Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » S&P баъди Brexit рейтинги ИА-ро поин бурд

S&P баъди Brexit рейтинги ИА-ро поин бурд

5-07-2016, 11:00
Хабарро хонданд: 184 нафар
Назарҳо: 0
S&P баъди Brexit рейтинги ИА-ро поин бурд
Оҷонсии байналхалқии рейтингии Standard & Poor’s мақоми Иттиҳоди Аврупоро (ИА) дар пасманзари нигарониҳои марбут ба ягонагии ин созмон баъди хуруҷи Бритониё, поин бурдааст.

Бархе аз ҳизбҳои аврупоии интиқодгари Иттиҳод аз хуруҷи Бритониё истиқбол карда, давлатҳои дигар, ба вижа Фаронсаро низ даъват кардаанд, ки барои берун рафтан аз ҳайати Иттиҳоди Аврупо раъйпурсӣ баргузор кунад.

Standard & Poor’s мақоми кредитии Иттиҳодро аз "АА+" то "АА" поин оварда. Ба андешаи оҷонсии кредитӣ аз Уолл-стрит, хуруҷи Бритониё ба буҷаи Иттиҳод таъсир мерасонад. Соли 2016 Олмон, Фаронса ва Бритониё мутаносибан 21, 16 ва 13 дарсади маҷмуи умумии буҷаи Иттиҳодро пардохтаанд.

"Пешгӯии даромадҳо, баназаргирии сармояи тӯлонимуҳлат ва дигар нукоти сармояи калидии Иттиҳод ба мушкилоти ҷиддӣ дучор мешавад", - омадааст дар хабари оҷонсӣ. Дар ҳамин ҳол, оҷонсӣ мегӯяд, рейтинги минбаъдаи Иттиҳод муътадил хоҳад буд ва ҳеч тағйироте ворид нахоҳад шуд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: