Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » Созандагони Ватан аз Рӯзи театри тоҷик истиқбол гирифтанд

Созандагони Ватан аз Рӯзи театри тоҷик истиқбол гирифтанд

8-11-2016, 15:12
Хабарро хонданд: 289 нафар
Назарҳо: 0
Созандагони Ватан аз Рӯзи театри тоҷик истиқбол гирифтанд

Дар толори театри вилоятии мусиқӣ – мазҳакавии ба номи С. Вализода бахшида ба Рӯзи театри тоҷик чорабинии фарҳангӣ бо иштироки васеи аъзои ТҶҶ «Созандагони Ватан» доир гардид.

Дар чорабинӣ раиси ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар вилояти Хатлон Ҳамидов Орзу, шоири халқии Тоҷикистон Ҳақназар Ғоиб, директори театр Амина Табарова ва дигар фаъолони шаҳр иштирок кардаданд.

Зимни чорабинӣ раиси ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар вилояти Хатлон Ҳамидов Орзу аҳли фарҳангро бо Иди касбиашон табрик намуда, иброз кард, ки имрӯз соҳаи фарҳанг ва санъат яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати фарҳангии Ҳукумати Тоҷикистон маҳсуб ёфта, он ҳамчун таҷассумгари симои маънавии халқ, муттаҳидсозандаи нерӯҳои ақлониву зеҳнӣ, баёнгари таърихи гузаштаву муосир, анъана, одобу ахлоқи ҳамида ва дигар муқаддасоти миллӣ дар ҷомеа мақоми арзандаро касб намудааст.

Дар рафти чорабинӣ намоишномаҳои театрӣ, сурудҳо дар васфи ватан, модар, истиқлолият, рақсҳои миллӣ, саҳначаҳои ҳаҷвӣ аз ҷониби кормандони теарт пешкаши аҳли нишаст гардонида шуд.

Дар охир ба як қатор фаъолони соҳаи фарҳанг ифтихорнома ва сипосномаҳо дар фазои тантанавӣ супорида шуаданд.
Ёдрас мекунем, ки соли 1938 театри драмавии мусиқӣ дар шаҳри Кӯлоб ба фаъолият шуруъ, ки баъдан соли 1980 театри вилоятии мусиқӣ – мазҳакавии ба номи Сайдалӣ Вализода иваз карда шуд.




Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: