Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Қасри ҳоким азнавсозӣ мешавад

Қасри ҳоким азнавсозӣ мешавад

20-07-2017, 13:47
Хабарро хонданд: 171 нафар
Назарҳо: 0
                  Қасри ҳоким азнавсозӣ мешавад
Шаҳри Ҳисор баъд аз ҷашни 3000-солагиаш ба натиҷаҳои назаррас ноил шуда, соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ ин ҷо дар ҳоли рушд ҳастанд. Дар ин хусус дар нишасти матбуотии мақомоти иҳроияи ҳокимияти давлатии шаҳр 20 июл гуфта шуд.
Чуноне, ки Шарифҳон ҷумъазода, раиси шаҳри Ҳисор қайд кард, дар давраи ҳисоботӣ нишондодҳои хуб ба даст омада, то имрӯз як қатор камбудиҳо ошкор ва ҳалли худро ёфтаанд. Аз ҷумла, дар самти танзими ҷашну маросимҳои миллӣ бо ҷурми вайрон кардани Қонуни ҷойдошта ҳамагӣ 9 қонуншиканӣ рух дод ва бо маблағи беш аз 40 ҳазор сомонӣ ҷарима ситонида шуд. Миёни афроде, ки дар ин самт ба қонуншиканиҳо роҳ додааанд, ягон хизматчии давлатӣ ба қайд гирифта нашудааст. Ҳамчунин дар масъалаи ҷалби ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои гуногуни хусусияти экстремистиву террористӣ дошта вазъ дар ноҳия муътадил буда, ягон ҳодисаи иштирок намудани ҷавонони шаҳр дар гурӯҳҳои ифротгаро ва амалиёти ҷангӣ дар нуқтаҳои доғи сайёра дида нашудааст.
Ҳисор яке аз манотиқи аз лиҳози иқтисодиву саноатӣ пешрафтаи кишвар ба шумор рафта, айни замон дар ҳудуди шаҳр беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият доранд ва онҳо дар 6 моҳи соли ҷорӣ ба маблағи 62,1 миллион сомонӣ маҳсулот ва коркард кардаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 32,5 млн. сомонӣ, ё 1,9 баробар зиёд мебошад. Ба суоли оид ба фаъолияти корхонаи дӯзандагии «Даҳбед», ки иншооти ҷашнӣ буда, ба истиқболи 3000-солагии бостоншаҳри Ҳисор ба истифода дода шуда буд, посух дода шуд, ки айни ҳол дар коргоҳи мазкур 32 нафар занони маҳаллӣ дар ҳамбастӣ бо сехи дӯзандагии «Машҳура» ҷамъ 60 нафар занону духтарони маҳаллӣ ба дӯхти либосҳои мактабӣ машғул буда, то ба имрӯз 8,5 ҳазор адад либос истеҳсол шудааст. Дар самти дӯхти либосҳои мактабӣ ҳамчунин коргоҳи дӯзандагии ҲДММ «Роҳи тоҷик» ва соҳибкорони маҳаллӣ фаъол будаанд. Ҳамчунин дар хусуси истеҳсоли маҳсулоти воридоти ивазкунанда корхонаҳои шаҳр фаъол буда, истеҳсол ва фурӯши маҳсулоти қаннодӣ, нӯшокиҳои спиртиву ғайриспиртӣ, ришта, қубурҳои металлӣ, нафт, либос, маҳсулоти кишоварзиву саноатӣ афзудааст. Ҳисор имрӯз, чун замони пешин, яке аз таъминкунандаҳои муҳими бозори дохилии кишвар мебошад, аз ҷумла, дар масъалаи таъмини пойтахт бо маҳсулоти гӯштиву ширӣ ва дигар навъҳои молу маводи зарурӣ. Шаҳр минтақаи дорои комплекси пешрафтаи агросаноатӣ буда, дар ин самт ба буҷаи маҳаллӣ ва давлатӣ саҳми муносиб мегузорад.
Рушди иқтисодиёт ва соҳаи кишоварзӣ ин ҷо аз масъалаҳои муҳимтарин ба шумор рафта, то имрӯз шумораи корхонаҳои саноатӣ ва васеъ намудани майдони боғоту киштзор рӯ ба афзудан доранд. Дар асоси Барномаи давлатии тасдиқгардидаи Ҳукумати кишвар қарор аст, дар 5 соли оянда майдони боғу токзорҳои шаҳрро ба 3 ҳазор гектари дигар зиёд кунанд, ки чунин иқдоми созанда ба шуғли доимӣ фаро гирифтани аҳолии маҳаллӣ, таъмин кардани бозори кишвар бо маҳсулот ва содирот хориҷ аз он, баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардум ва ғанӣ гардидани буҷаи маҳаллӣ ва давлатӣ мусоидат хоҳад кард.
Дар бахшҳои маориф, фарҳанг, тандурустӣ, кор бо ҷавонон, оила, рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, ҳамчунин дигар бахшҳо нишондодҳои мусбӣ ба даст омадаанд. Ҳамчунин дар масъалаи пешрафти маркази шаҳр ва баланд бардоштани сатҳи зиндагиву таъмини аҳолӣ бо хизматрасониҳои зарурӣ чораҳои муассир андешида мешаванд. Масалан, агар то ҷашни 3000-солагии шаҳр сокинони маркази он бо ҷурми номукаммал фаъолият намудани шабакаи обёрӣ танҳо 2-3 соат дастрасӣ ба оби ошомиданӣ доштанд, пас аз азнавсозии шабакаи обрасонии шаҳрӣ ҳоло ба 16 соат расида, ният аст, ки дар ояндаи наздик он ба 20 соат расонида мешавад. Ҳамчунин роҳҳои дохилии марказӣ пайи таъмир қарор гирифта, биноҳои нави бисёрошёнаи замонавии истиқомативу хидматрасонӣ қомат афрохта истодаанд, ки бозгӯи сиёсати дурусти Ҳукумат ва давлати кишвар дар самти ободонӣ ва ба ҷои кори доимӣ таъмин кардани аҳолӣ мебошад.
Ш. ҷумъазода афзуд, ки дар давраи ҳисоботӣ ба муассиаи давлатии Мамнӯъгоҳи таърихию фарҳангии Ҳисор 11 ҳазору 46 меҳмон, аз ҷумла 1716 нафар аз хориҷи кишвар барои шиносоӣ бо таъриху тамаддуни қадимаи Ҳисор ва мардуми тоҷик ташриф овардаанд. Қалъаи Ҳисор имрӯз ба ҷойи мақбули сайёҳон ва маркази туризм табдил шуда, бо мақсади рушди минбаъдаи соҳаи сайёҳӣ дар ин мавзеи таърихӣ инфрасохтори зарурӣ ташкил мешавад. Дар заминаи барномаи ҳифзу нигаҳдории ёдгориҳои таърихиву меъморӣ аз ҷониби Дирексияи иншоотҳои асосии Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҷумҳурии Тоҷикистон барои тармиму барқарорсозии «Қасри Ҳоким» 1 миллиону 300 ҳазор сомонӣ ҳудо шуда, то ба имрӯз аз ҷониби Муассисаи давлатии илмӣ-истеҳсолии ҳифзу нигоҳдории ёдгориҳои таърихиву меъмории Вазорати фарҳанги кишвар ба маблағи 893111 сомонӣ корҳо ба анҷом расидаанд.
Азамат Дӯстов








Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: