Духтарони моҳпайкари тоҷик бо ҳунару маҳорат, малакаву истеъдоди табии худ ҳамчун офарандаи зебогиву латофат васф гардидаанд. Бонувони тоҷик дар ашъори шоирону орифон ҳамчун олиҳаи ҳусн зебогии тараннуми ишқу муҳаббат ва илҳоми шоирана будаанд, ки ба он ҳамчун пайкари таҷаллӣ-маъвои зиндагӣ баҳои баланд дода шудааст. Аз ин нуқтаи назар бори дигар исботи гуфтаҳои халқӣ ёд меояд, ки чунин аст: “Зебогӣ ҷаҳонро наҷот медиҳад”
Бахшида ба сазовор таҷлил намудани Наврӯзи байналмилалӣ Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе дар асоси нақша-чорабиниҳо дар Литсей -интернати Президентӣ озмуни “Симои духтари тоҷик”-ро баргузор намуд. Дар озмуни мазкур хонандагони синфҳои болоии литсейи мазкур иштирок намуда, аз рӯйи 6 шарт байни худ қувваозмоӣ намуданд.
Баргузории чунин озмунҳо барои ба ҳаёти мустақилона омода гардидани духтарон мусоидат намуда, дар зеҳн ва тафаккури онҳо ҳисси зебоиро зиёд менамояд.
Дар анљоми озмуни мазкур аз ҷониби Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ба ғолибон тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.
Сипас аз ҷониби хонандагон ба хотири болидахотирии меҳмонон ва ҳозирин барномаи фарҳангӣ, ки фарогирӣ сурудҳои ватандӯстӣ ва баҳору Наврӯз буд, намоиш дода шуд.