Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Мулоқот бо аҳолӣ

Мулоқот бо аҳолӣ

14-06-2017, 09:16
Хабарро хонданд: 180 нафар
Назарҳо: 0
Мулоқот бо аҳолӣ
КОНИБОДОМ. Дар шахри Конибодом тибки накшаи кумитаи иҷроияи ҲХДТ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шахр мулокоту вохурихо бахшида ба 20 умин солгарди Вахдати миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида истодааст. Санаи 13 июн чунин мулокот бо рохбарии гурӯҳи корӣ муовини кумитаи чавонон ва варзиш Ахмадзода Дилноза, Хабибзода Зоҳир Иззат мудири шуъбаи умумии КИМ ХХДТ, ректори ДДХ ба номи Б.Гафуров Рахимов Абдуфаттох, муовини раиси шахри Конибодом Ёдгори Фирдавс, раиси КИШ ХХДТ Бобочонзода Азимчон дар Чамоати дехоти Патар дар хочагии дехконии ба номи Д.Иссоев, Чамоати дехоти Пулотон дар толори МТМУ №25 ва дар ҳудуди шаҳр дар чойхонаи Дилписанди боғи марказии шахри Конибодом бо иштироки фаъолони ҲХДТ, раисони кумитаи махаллахо, омӯзгорон, чавонон ва сокинон мулокот баргузор гардид. Мехмонон дар баромадашон оид ба имзо расидани ин санади муҳими сарнавиштсоз, ки дар тақдири минбаъдаи халқи тоҷик нақши бузург дошт, дар таърихи давлатдории ҷаҳон воқеаи басо нодир ва аз нигоҳи сиёсӣ хеле арзишманд маҳсуб меёбад. Он бори дигар, ба ҷаҳониён аз иродаи қави, ақлу хиради азали ва фарҳанги сулҳофарини мардуми тоҷик дарак дода, собит намуд, ки асолату ҷавҳари бунёди халқи тоҷик сулҳҳ салоҳ, таҳаммулгарои, созишу ҳамдигарфаҳми ва ваҳдату ягонаги мебошад. Албатта, роҳи расидан ба ин айёми саид, рӯзҳои босафои сулҳу ваҳдат ва осоиштаву осуда осону ҳамвор набуда, балки натиҷаи паси сар намуданҳои ихтилофу муноқишаҳои бардавом, истодагариҳо дар пешорўи манфиатҷӯёни дохиливу хориҷи ва ниҳоят, самараи ақлу хиради солим буд, ки дар меҳвари ҳамаи ин талошу ҷонбози ва дастовардҳо Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомали Раҳмон қарор доштанд суханрони намуданд. Сипас якчанд омузгори МТМУ № 20, хонандагони синфхои болоии МТМУ № 19 баромад намуда таклиф намуданд, ки занги камолот ба таври пешин санаи 25 май гардонида шавад. Инчунин мехмонон иштирокчиёнро бо иди Рамазон ва соли чавонон табрик намуданд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: