Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » МУБОРИЗА БАР ЗИДДИ ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКТРЕМИЗМ ҲАМЕША ДАР МАДДИ АВВАЛ ҚАРОР ДОРАД

МУБОРИЗА БАР ЗИДДИ ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКТРЕМИЗМ ҲАМЕША ДАР МАДДИ АВВАЛ ҚАРОР ДОРАД

6-04-2017, 12:28
Хабарро хонданд: 211 нафар
Назарҳо: 0
МУБОРИЗА БАР ЗИДДИ ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКТРЕМИЗМ ҲАМЕША ДАР МАДДИ АВВАЛ ҚАРОР ДОРАД

Солҳои охир дар мактабҳои олӣ ба ҷараёни корҳои тарбиявӣ диққат ва аҳамияти бештар дода мешаванд. Зеро тарбия падидаи иҷтимоӣ, фарҳангӣ, психологӣ ва педагогӣ буда, барои танзими ҳаёти инсон ва пешрафти ҷамъият хизмат менамояд. Он ҳамчун фаъолияти махсуси мақсадноки инсон барои рушди шахс ва ворид шудани ў ба ҷараёни воқеӣ ва бунёди ҳаёти маданӣ равона карда мешавад.

Имсол халқи тоҷик 20-умин солгарди Ваҳдати миллиро ҷашн мегиранд. Ин ҷашн тантанаи нерўи бегазанду созандаву пешбару тавонои ваҳдат хоҳад буд. Ва боз ҳам ба ҷаҳониён собит хоҳад кард, ки халқи тоҷик табиатан ваҳдатпараст буда, на ин ки дар дохили кишвари худ, балки дар саросари ҷаҳон ваҳдатро меписанданд.

Дар даврони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ваҳдат дар байни халқи тоҷик мартабаю мақом ва аҳамияти бештар пайдо кард. Моҷарою даргириҳое, ки дар Ватанамон солҳои 90-уми асри гузашта ба вуқӯъ пайвастанду боиси ғаму андуҳу маҳрумиятҳо гаштанд, бори дигар аҳамияти ваҳдат ва нақши онро дар ҳаёти осоишта собит сохтанд.

Маҳз гаравиши дубора ба ваҳдат дар охири ҳамон солҳо ба халқи мо бахту саодат овард, мамлакатро тинҷу осуда, мардумро хурраму хушрӯзгор сохт. Ба ифтихори мо, ваҳдати миллат сол то сол нерўманд гашта, устувор шуд ва ҳама боварӣ дорем, ки ҳаргиз он завол нахоҳад ёфт.

Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ дар охири соли 2016 ироа гардид ва ин имкон фароҳам овард, ки аҳли кишвар, нақшаи фаъолияти худро дар соли 2017 ҳадафмандонаву воқеӣ ва вобаста ба муҳимтарин масоили зиндагӣ мураттаб созанд.

Дар ин Паём доир ба масъалаи тероризм Сарвари давлат мулоҳизаронӣ намуда, чунин изҳор доштанд:
Солҳои охир терроризм ва экстремизм ба хатари глобалӣ табдил ёфта, ҷаҳони муосирро ба ташвиш овардааст.

Афзоиши ҷиноятҳои хусусияти экстремистӣ ва террористидошта ба вусъат ёфтани терроризми байналмилалӣ, фаъолшавии унсурҳои тундраву ифротгаро, ҷалби ҷавонон ба сафи созмонҳои экстремистиву террористӣ ва иштироки онҳо дар низоъҳои мусаллаҳонаи давлатҳои хориҷӣ мусоидат менамояд.

Дар давоми даҳсолаҳои охир ва махсусан аз нимаи дуюми асри XX терроризм ва экстремизм мавриди таваҷҷӯҳи ҳаматарафаи олимон ва сиёсатмадорон қарор гирифт. Бахусус, аз ҷониби коршиносони мамлакатҳои Ғарб омўзиши ин зуҳуроти номатлуб дар мадди аввал гузошта шуд. Шояд суоле ба миён биёяд, ки барои чӣ ба омӯзиши ин масъала маҳз дар ҳамин давра таваҷҷӯҳ зоҳир гардид. Таърих исбот мекунад, ки дар ҳама давру замони форматсияҳои ҷамъиятӣ содиршавии терроризм ва экстремизм вуҷуд дошт ва танҳо дар нимаи дуюми асри ХХ дар қатори дигар проблемаҳо терроризм ва экстремизм ба проблемаи глобалии ҷаҳонӣ табдил ёфт.

Омӯзиши ин самт дар корҳои зиёди илмии таҳлилгарон, олимон ва сиёсатмадорон баррасӣ карда шудааст ва проблемаи мазкур онро тақозо мекунад, ки ин самт бояд ба таври васеъ ва ҳаматарафа омӯхта шуда, сабабу омилҳо ва чораҳои пешгирикунандаи терроризм ва экстремизм муайян карда шавад. Зеро ки ин зуҳурот намуди ҷинояти махсусан вазнин буда, имрӯзҳо ҷаҳонро ба таҳлука андохтааст.

Ба ҳамагон маълум аст, ки имрӯзҳо аз ҷониби кадом созмонҳо ва давлатҳо ба ташкилотҳои террористӣ, экстремистӣ кӯмак расонида мешаванд. Назари таҳлилгарон, олимон ва сиёсатмадорон дар ин хусус ҳаминро нишон медиҳад, ки аз ин рафтори созмонҳо ва давлатҳои алоҳида террористон ва экстремистон истифода бурда, барои ба ҳадафҳояшон расидан даст ба куштору таркиш мезананд.

Бояд гуфт, ки Тоҷикистон чун як давлати мустақил ба арсаи ҷаҳонӣ қадамҳои нахустини худро дар солҳои 90-уми асри ХХ гузошта, пеш аз ҳама ба ҷанги шаҳрвандӣ дучор гардид ва ба ҷиноятҳои ҳам анъанавӣ ва ҳам навини асри ХХ-ХХ1 аз қабили терроризм, экстремизм, сепаратизм, хариду фурӯши силоҳ, савдои одамон ва гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар дучор гардид.
Тоҷикистон дар кӯтоҳтарин муддат оид ба ин раванд ба ҷомеаи ҷаҳонӣ пайваста, аз рӯзҳои аввалини давлатдории хеш чунин ҷиноятҳоро маҳкум карда, ба қонунҳои амалкунанда тағйироту иловаҳо ворид карда, ба ташкилотҳои байналмилалии давлатию ғайридавлатӣ дар ин раванд ҳамроҳ шуда, ҳамагуна зуҳуроти террористӣ ва экстремистиро қотеъона маҳкум кард.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромадҳояшон чандин маротиба аз минбари баланди СММ ва дигар ташкилотҳои бонуфузи байналмилалӣ таъкид менамоянд, ки Тоҷикистон ва тоҷикистониён дар ҳама давру замони давлатдориашон зидди зуҳуроти терроризм ва экстремизм буданд ва ҳастанд. Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ дар самти мубориза бар зидди зуҳуроти терроризм ва экстремизм чун як иштирокчии фаъол мешиносанд ва арзёбӣ мекунанд.

Дар масъалаи бартараф кардани сабабу шароитҳое, ки ба содир шудани ин қабил ҷиноятҳо оварда мерасонад, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар қишрҳои ҷомеа чораҳо андешида истодаанд, аз қабили баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум, зиёд кардани ҷойҳои нави корӣ, фаро гирифтани ҷавонон ба варзиш, ташаккул додани мафкураи баланди ватандӯстию ватанпарастӣ, корҳои фаҳмондадиҳӣ. Ин ҳама чорабиниҳо дар барномаҳои дурнамои тараққиёти имрӯзаи Ҷумҳурии Тоҷикистон васеъ таҷассум ёфтааст.

Тамоми қишрҳои ҷомеа ва хосатан устодону шогирдони боргоҳи кӯҳанбунёди илму маърифати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Паёми имсолаи Пешвои миллатро-Паёми ояндаи ободу осудаи Тоҷикисони соҳибистиқлол, мағз ва ҷавҳари Паёми имсола номида, тасмим гирифтаем, ки баҳри иҷрои дастуру супоришҳо ва вазифаҳои гузошташуда барои баланд бардоштани сифати таълиму тарбия, тайёр намудани мутахассисони ҷавобгӯи талаботи замони муосир, баҳри диққати донишҷӯёнро ҷиҳати аз бар намудани донишҳои муосир, бештар таваҷҷӯҳ зоҳир намудан ба забонҳои хориҷӣ ва омӯзиши технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ, дар руҳияи донишомӯзиву меҳнатдӯстӣ, мустаҳкам кардани пояҳои ахлоқии ҷомеа, ташаккули афкори эҷодиву созандаи халқ ва гиромидошти арзишҳои фарҳанги милливу умумибашарӣ, тамоми нерӯи ақлониву ҷисмонии худро равона намуда, Ватани азизамон - Тоҷикистонро дар арсаи ҷаҳонӣ ба сатҳи кишвари ободу осудаи олам мебардорем.

М. И. Шамсидинов,
муовини ректор оид ба корҳои тарбияи
Донишгоҳи давлатии Хуҷанд
ба номи академик Б.Ғафуров, аъзои ҲХДТ
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: