рафт, ки агар ин нерӯи бузургу солим аз сиёсати он пуштибонӣ кунад». Воқеан ҳизби мо ҳамеша ба ҷавонон ҳамчун ворисони созандаи имрӯзу фардо эътибори ҷиддӣ зоҳир намуда, иқдомҳои шоиста ва ташаббусҳои созандаи онҳоро барои ободиву шукуфоии кишвар дастгирӣ менамояд. Дар ин замина, бо мақсади татбиқи бандҳои барномавии ҳизб, ҳануз 20 апрели соли 2011 бо иштироки Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Маҷлиси Кумитаи Иҷроияи Марказӣ дар мавзуи «Нақши ҷавонон дар таҳкими ҷомеаи шаҳрвандӣ ва масъулияти онҳо барои устувор гардонидани мавқеъ ва нуфузи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон» доир гардид, ки зимни баргузории он Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оиди таъсиси ниҳоди алоҳидаи кор бо ҷавонон дар назди ҳизб бо номи «Созандагони Ватан» дастур доданд. Дар муддати фаъолияти начандон тӯлонии худ созмони ҷавонони ҳизб «Созандагони Ватан» тавонист дар масъалаҳои тарбияи ватандӯстии ҷавонон, таҳкими дӯстию рафоқат миёни онҳо, тарғиби худшиносии миллӣ, огоҳ сохтани ҷавонон аз дастовардҳои давлату Ҳукумати ҷумҳурӣ дар самти баровардани кишвар аз бунбасти коммуникатсионӣ, зина ба зина расидани он ба истиқлолияти энергетикӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ корҳои назаррасеро ба анҷом расонад. Муайян намудани заминаҳои асосии татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон ва дар ин замина тақвият бахшидан ба нақши ҷавонон дар татбиқи ғояҳои созандаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, пешгирии омилҳои хатарноки таъсиррарасон ба мафкураи миллии ҷавонон аз масъалаҳои умдаи фаъолияти сохторҳои ҳизбӣ, бахусус созмони ҷавонони он “Созандагони Ватан” ба ҳисоб меравад. Бесабаб нест, ки зимни сиёсати муваффақу хирадмандонаашон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми солонаи худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2017-ро ҳамчун “Соли ҷавонон” эълон доштанд. Ҳамзамон дар Маҷлиси Кумитаи Иҷроияи Марказӣ Раиси муаззами ҳизбамон моҳи январи соли равон таъкид намуданд, ки мо барои такмили минбаъдаи сохтори давлатдорӣ, ҷорӣ намудан ва таҳким бахшидани меъёрҳои демократӣ, рушди иқтисод, интихобу ҷобаҷогузории мутахассисону кадрҳои босалоҳият дар зинаҳои гуногуни роҳбарӣ бояд бештар ба кадрҳои ҷавон такя намоем, неруи зеҳнии онҳоро барои пешрафту тараққии кишвари азизамон сафарбар кунем. Таъкид намудан ба маврид аст, ки барои самаранок намудани фаъолияти Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамин ҷаласаи ҳизбӣ дастур дода буданд, ки роҳбарони намояндагиҳои созмон дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳоро аз ҳисоби кормандони ҷавони ҳизбӣ интихоб намоем. Таҳлили масъала нишон медиҳад, ки бо гузашти беш аз ним сол на ҳамаи сохторҳои ҳизбӣ ба ин масъала таваҷҷуҳи зарурӣ зоҳир намудаанд. Бинобар ин лозим аст, ки ҳаллу фасли масъалаи мазкурро ҳарчи зудтар ба анҷом расонда, кори созмони ҷавонони худро дар тамоми сатҳҳо вусъат диҳем ва бо ин роҳ таваҷҷуҳи ҷавононро барои пазируфтани узвияти ҳизбамон тақвият бахшем. Пӯшида нест, ки ҳоло ҳам тамоюли гароиши иддае аз ҷавонон ба ҳаракату ҷараёнҳои ифротӣ ба мушоҳида мерасад. Вобаста ба ин ташкилотҳои ҳизбиро лозим аст, ки ба раванду рӯйдодҳои муҳими сиёсиву иҷтимоӣ баҳои дуруст дода, барои пешгирии ин қабил ҷавонон аз гароиш ба ҳизбу ҳаракатҳои мамнуъ ва узвият дар ниҳодҳои низомии ба ном давлати исломии Ироқу Шом минбаъд низ чораҳои мушаххас ва муассирро амалӣ намоянд. Дар ин маврид ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан”метавонад дар самти пешгирии чунин амалҳои номатлуб саҳми ҷиддӣ бигирад. Бояд гуфт, ки яке аз сабабҳои асосии мушкилоти ҷавонон ва гароиши онҳо ба ҳизбу созмонҳои ифротӣ паст будани маърифати ҳуқуқии ҷавонон аст. Чуноне аз татқиқотҳои сотсиологӣ ҳам бармеоянд, на ҳамаи мардум, бахусус ҷавонон аз меъёрҳои ҳуқуқӣ бохабаранд. Ин аст, ки ҳануз соли 1997 Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баъзе чораҳои беҳтар намудани тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон ва кори ҳуқуқӣ дар ҷумҳурӣ» интишор ёфта буд. Донистану иҷро намудани қонунҳои амалкунандаи мамлакат қарзи шаҳрвандии ҳар як сокини ҷумҳурӣ мебошад. Дар қонунҳо орзую омоли халқи мо ифода ёфтааст. Онҳо асоси ҳаёти муътадили ҷамъияти моро таъмин менамояд. Эҳтиром намудани ҳуқуқ ва қонунро ба эътиқоди шахсии ҳар як фард табдил додан лозим аст. Инро танҳо тавассути тарбияи насли ҷавон дар рӯҳияи эҳтиром ба қонун ва ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ амалӣ намудан имконпазир аст. Барои он ки ҷавонон ӯҳдадориҳои шаҳрвандии худро нағз донанд ва иҷро кунанд, қонунҳои ҷумҳуриро бояд риоя намоянд, дар баробари ин маърифати ҳуқуқии онҳо такмил дода шавад. Барои ҳамин ҳам ҷавононро бо асосҳои ҳуқуқи ҷумҳурӣ, бо қонунҳои асосии он шинос намудан лозим аст, онҳоро ба иҷрои бошууронаи ин қонунҳо, бо иштироки фаъолонаи муҳофизати қонуни ҷумҳурӣ, мубориза бо ҳуқуқвайронкунандагон одат кунондан лозим аст. Пешвои миллат, Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба ин хеле бамаврид қайд намудаанд, ки «Ҳар як фарди ҷомеа бояд ҳамеша дар хотир дошта бошад, ки танҳо дар сурати эҳсоси масъулияти шаҳрвандӣ ва иҷрои ӯҳдадориҳои конститутсионӣ дар ҷомеа субот ва тартибу интизом пойдор ва таъмини волоияти қонун, тартиботи ҳуқуқӣ, амнияти давлат ва ҷомеа имконпазир мегардад.» Сохторҳои Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон дар робита ба эълон гардидани соли 2017 ҳамчун “Соли ҷавонон” роҳпаймоиҳои оммавиро бо мақсади дастгирӣ аз сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат доир карда истодаанд. Аксияву чорабиниҳои созмон дар якҷоягӣ бо сохторҳои ҳизбӣ таҳти унвонҳои “Паём-роҳнамои ҷавонон”, “Навоварӣ ва ихтироъкорӣ- тақозои замон”, “Ихтироъкорӣ аз кабинетҳои фаннӣ оғоз мегардад”, «Коррупсия – зуҳуроти номатлуби ҷомеа», «Танзими расму оинҳо–тақозои замон» ва ғайраро доир намуда истодаанд. Мутаассифона, як зумра сохторҳои ҳизбӣ ва созмони ҷавонони ҳизб дар баргузорӣ ва инъикоси чорабиниҳо фаъолнокӣ нишон намедиҳанд. Ин боис мегардад, ки дар маҷмуъ фаъолияти сохторҳои мо дар робита ба соли ҷавонон камранг намудор мешавад. Ташкилотҳои ҳизбии мо нисбати матолиби васоити ахбори омма низ камфаъолиятӣ зоҳир менамоянд. Воситаҳои ахбори омма, имрӯз ба ҳайси аслиҳаи пуриқтидори таблиғоти сиёсӣ ва воситаи хеле неруманди таъсиррасонӣ ба тафаккур ва рафтори одамон ба шумор меравад. Имрӯз хеле кам воқеъ мешавад, ки иттилоот дар шакли аслӣ ба ҷомеа ва ё тавре, ки ба истилоҳи журналистӣ мегӯянд «аудитория» дастрас шавад. Бештари иттилоот бо назардошти аҳдофи геополитикӣ, геостратегӣ ва геоиқтисодии давлат ё консернҳои бузург дар шакли тағйирхӯрда ва такмилшуда пешниҳод мегардад. Ин навъ иттилоот аллакай аз доираи рисолати аслии журналистика, ки расонидани ахбори саҳеҳ ба «аудитория» аст, берун меравад ва по ба ҷодаи сиёсат мениҳад, ки мақсадаш таъсир расонидан ба мафкураи ҷомеа бо дарназардошти манфиатҳои гурӯхҳои алоҳида мебошад. Ҳамин аст, ки солҳои охир дар ин муборизаҳо иттилоот ва идеология ба зинаи аввал баромадаанд. Дар ин замина моро низ зарур аст, ки ба хотири ҳифзи манфиатҳои миллию давлатии кишварамон чораҳои муассир андешем. Аз технологияҳои муосири иттилоотӣ самаранок истифода барем. Зеро технологияҳо ҳамарӯза такмил ёфта, метавонанд, ҳама гуна сарҳадро ба осонӣ убур кунанд, Дар чунин вазъият ягона иқдоми дуруст барои мо ин аст, ки ҳузури иттилоотии худро дар тамоми воситаҳои ахбори оммаи бонуфузи дохилӣ ва ҷаҳонӣ таъмин намоем. Бинобар ин, ба хотири ба таври зарурӣ инъикос намудани фаъолияти ҳизбию сиёсӣ сомонаи ҳизб “Ҳамсафон” тақвият дода шуда, ба Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» дастур дода мешавад, ки сомонаи алоҳидаи худро дар шабакаи ҷаҳонии интернет таъсис дода, аз фаъолияти ҳамарӯзаи намояндагиҳо дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо маълумот интишор намояд. Сохторҳои ҳизбӣ ва созмони ҷавонон дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо вазифадор карда мешаванд, ки онро бо иттилооти дақиқу маводҳои таҳлилӣ таъмин намоянд. Дар робита ба ин масъала таъкид намудан лозим аст, ки масъулини ҳизбӣ ба хабару мақолаҳои ғаразноку дурӯғи мухолифонамон, ки дар воситаҳои ахбори омма ва шабакаҳои иҷтимоӣ ба нашр мерасанд, сари вақт вокуниш нишон намедиҳанд. Зеро аз чигунагии вокуниш ба чунин маводҳо фаҳмиши шахс дар ҷамъият шакл гирифта, дар маҷмуъ метавонад афкори ҷомеаро ба самти нодуруст равона созад. Чанде қабл мо суханронии Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар мулоқот бо фаъолон ва намояндагони ҳамаи табақаҳои ҷомеаи кишвар бахшида ба 10-солагии қабули қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» шунидем, ки онро мардуми кишвар ҳамчун инқилоби маънавию иҷтимоӣ пазируфтанд. Ҷаноби Олӣ аз тарзи татбиқи қонуни мазкур изҳори қаноатмандӣ карда гуфтанд, ки ин қонун тавонист дар амри муқовимат бо зуҳуроти фарҳанги бегона, ҳифзи анъанаву расму русум, арзишҳои миллӣ мусоидат намояд. Бояд гуфт, ки қонуни мазкур аҳволи иҷтимоии сокинони кишварро хеле сабук кард, моро аз зери бори гарони сарфу хароҷотҳои миёншикан, маросимҳои бофтаю сохтаи динию мазҳабӣ, тӯю сурҳои намоишкорона наҷот дод. Фақат як рақам меорем, ки ин қонун дар давраи амалаш 18 миллиард сомонии мардумро сарфа кард. Аммо он боз ҳам ба такмилу таҳрир ниёз дорад. Бинобар ин Пешвои миллат дастур доданд, ки сохторҳои дахлдор бояд дар давоми ду моҳи оянда онро аз нав таҳлил намоянд ва бо назардошти пешниҳодҳои сокинони мамлакат такмил дода, лоиҳаи онро аз нав манзур намоянд. Махсусан қишри ҷавони ҷомеа бояд ба хуби дарк намояд, ки сиёсати давлату Ҳукумати кишвар дар самти ба танзим даровардани ҷашну сур, идҳои миллию мазҳабӣ ва анъанаю маросимҳо маҳз ба хотири пеш аз ҳама дар руҳияи эҳтиром ба арзишҳои миллӣ тарбия намудани насли наврас, таваҷчуҳи бештар зоҳир гардидан ба таъмини шароити зисту таҳсили фарзандон ва муҳимтар аз ҳама аз байн бурдани ҳама гуна бори гарони сарфу хароҷоти беҳуда, ки омили вазнин гардидани шароити зисти ҷавонон мебошад, равона гардидааст. Бо риояи дақиқи қонуни мазкур даҳҳо ҳазор маблағҳои пулиро метавонанд сарфа намуда, барои эҳтиёҷоти фарзандонашон сафарбар намоянд, онҳоро бо шароити илмомӯзӣ ва сарулибоси зарурӣ таъмин созанд ва бо харҷи камтарин хонадор карда, ба зиндагии мустақилона равона созанд. Дар зимн таъкид кардан мехоҳам, ки бо дастури Раиси муаззами ҳизбамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташкилотҳои ҳизбии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва кулли созмонҳои ибтидоиямон бояд ҷиҳати шарҳу эзоҳ ва фаҳмондани нуктаҳои қонуни мазкур дар миёни қишрҳои мухталифи ҷомеа фаъолияташонро вусъат бахшанд ва аз натиҷаи корҳои анҷомдода ба Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон гузориш пешниҳод намоянд. Бо ғамхории Сарвари давлат, Пешвои муаззами ҳизби мо ҷиҳати муҳайё намудани шароити мусоиди таълимиву тарбиявӣ, бунёду такмили муассисаҳо, макотиби таҳсилоти умумӣ ва дигар чораҳо, ки баҳри рушду такомули маърифати зеҳнии ҷавонон замина мегузоранд, андешида шуда истодаанд. Дар ин самт ҳамаи моро зарур аст, ки мафкураи ҷавононро бо ғояҳои пешрафтаю созханда такмил дода, онҳоро дар руҳияи созандагию бунёдкорӣ, барпо намудани ҷомеаи шаҳрвандӣ, тарбия намоем. Ба онҳо фаҳмонем, ки бунёди ҷомеаи озод, ки барои ҳар як инсон шароити арзанда ва инкишофи озодонаро фароҳам меорад, аз талаботи воқеии давлату ҳукумат мебошад. Ҳоло дар миёни ҷавонон шахсиятҳое ба камол расида истодаанд, ки онҳо дар кору таҳсил ва бо одоби шоистаашон намуна буда, дар вуҷудашон хислатҳои волои иқдому ташаббускорӣ ҷӯш мезанад. Лозим аст, ки аз бетафовутӣ нисбати онҳо канор рафта, чунин асолати онҳоро такмил бидиҳем ва дастгирию ҳавасманд гардонем. Зеро ки самти рушди ояндаи кишвар аз ҷавонон вобастагии калон дорад. Бинобар ин ба нашрияи ҳизбии “Минбари халқ” супориш дода мешавад, ки истеъдодҳо ва шахсиятҳои аз байни ҷавонон ба зуҳур омадаро пайдо карда, ҳамчун оинаи ибрат дар саҳифаҳояш ба таври васеъ таблиғ намояд. Ҳамкорони муҳтарам! Таъкид намудан ба маврид аст, ки мо бояд аз дастовардҳои то ин вақт ба даст овардаамон дар бахшҳои мухталифи ҳаёти сиёсию иҷтимоӣ ва иқтисодӣ хотирҷамъ нашуда, фаъолиятҳои ҳизбиамонро дар ҳамаи соҳаҳо рушди тоза бахшем. Хусусан дар миёни ҳамаи қишрҳои ҷомеа корҳои фаҳмондадиҳӣ ва тарғиботию ташвиқотиро вусъат диҳем. Зеро, ки мухолифони мо бо ҳадафҳои ғаразкорона аз тамоми василаю имкониятҳо истифода мебаранд, муваффақиятҳои солҳои истиқлолияти ҷумҳуриро нодида мегиранд. Фаъолнок шудани баъзе аъзои ҳизби мамнуъи наҳзати ислом ва ташкилотҳои ғайриқонунии дигар дар хориҷи кишвар аз он далолат мекунад, ки мухолифони сиёсати имрӯзаи Тоҷикистони азиз ба қавле “аз асп фаромада бошанд ҳам аз узангӯ нафаромадаанд”. Онҳо бо дастгирии ҳомиёни хориҷиашон кӯшиш доранд, ки боз ба ҳам биёянд ва аз тариқи васоити ахбори омма дар ҳаққи мардуми мамлакат туҳмату буҳтон зананд ва матолиби дурӯғро паҳн намоянд. Бо ин восита аз баъзе давлатҳою ташкилотҳои байналмилалӣ паноҳгоҳ ва кӯмакҳои пулӣ дарёфт намоянд. Бинобар ин дар чунин вазъият бояд вазифаи ҳизби мо, ҳар кадом ташкилоти ибтидоӣ ва ҳар як корманди масъули ҳизби Халқии Демократӣ аз он иборат бошад, ки ҳадафу мақсадҳои аслӣ, дастуру нишондодҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва нуктаҳои Барномаи ҳизбро дар мавриди таҳкими сулҳу ваҳдат, оромию осудагии кишвар возеҳу равшан ба мардум фаҳмонанд ва ба иддаоҳои бепояи мухолифин вокуниши ҷиддӣ нишон диҳанд. Дар ин кори пурмасъулияту ватандӯстона низ аъзои ташкилоти ҷамъиятии ҷавонони ҳизб “Созандагони Ватан”, ки аз ҷумлаи бахши ҳушёру варзидаи ҷомеа мебошанд, метавонанд дар сафи пеши муборизони сулҳу ваҳдати миллӣ қарор гирифта, барои муттаҳидии халқу миллат талош варзанд ва нагузоранд, ки зиндагии ободу осоиштаи моро касе халалдор намояд. Ба ҳар як гуфтору иқдоми душманони сулҳу суботи Тоҷикистони азиз ҷавоби муносиб диҳанд. Зеро, ки оромию осудагии мардум барои мо хеле азизу муқаддас буда, дар ҳама давру замон ба ҳифзу нигаҳбонӣ ва таҳким бахшидан ниёз дорад. Дар Барномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ки барои солҳои 2015-2020 қабул гардида, самтҳои афзалиятноки пешрафти кишвар ва фаъолияти ҳар яки моро муқаррар менамояд, ба масъалаи таҳкими ваҳдат ва ризоияти миллӣ аҳамияти аввалиндараҷа дода шудааст. Дар он гуфта мешавад, ки “Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиро асоси пешравии ҷомеа шуморида, барои таҳкими ваҳдат ва ризоияти миллӣ, густариши ғояи миллии «Тоҷикистони озоду соҳибистиқлол - Ватани маҳбуби ҳамаи мо» саъю талош менамояд”. Чуноне ки иттилоъ доред, Ҳукумати мамлакат Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030-ро таҳия ва қабул кард. Мо ҳизбиён вазифадорем, ки барои татбиқи он қотеона амал намоем. Дар ин санади муҳим омадааст, ки таъмини истиқлолияти энергетикӣ ва истифодаи самарабахши нерӯи барқ, аз бунбасти коммуникатсионӣ баромадан, ба кишвари транзитӣ табдил ёфтан ва таъмин намудани амнияти озуқаворӣ, ҳамчунин дастрасии аҳолӣ ба ғизои хушсифат аз вазифаҳои аввалиндараҷаи давлату ҳукумат мебошад. Самти дигари фаъолияти мо чуноне, ки Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси васеи фаъолон ва масъулини шаҳри Душанбе иброз доштанд, бояд баланд бардоштани маданияти шаҳрдорӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ, пешгирии ҷинояткорӣ, амалҳои коррупсионӣ, нашъамандӣ, ободу зебо гардондани манзили зист, шаҳраку маҳаллаҳо ва кабудизор намудани онҳо бошад. Мусаллам аст, ки ҳама гуна таҳаввулоти сиёсию иҷтимоии дар минтақа ва ҷаҳон ба амал омадаро бояд аввал аъзоён ва ҷонибдорони ҳизб дарку эҳсос намоянд, нисбати онҳо вокуниш нишон диҳанд ва ба онҳо баҳои воқеӣ гузоранд, зеро ки аъзои ҳизб бахши пешқадам ва пешсафи ҷомеа маҳсуб меёбанд. Онҳо вазифадоранд, ки мавқеи худро дар баробари ҳама гуна таҳаввулотҳо муайян ва мушаххас намоянд. Ба он хотир, ки дар авзои зуд тағйирёбандаи имрӯза таъхир намудан ҷоиз нест. Мардум ҳамеша ба раҳбару раҳнамое мисли роҳбарияти олии кишвар ва неруи сиёсие чун Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ниёз дорад, ки онҳоро муттаҳиду сарҷамъ намояд ва ба корҳои созанда ҳидоят кунад. Бояд қайд намоем, ки обрӯ ва нуфузи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар низоми байналмилалӣ низ тамоюли афзудан дорад ва мо онро ҳамчун омили тақвияти бештари фаъолият ва робита бо аъзои бурунмарзии худ истифода менамоем. Ҳамкориҳои дуҷонибаи ҳизби мо бо аҳзоби сернуфузи кишварҳои Русия, Чин, Қазоқистон, Белорус ва Озарбойҷон дар асоси созишномаҳои байниҳизбӣ рушд ёфта, обрӯ ва нуфузи моро дар арсаи байналмилалӣ тақвият мебахшанд. Сафари ҳайатҳои баландпояи Ҳизби коммунистии Хитой ба Тоҷикистон ва Ҳизби умумироссиягии “Единая Россия”-и Федератсияи Россия ба кишвари мо ва дидору мулоқоти онҳо бо роҳбарият ва аъзои фаъоли ҳизбӣ мо, ҳамчунин сафари ҳайати кормандону фаъолони ҳизби мо ба Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии мардумии Чин бозгӯи воқеият ва эътимоду боварии тарафайн мебошад. Зикр намудан бамаврид аст, ки ин омилҳо, яъне тақвияти ҳамкориҳои байниҳизбӣ ҷонибдорони моро дар миёни муҳоҷирони меҳнатӣ, ки дар ин кишварҳо қарор доранд, беш аз пеш афзун менамояд. Метавон гуфт, ки дар шароите, ки аксари гуруҳҳо ва ашхоси манфиатҷӯ мехоҳанд бештар аз муҳоҷирини тоҷик барои расидан ба аҳдофи ғаразноки худ истифода намоянд, зиёд намудани ҷонибдорони ҳизб дар хориҷи кишвар ва ба ин васила тақвият бахшидани равобит бо онҳо ба манфиатҳои ҳизби мо мувофиқ аст. Бинобар ин бо мақсади ҳарчи зиёдтар фаро гирифтани муҳоҷирони меҳнатии тоҷики муқими Русия ба сафҳои ҳизб ва кор бурдан дар миёни онҳо дар назди комиҷроияи ҳизбии ноҳияи Сомонии шаҳри Душанбе ташкилоти ибтидоии “Иттиҳод” таъсис додем. Комиҷроияҳои ҳизбии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо вазифадор шудаанд, ки чунин ташкилотҳои ибтидоиро барои муҳоҷирони кории маҳалашон, ки дар минтақаҳои Федератсияи Русия ҳастанд, ташкил намоянд. Баъди чанд соли интизориҳо бо даъвати ҳизби мо ҳайати баландпояи ҳизби умумирусиягии “Единая Россия” бо сарварии муовини Котиби Шӯрои генералии ҳизби “Единая Россия” ба шаҳри Душанбе ташриф овард, ки дар ҷараёни ин сафар Созишномаи ҳамкории миёни ду ҳизб ба имзо расонда шуд. Бояд гуфт, ки роҳандозии чунин ҳамкориҳо махсусан барои мо хеле муҳим мебошад, зеро ки дар ҳудуди як миллион муҳоҷири кории тоҷик дар шаҳрҳои Федератсияи Русия кору зиндагӣ доранд. Дар заминаи ҳамин Созишнома дар шаҳри Маскави Федератсияи Русия барои муҳоҷирони кории тоҷик қабулгоҳи ҷамъиятӣ кушодем, ки дарҳои он барои корафтодаҳо ҳамеша кушода аст. Бовар дорем, ки ин ниҳоди ҷамъиятии ҳизби мо, ки бо мурури замон дар дигар минтақаҳои Федератсияи Русия кушода мешаванд, ҷиҳати баргузорӣ ва ҷалби муҳоҷирон барои иштирок дар маъракаҳои интихоботӣ, ҳаллу фасли проблемаю мушкилоти онҳо мусоидат мекунанд. Муҳтарам аъзои Раёсат, ҳозирини гиромӣ! Ман бовар дорам, ки ташкилотҳои ҳизбии мо дар саросари мамлакат минбаъд низ фаъолияти худро барои татбиқи дастурҳои директивии роҳбарияти олии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, қарорҳои Анҷуманҳои ҳизб, супоришҳои Раиси муаззами ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳидоятҳои Дастгоҳи Кумитаи иҷроияи марказии ҳизб равона намуда, барои баланд бардоштани сатҳи сиёсию маърифатии аъзо ва ҷонибдорони ҳизб, вокуниши саривақтӣ нишон додан ба интиқоди беасоси мухолифон, пешгирии гароиши ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, таблиғи моҳияти аслии ташаббусҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвар, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шумули ҳифзу нигаҳдошти захираҳои об, ки аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид дастгирӣ ёфт, нақши боризи худро мегузорад. Бо назардошти гуфтаҳои боло ба кумитаҳои иҷроияи ҳизб ва намояндагиҳои созмони ҷавононамон “Созандагони Ватан” дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо дастур дода мешавад, ки: - барои амалӣ намудани сиёсати пешгирифтаи давлату Ҳукумати кишвар ва Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар самти кор бо ҷавонон, аз ҷумла тарбия намудани онҳо дар рӯхияи баланди ватандӯстӣ, фаъол намудани онҳо ҷиҳати пойдор нигоҳ доштани Истиқлолияти давлатӣ, Ваҳдати миллӣ ва дигар муқаддасоти миллӣ, инчунин ҷалби бештари ҷавонон ба илму донишҳои дунявӣ дар заминаи арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ ва пешгирӣ намудани онҳо аз гароишҳо ба гурӯҳҳои экстремистию ифротгаро, ҷинояткорӣ, нашъамандиву нашъаҷаллобӣ чораҳои муассир андешанд; - ҷиҳати дарёфти роҳу усулҳои нави муносибат ва корбарӣ бо мардум тадбирҳои мушаххас андешида, барои баланд бардоштани сатҳи маърифати сиёсию ҳуқуқӣ ҷавононро бештар ба чорабиниҳои ҳизбӣ ҷалб намоянд; - фаъолияти ташкилоти ҷамъитии ҷавонон “Созандагони ватан” – ро дар маҳалҳо, бахусус ҷойҳое, ки гароиши ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои мамнуъ ва амалҳои номатлуби ҷамъиятӣ ба мушоҳида мерасанд, тақвият бахшанд; - ҷиҳати баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии сокинон, бахусус ҷавонон сохторҳои ҳизбӣ ва созмони ҷавонони ҳизб “Созандагони Ватан” дар маҳалҳо чораҳои судманд андешанд; - фаъолияташонро ҷиҳати шарҳу тавзеҳ ва фаҳмондани нуктаҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар миёни қишрҳои мухталифи ҷомеа, бахусус ҷавонон вусъат бахшанд ва аз натиҷаи корҳои анҷомдода ба Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон гузориш пешниҳод намоянд. - фаъолияти мунтазами созмони ҷавонони ҳизбро дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо таъмин карда, дар воситаҳои ахбори оммаи ҳизбӣ ба таври васеъ инъикос намоянд, доираи ҳарчи бештари ҷавононро дар фаъолияти созмон ҷалб карда, ташаббусҳои онҳоро дастгирӣ кунанд ва ба ин васила барои бо натиҷаҳои дилхоҳ ҷамъбаст намудани соли 2017, яъне Соли ҷавонон саҳми муносиб гузоранд; - ба ҳама гуна таҳаввулоти сиёсию иҷтимоии дар минтақа ва ҷаҳон ба амал омада баҳои воқеӣ дода, нисбати матлабҳои муғризонаю бардуруғе, ки нисбат ба давлату Ҳукумати кишвар ба нашр мерасанд, вокуниши саривақтӣ нишон диҳанд; - бо мақсади иҷрои бандҳои қарори Маҷлиси КИМ ҲХДТ аз 5 январи соли 2017 масъалаи аз ҳисоби кормандони масъули ҳизбӣ пешбарӣ ва интихоб намудани роҳбарони намояндагиҳои ташкилоти “Созандагони Ватан”- ро ба анҷом расонида, фаъолияти онҳоро дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо тақвият бахшанд. Дар фарҷоми сухан бояд иброз намоям, ки таҷрибаи давлатҳои мутараққии ҷаҳон нишон медиҳад, ки барои фаъолияти ташкилотҳои ҷавонон таҳияи лоиҳаҳои мушаххасе, ки ҳалли масъалаҳои ҷавононро фаро мегиранд, бояд шароити мусоид фароҳам оварда шавад. Танҳо ҳамин гуна ташкилотҳо метавонанд татбиқкунандаи сиёсати давлат дар ҷомеа бошанд. Аз ин лиҳоз, Ташкилоти ҷамъиятии «Созандагони Ватан» дар иртибот бо кумитаҳои иҷроияи ҳизб, дигар созмонҳои ҷаъмиятӣ, бояд барномаи фаъолияти худро бо назардошти таҳаввулоти сиёсии солҳои охир таҳия намуда, ба Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии ҳизб пешниҳод намояд. Натиҷаи ин Барнома бояд иборат аз он бошад, ки сафи ҷавононе ки дар ташкилотҳо ва созмонҳои ҷавонони ҳизб ширкат меварзанд, дар солҳои наздик ба маротиб афзояд ва фаъолияти «Созандагони Ватан» дар тамоми сатҳҳо тақвият дода шавад. Имрӯз зарурат пеш омадааст, ки сиёсати ҳизбии ҷавонон ба тарзу услуби дигар таҳия ва татбиқ карда шавад, бояд роҳҳои самарабахши татбиқи он бо кумитаҳои иҷроияи ҳизб ва дар ҳамкорӣ бо дигар иттиҳодияҳои ҷаъмиятии ҷавонону наврасон амалӣ карда шавад ва дар ин замина, механизмҳои татбиқи сиёсати ҳизбии ҷавонон вобаста ба талаботи замон такмил дода шавад. Эъьтимоди қавӣ дорам, ки ҷавонони мо аз сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҳизбамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамаи самтҳои ҳаёти сиёсию иҷтимоӣ ва иқтисодию фарҳангии ҷомеа амиқан пуштибонӣ менамоянд ва барои устувор мондан нисбати боварию эътимоди Пешвои миллат талош менамоянд. Бинобар ин, ҳамаи моро зарур аст, ки барои татбиқи вазифаҳои дар соли ҷавонон дар назди мою Шумо гузоштаи Раиси муаззами ҳизбамон фаъолнокии бештар нишон диҳем. Дар ин кори пурмасъулият ба аъзои раёсат ва кулли аъзои ташкилотҳои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва онибдоронамон барору комёбиҳо мехоҳам. Саломату сарбаланд бошед! |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.