Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » Тақсимоти мутахассисони ҷавон дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон

Тақсимоти мутахассисони ҷавон дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон

2-05-2017, 09:54
Хабарро хонданд: 146 нафар
Назарҳо: 0
Тақсимоти мутахассисони ҷавон дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон
Таъмини мақомоти давлатӣ бо кадрҳои ҷавону ҷавобгӯи талаботи замони муосир, хусусан мутахассисоне, ки дорои ҳулқу атвори ҳамида ва ҳисси баланди ватандӯстианд, дар маркази таваҷҷуҳи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад,- зикр шуд дар маросими тақсимоти давлатии мутахассисони ҷавон, ки дар факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо иштироки намояндагони мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид.
Дар ҷамъомад таъкид шуд, ки қисми бештари аҳолии кишварамонро ҷавонон ташкил дода, онҳо давомдиҳандагони фаъолияти калонсолон, неруи созанда ва иқтидори воқеии рушду пешрафти кишварамон мебошанд.
Хатмкунандагони факултаи ҳуқуқшиносӣ, ки номзад ба гирифтани дипломи аълочӣ ҳастанд ва тӯли 5 сол дар гурӯҳи буҷавии донишгоҳ таҳсил намудаанд, ба намояндагони вазорату идораҳои мамлакат муаррифӣ гардида, барои дар мақомоти гуногуни давлатӣ ба кор ҷалб шудан роҳхат гирифтанд.
Бояд тазаккур дод, ки дар соли 2017, ки аз ҷониби Пешвои миллат Соли ҷавонон эълон гардидааст, тақсимоти давлатии мутахассисони ҷавон дар факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон иқдоми некест дар роҳи таъмини мақомоти давлатӣ бо кадрҳои лаёқатманд. Тақсимоти давлатии мутахассисони ҷавони факултаи ҳуқуқуқшиносии Донишгоҳи миллӣ барои кор дар мақомоти давлатӣ ҳамасола ба таври анъанавӣ гузаронида мешавад.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: