ТАМУЗИ ТОБИСТОН: имрӯз ҳарорат дар баъзе минтақаҳои мамлакат то ба 44 дараҷа мерасад28-07-2017, 15:51
Хабарро хонданд: 178 нафар
Назарҳо: 0
Имрӯз, 28 июл, дар ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбанда шуда, дар баъзе минтақаҳо ҳарорат то ба 44 дараҷа мерасад. Мувофиқи маълумоти мутахассисони Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво тағйирёбанда шуда, ҳарорат дар ғарби вилоят 32-37 дараҷа ва дар шарқи он 20-25 дараҷаро ташкил медиҳад. Дар вилояти Хатлон ҳавои камабр дар назар дошта шудааст, дар водиҳо 39-44 дараҷа гарм мешавад. Дар вилояти Суғд ҳаво абрнок шуда, ҳарорат 34 -39 дараҷаро ташкил медиҳад. Дар ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои абрнок шуда, ҳарорат дар водиҳо ба 37-42 дараҷа мерасад. Дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбанда дар назар дошта шуда, 39 – 41 дараҷа гарм мешавад. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.