ВАҲДАТИ МИЛЛӢ – ҶАШНИ ТАЪРИХӢ!15-06-2017, 12:03
Хабарро хонданд: 157 нафар
Назарҳо: 0
Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Беморхонаи Хатлон» бо аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ бахшида ба 20 – солагии Ваҳадати миллӣ ҷамъомад баргузор гардид. Дар ҷамъомад раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ш. Кӯлоб Валиева Саъбагул баромад намуда, изҳор дошт, ки расидан ба Истиқлолият ва Ваҳдати миллӣ ин орзуи деринаи ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ буд. Бо заҳматҳои шабонарӯзии Пешвои миллат ва мардуми тоҷик Истиқлолият ва Ваҳдати миллиро ба даст овардем. Ҳамзамон қайд дошт, ки мардуми тоҷик табиатан сулҳдӯсту сулҳпарвар буда, дар лаҳзаҳои басо ҳассосу тақдирсоз сиёсати пешгирифтаи роҳбарияти давлатро дастгирӣ карда, зиндагии осоишта ва меҳнати ҳалолро аз ҷангу хусумат болотар медонанд. Инчунин, раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Беморхонаи Хатлон» Азизов Саъдӣ ва дигар аъзои фаъоли ҲХДТ доир ба моҳияти Ваҳдати миллӣ ибрози ақида намуда, ваъда доданд, ки барои ободии Ватан ва устувории пояи Ваҳдати миллӣ ҳамеша саҳми арзандаи худро мегузоранд. Дар охир ба аъзои нави ҲХДТ билетҳои ҳизбӣ супорида шуд. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.