Мулоқоти С.Аслов бо Дабири кулли Хадамоти аврупоии амалиёти хориҷии Иттиҳоди Аврупо17-05-2017, 16:18
Хабарро хонданд: 215 нафар
Назарҳо: 0
ДУШАНБЕ, 17.05.2017. /АМИТ «Ховар»/. 16 май дар шаҳри Брюссел дар ҳошияи иштирок дар ҷаласаи шашуми Шӯрои ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов бо Дабири кулли Хадамоти аврупоии амалиёти хориҷии Иттиҳоди Аврупо Ҳелга Шмид мулоқот намуд. Тибқи иттилои Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар мулоқот ҷонибҳо ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди муносибатҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупоро муҳокима карданд. Аз сатҳу сифати муносиботи зудрушдёбанда миёни Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар доираи абзорҳои мухталифи ҳамкории дуҷониба ва минтақавӣ ибрози қаноатмандӣ карда шуд. С.Аслов ва Ҳ.Шмид оид ба ҷанбаҳои калидии шарикии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо, аз ҷумла дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодию тиҷоратӣ, амният ва ҳамкории минтақавӣ табодули назари судманд доштанд. Ҷониби Тоҷикистон аз дастгирии Иттиҳоди Аврупо дар татбиқи амалии Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи солҳои 2016-2030, инчунин ҳадафҳои Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», 2018-2028 изҳори умедворӣ кард. Мусоҳибон ҳамчунин масъалаҳои рӯзномаи байналмилалӣ ва дигар мавзӯъҳои мавриди эҳтимоми муштаракро баррасӣ намуданд. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.