
Даври нахустини гуфтугӯи бурунрафти Бритониё аз Иттиҳоди Аврупо (ИА) бидуни пешрафте ба поён расид. Ҷонибҳо натавонистанд, роҷеъ ба ҳуқуқи шаҳрвандони ИА баъди хориҷшавии Бритониё ва ҷуброн пардохт кардани Лондон барои тарки Аврупо ба созиш бирасанд.
Ин нуктаро раҳбари ҳайати ИА Мишел Барне дар нишасти хабарие баён дошт, ки баъди анҷоми гуфтугӯ баргузор гашт.
Даври навбатии гуфтугӯ охири моҳи августи соли равон баргузор мешавад. Дар он ба масъалаи ҳуқуқи шаҳрвандони Бритониё ва ИА баъди бурунрафти Лондон аз иттиҳод, марзи Ирландияи Шимолию Ҷумҳурии Ирландия ва иддаои молии Брюссел зидди Лондон таваҷҷуҳи хос зоҳир хоҳад шуд.
Бритониё исрор меварзад, ки қарордод дар бораи савдои озод бо ИА низ ба баррасӣ гирифта шавад, вале Брюссел мегӯяд, то ба се суоли худ ҷавоби мушаххас нагирад, ҳамкориҳои тиҷориро муҳокима нахоҳад кард.
Гуфтугӯи бурунрафти Бритониё аз ИА 19 июни соли равон дар Брюссел оғоз шуда, то охири соли 2018 идома хоҳад ёфт. Баъди ин ба ҷонибҳо шаш моҳ вақт дода мешавад, то созишномаро дар порлумонҳои худ ба тасвиб расонанд.