Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Суханронӣ дар мулоқот бо роҳбарону фаъолон ва намояндагони сокинони шаҳри Душанбе

Суханронӣ дар мулоқот бо роҳбарону фаъолон ва намояндагони сокинони шаҳри Душанбе

16-02-2017, 13:30
Хабарро хонданд: 188 нафар
Назарҳо: 0
Суханронӣ дар мулоқот бо роҳбарону фаъолон ва намояндагони сокинони шаҳри ДушанбеҲамватанони арҷманд!
Ҳозирини гиромӣ!
Ҳадафи мулоқоти мо бо шумо, вакилони мардумӣ, роҳбарону фаъолон ва намояндагони сокинони шаҳри Душанбе, ҳамчунин, аъзои Ҳукумати мамлакат, роҳбарони сохтору мақомоти назди Президент ва Ҳукумат, ташкилоту муассисаҳои ҷумҳуриявӣ, бонкҳои давлативу тиҷоратӣ ва соҳибкорону тоҷирон баррасии вазъи иқтисодиву иҷтимоӣ, мушкилоти мавҷудаи пойтахт ва дарёфти роҳҳои ҳалли онҳо мебошад.
Ҳарчанд ки Ҳукумати мамлакат дар замони истиқлолият доир ба масъалаи ободу зебо гардонидани шаҳри Душанбе ҳамчун пойтахти Ватани маҳбубамон ҳамаи тадбирҳои заруриро амалӣ гардонид, вале марҳалаи нави рушди иқтисодиву иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон тақозо менамояд, ки ба рафъи мушкилот ва ҳалли масъалаҳои маркази кишвар минбаъд низ эътибори аввалиндараҷа дода шавад.
Зеро шаҳри Душанбе ҳамчун маркази маъмурии мамлакат ва ойинаи миллати соҳибтамаддуни тоҷик бояд ба меъёрҳои ҷаҳонӣ мутобиқ гардонида шавад.
Маҳз ба ҳамин хотир, дар давоми бисту панҷ соли истиқлолияти давлатӣ Ҳукумати мамлакат ба ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди шаҳри Душанбе эътибори доимӣ дода истодааст.
Дар натиҷа пойтахти кишварамон бо дастгириву ғамхориҳои давлату Ҳукумат ва албатта, ба шарофати заҳмати созандаву ташаббусҳои ватандӯстонаи сокинони он хеле ободу пешрафта гардонида шуд.
Дар баробари ин, бояд гуфт, ки ҳанӯз аз оғози солҳои 90-уми асри гузашта шаҳри Душанбе маркази нооромиву бесуботӣ ва макони амалигардонии мақсадҳои ғаразноки душманони дохиливу хориҷӣ гардид.
Дар он солҳо шаҳр ҳатто рисолати худро ҳамчун пойтахти мамлакат гум карда буд, зеро сохторҳои идоракунии давлат пурра фалаҷ гардида, тамоюли марказгурезӣ авҷ гирифт.
Фикр мекунам, ки сокинони шаҳри Душанбе он рӯзҳои вазнину фоҷеабор, яъне айёмеро, ки мардум аз тарси ҷони худ ва аҳли оилаашон ҳатто ба кӯчаи шаҳри хеш ва ба ҷойи корашон баромада наметавонистанд, ҳаргиз фаромӯш намекунанд.
Вазъият чунон мураккабу буҳронӣ шуда буд, ки ҳатто имкони дар пойтахт гузаронидани иҷлосияи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон вуҷуд надошт ва мо маҷбур шудем, ки Иҷлосияи XVI - уми таърихии Шӯрои Олиро дар шаҳри Хуҷанд баргузор намоем.
Дар зарфи солҳои баъдӣ зарурати барқарор намудани фаъолияти ҳамаи зинаҳои фалаҷшудаи сохтору мақомоти давлатӣ пеш омада, низоми самарабахши мақомоти ҳокимият ва ислоҳоти куллии идораи давлатӣ маҳз дар пойтахти кишвар ба роҳ монда шуд.
Ҳанӯз аз ҳамон давраҳо рушди иқтисодиву иҷтимоии шаҳр таҳти назорати бевосита ва доимии Роҳбари давлат қарор дошта, дар ин муддат аз ҳисоби буҷети давлатӣ ва фондҳои марказонидашудаи ҷумҳуриявӣ барои пешрафти соҳаҳои мухталифи иқтисодиёти шаҳри Душанбе 18,6 миллиард сомонӣ сарф гардид ва танҳо соли 2016 ба ин мақсад 2,1 миллиард сомонӣ хароҷот карда шуд.
Илова бар ин, аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ тавассути Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президент дар зарфи солҳои 2006-2016 дар ҳудуди шаҳри Душанбе корҳои сохтмону азнавсозӣ ва таъмири асосии 32 иншооти иҷтимоиву хизматрасонӣ ба маблағи умумии якуним миллиард сомонӣ ба анҷом расонида, мавриди истифода қарор дода шуд, аз ҷумла 18 иншооти навбунёд ба маблағи 1,2 миллиард сомонӣ ва 14 иншоот ба маблағи 242 миллион сомонӣ таҷдиду азнавсозӣ гардид.
Дар давраи зикршуда бонкҳо ва ташкилотҳои маблағгузории хурд ба корхонаву муассисаҳо, соҳибкорон ва аҳолии шаҳр ба маблағи 35 миллиард сомонӣ қарз додаанд, ки 3,6 миллиард сомонии он ба соли 2016 рост меояд.
Имрӯз шумораи корхонаҳои саноатии шаҳр ба 468 расидааст, ки нисбат ба соли 1991-ум 273 корхона ё 2,5 баробар зиёд мебошад.
Вале бояд гуфт, ки соли 2016-ум 57 корхонаи саноатӣ бо сабаби фарсудашавии таҷҳизоти технологӣ ва камбудии молиявӣ аз фаъолият бозмонда, боиси коҳиш ёфтани истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ва кам шудани ҷойҳои корӣ дар шаҳри Душанбе гардидааст.
Инчунин, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот дар 160 корхона паст гардида, дар натиҷа аз 78 намуди маҳсулоти муҳимми саноатӣ истеҳсоли 31 номгӯй (40 фоиз) назар ба соли 2015 кам, 5 номгӯй маҳсулот (6,4 фоиз) умуман истеҳсол нашудааст ва дар натиҷа ҳаҷми содироти корхонаҳои саноатии пойтахт назар ба соли 2015-ум 33 фоиз коҳиш ёфтааст.
Соли гузашта аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои сармоягузорӣ барои бунёду барқарорсозии иншооти муҳимми шаҳр 3 миллиард сомонӣ равона гардид, ки нисбат ба соли 2000-ум 305 баробар зиёд мебошад.
Ҳукумати мамлакат, инчунин, дар даврони соҳибистиқлолӣ ба иқтисодиёти шаҳри Душанбе беш аз 43 миллиард сомонӣ сармояи хориҷиро ҷалб намуд, ки қариб 70 фоизи ҳаҷми умумии сармоягузории хориҷии кишварро ташкил медиҳад.
Дар замони истиқлолият ба иқтисодиёти Тоҷикистон беш аз 63 миллиард сомонӣ сармояи хориҷӣ ҷалб карда шудааст.
Бо ташаббус ва дастгирии Ҳукумати кишвар барои ба меъёрҳои ҷаҳонӣ мутобиқ гардонидани пойтахти кишвар як силсила тадбирҳои амалӣ андешида шуданд.
Аз ҷумла, бо ҷалби сармояи хориҷӣ меҳмонхонаҳои муосир мавриди истифода қарор гирифта, меҳмонхонаҳои амалкунанда аз ҳисоби буҷети давлатӣ таъмиру тармим гардиданд.
Аммо таъкид месозам, ки меҳмонхонаҳои таъмиршуда ҳанӯз ҳам ба меъёрҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ набуда, барои қабули меҳмонон аз дохил ва хориҷи кишвар шароити зарурӣ надоранд.
Дар натиҷаи таҷдиди фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе, аз ҷумла бунёди терминали нави мусофиркашонӣ, ки арзиши беш аз 400 миллион сомониро ташкил медиҳад, сатҳи қабули меҳмонону мусофирон беҳтар гардида, барои назорати гумрукӣ ва хизматрасонии замонавӣ ба мусофирон имконияти мусоид фароҳам оварда шуд.
Дар баробари ин, дар шаҳр бо ҷалби сармояи соҳибкорони ватанӣ ва хориҷӣ даҳҳо иншооту биноҳои фарҳангиву варзишӣ бунёд гардиданд.
Айни замон, бо ҷалби сармояи мустақими хориҷӣ лоиҳаи “Диёри Душанбе” амалӣ шуда истодааст, ки ҳаҷми умумии сармоягузории он қариб дуюним миллиард сомонӣ мебошад.
Тавассути лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ дар шаҳри Душанбе қариб ҳафтуним миллиард сомонӣ ҷалб гардидааст.
То имрӯз 20 лоиҳа ба маблағи беш аз 3,2 миллиард сомонӣ анҷом ёфта, татбиқи 7 лоиҳа ба маблағи зиёда аз 4 миллиард сомонӣ идома дорад.
Дар самти беҳтар гардонидани таъминоти аҳолии шаҳри Душанбе бо оби тозаи нӯшокӣ 4 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ дар ҳаҷми умумии беш аз 600 миллион сомонӣ амалӣ шуда истодааст, ки то имрӯз се лоиҳа ба маблағи 360 миллион сомонӣ ба анҷом расида, татбиқи марҳалаи дуюми лоиҳаи обтаъминкунии шаҳри Душанбе ба маблағи 240 миллион сомонӣ идома дорад ва муҳлати анҷоми он моҳи сентябри соли 2018 муқаррар шудааст.
Дар робита ба ин, хотирнишон месозам, ки таъминоти шаҳр бо оби тоза масъалаи муҳимтарин ва аввалиндараҷа ба ҳисоб меравад.
Вале мувофиқи таҳлили коршиносон масъалаи бо оби тозаи ошомиданӣ таъмин намудани аҳолии шаҳри Душанбе эҳтимол баъди амалӣ шудани лоиҳаи мазкур низ ҳалли худро намеёбад. Аз ин рӯ, роҳбарону масъулонро зарур аст, ки ҷиҳати ҳалли ин масъала чораҳои иловагӣ андешанд.
Ҳамзамон бо ин, зарур аст, ки доир ба масъалаи истифодаи сарфакоронаи оби ошомиданӣ, ки ҳоло масрафи он дар шаҳри Душанбе аз меъёр хеле зиёд аст, назорат ва корҳои фаҳмондадиҳӣ тақвият бахшида шаванд.
Дар самтҳои сохтмон ва таҷдиди инфрасохтори энергетикӣ, нақлиётӣ, хоҷагии манзиливу коммуналӣ ва шабакаҳои обу корез низ маблағҳои зиёд сарф шудаанд, вале дар масъалаҳои кам кардани талафоти нерӯи барқ, беҳтар намудани хизматрасонии нақлиётӣ ва манзиливу коммуналӣ дар шаҳр ҳанӯз камбудиву мушкилоти зиёд мавҷуданд.
Истифодабарии солонаи нерӯи барқ дар ин давра аз 2,3 то ба 3 миллиард киловатт - соат афзоиш ёфтааст.
Бо қарорҳои Ҳукумати мамлакат тайи солҳои охир дар шаҳр аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ ва шарикони рушд як қатор лоиҳаҳои рушди соҳаи энергетика дар ҳаҷми 6,4 миллиард сомонӣ, аз ҷумла танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ 2,2 миллиард сомонӣ амалӣ карда шуданд, ки ба беҳтар таъмин намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти шаҳр бо нерӯи барқ, таъсиси иқтидорҳои нав, таҷдиди шабакаҳои интиқоли барқ, кам кардани талафот ва беҳтарсозии низоми барқрасонӣ равона гардидаанд.
Бо вуҷуди ба кор андохтани иқтидорҳои нави энергетикӣ ва гармӣ ҷараёни корҳои пайваст кардани хонаҳои истиқоматӣ ва иншооту корхонаҳо ба шабакаҳои гармидиҳӣ ниҳоят ташвишовар аст ва ин кор бояд зери назорати қатъӣ қарор дода шавад.
Тавре ки қаблан таъкид карда будам, аз ҳисоби истифодаи гармии Маркази барқу гармидиҳии “Душанбе - 2” имкони сарфаи қариб 200 мегаватт нерӯи барқ пайдо мегардад, ки ин таъминоти аҳолии кишварро бо нерӯи барқ боз ҳам беҳтар менамояд.
Вобаста ба ин, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, роҳбарони корхонаву идораҳо ва аҳолии пойтахт вазифадор шуда буданд, ки корҳои таъмиру барқарорсозии шабакаҳои оби гарм ва пайвастани хонаҳои истиқоматиро ҳарчи зудтар ва бо сифати баланд анҷом дода, ба масъалаи истифодаи самараноку сарфакоронаи гармии истеҳсолшаванда ва нерӯи барқ эътибори аввалиндараҷа диҳанд.
Доир ба ин масъала дар қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 июли соли 2016 банди алоҳида пешбинӣ шуда буд.
Вале маҳз бо сабаби аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе иҷро нагардидани қарори зикршудаи Ҳукумат мо натавонистем, ки аз аввали фасли сармо ба сарфаи нерӯи барқ муваффақ шавем ва зиёдатии онро ба дигар шаҳру ноҳияҳои мамлакат интиқол диҳем.
Хотиррасон менамоям, ки арзиши қувваи барқ дар Тоҷикистон назар ба аксари кишварҳои олам пасттарин мебошад.
Вале бо мурури замон барои амалигардонии лоиҳаҳои таҷдиди нерӯгоҳҳои барқи обии амалкунанда ва низоми энергетикии кишвар хароҷоти зиёд лозим мешавад ва аз ин лиҳоз, арзиши қувваи барқ ба меъёри муайян баланд мегардад.
Бинобар ин, пайвастшавии аҳолӣ ба шабакаи гармидиҳӣ аз ҷиҳати молиявӣ чандин баробар манфиатовар буда, имкон медиҳад, ки аз буҷети оилавӣ маблағҳои зиёд сарфа карда шаванд.
Ман ин масъаларо рӯзи ифтитоҳи Маркази барқу гармидиҳии “Душанбе – 2” махсус таъкид карда будам.
Имрӯзҳо масъалаи талафоти нерӯи барқ, пардохти маблағи барқи истифодашуда аз ҷониби аҳоливу корхонаҳо ва таъминоти устувори он низ ташвишовар аст.
Ҳарчанд ки мо барои насби ҳисобкунакҳо лоиҳаи сармоягузориро ба маблағи зиёд амалӣ намудем, вале натиҷаву самараи он қонеъкунанда нест.
Пардохти ҳаққи нерӯи барқи истифодашуда ҳоло ҳам ташвишовар буда, аз сокинони пойтахт тақозо мегардад, ки ҷиҳати гирифтани пеши роҳи истифодаи ғайриқонунии он бо Ширкати “Барқи Тоҷик” ҳамкорӣ намоянд.
Ҳамдиёрони азиз!
Вазъи роҳҳо дар шаҳри Душанбе таҳти назорати ҷиддии Ҳукумати мамлакат қарор дорад.
Зеро яке аз масъалаҳое, ки дар шаҳр беҳбудӣ мехоҳад ва боиси ташвиши сокинони пойтахт мебошад, ба талаботи муосир ҷавобгӯ набудани роҳҳои шаҳр аст.
Бо ин мақсад, Ҳукумат чанд сол пеш азнавсозии роҳи Душанбе – Ваҳдатро ба анҷом расонида, дар доираи лоиҳаи "Беҳтар намудани ҳолати роҳи минтақавии Душанбе - Турсунзода” дар ҳудуди шаҳри Душанбе барқарорсозии қитъаи роҳро аз чорроҳаи хиёбони Абӯалӣ Сино то дарвозаи ғарбии шаҳри Душанбе тибқи меъёрҳои замонавӣ оғоз намуд ва имсол корҳои таҷдиди қитъаи роҳро аз бозори “Корвон” то шоҳроҳи Душанбе - Қӯрғонтеппа шурӯъ менамояд.
Умуман, дар доираи сохтмон ва таҷдиди шоҳроҳҳои Душанбе-Чаноқ, Душанбе – Кӯлоб – Хоруғ - Қулма, Душанбе - Турсунзода, Душанбе –Қӯрғонтеппа - Панҷи Поён ва роҳҳои Душанбе – Айнӣ - Ҳисор, Душанбе –Рӯдакӣ - Лоҳур беш аз 42 километр роҳҳои шаҳри Душанбе ба маблағи 270 миллион сомонӣ азнавсозӣ карда шудаанд.
Бо вуҷуди дар даврони истиқлолият таҷдиду азнавсозӣ гардидани 185 километр хиёбону роҳҳо ва 123 километр роҳҳои пиёдагард боз 550 километр кӯчаву роҳҳо ва 230 километр роҳҳои пиёдагард ба таъмиру азнавсозии ҷиддӣ эҳтиёҷ доранд ва на ҳамаи роҳҳои шаҳри Душанбе ба талаботи шаҳри муосир ва пойтахти мамлакат ҷавобгӯянд.
Яке аз омилҳои суст ба роҳ монда шудани азнавсозии инфрасохтори коммуникатсионии шаҳри Душанбе бесабаб тӯл кашидани ҷараёни сохтмону таҷдиди роҳҳо, сатҳи пасти касбияти ширкатҳои ғолиби озмунҳо буда, илова бар ин, сифати корҳои анҷомдодашуда ба талаботи замона мутобиқ нест.
Дар шаҳр 3 корхонаи коммуналии воҳиди давлатии «Автобус» ва як корхонаи коммуналии воҳиди давлатии «Троллейбус» фаъолият мекунад, лекин бо сабаби номукаммалии идораи ин корхонаҳо, фарсуда ва кӯҳна будани нақлиёти мусофиркашонӣ, ба талаботи санитариву эпидемиологӣ ҷавобгӯ набудан ва ташкили нодурусти низоми мусофирбарӣ тариқи хатсайрҳо сокинони шаҳр ба мушкилиҳо дучор мегарданд.
Аз 477 автобус ва микроавтобусҳои ин коргоҳҳо беш аз 200 адади онҳо корношоям буда, боқимонда дар ҳолати на чандон хуби техникиву санитарӣ қарор доранд.
Аз 166 троллейбусҳои мавҷуда дар 7 хатсайр ҳамагӣ 87 адади онҳо ба мусофирон хизмат мерасонанд. 79 адад троллейбусҳо корношоям мебошанд.
Бинобар ин, зарур аст, ки роҳу усулҳои истифодаи нақлиёти замонавӣ бо технологияҳои муосир ҷустуҷӯ карда шаванд, то ки хизматрасонӣ ба мусофирон сари вақту босифат ва бо харҷи ками маблағҳои дотатсионӣ ба роҳ монда шавад.
Дар баробари ин, шумораи воситаҳои нақлиёте, ки дар шаҳр ба қайд гирифта шудаанд, қариб 70 ҳазорро ташкил дода, ин рақам мунтазам афзоиш ёфта истодааст.
Бо сабаби аз шаҳри Душанбе гузаштани 160-170 ҳазор нақлиёти боркашон ва мусофирбар ҳамарӯза ҳолатҳои тамбашавӣ ва садамавӣ ба амал омада, чунин вазъ ба ифлосшавии муҳити зист ва ҳавои шаҳр боис гардидааст.
Дар баробари ин, зиёд шудани воситаҳои нақлиёти камғунҷоиш (микроавтобусҳо) ва кам гардидани истифодаи нақлиёти ғунҷоишаш зиёд (троллейбус ва автобусҳо) боиси пастшавии сатҳу сифати хизматрасонӣ ба сокинону меҳмонони пойтахт шудааст.
Яке аз масъалаҳои муҳимми шаҳрдорӣ назорати партовҳо ба шумор рафта, ҳолати имрӯзаи пойтахт дар ин самт ниҳоят ташвишовар мебошад.
Мувофиқи таҳлилҳо аз ҳаҷми умумии партовҳои истеъмолии кишвар 15 фоиз ва аз партовҳои саноатӣ 20 фоиз ба шаҳри Душанбе рост меояд, ки чунин ҳаҷм зарурати гузаронидани чорабиниҳои аввалиндараҷа ва фавриро талаб менамояд.
Тибқи ҳисоботи оморӣ дар пойтахт миқдори сарчашмаҳо ва ҳаҷми партовҳои ба атмосфера партофташуда низ сол то сол афзуда истодааст.
Бинобар ин, масъалаи сари вақт баровардан ва бо технологияҳои муосири ба меъёрҳои экологӣ мувофиқ безарар гардонидани партовҳо аз ҷумлаи масъалаҳои ҳалталаб мебошад.
Дар ин раванд, баланд бардоштани маърифати экологии сокинони пойтахт ҳамчун нишонаи маданияти шаҳрнишинӣ аз ҷумлаи роҳҳои муассири ҳалли масъалаи зикршуда ба шумор меравад.
Ҳозирини гиромӣ!
Самти дигаре, ки дар шаҳр ба навсозӣ ва ислоҳоти ҷиддӣ ниёз дорад, соҳаи маориф мебошад.
Ҳукумат ба рушди илму маориф ва ба талаботи муосир мутобиқ гардонидани низоми таълиму тарбия таваҷҷуҳи аввалиндараҷа медиҳад. Аммо аз рӯи таҳлилҳо маълум мешавад, ки дар шаҳри Душанбе дар ин ҷода камбудиҳои ҳалталаб ниҳоят зиёд мебошанд.
Бо вуҷуди он ки дар замони истиқлолият дар шаҳри Душанбе 29 бинои таълимӣ ва биноҳои иловагӣ барои 24 ҳазор ҷойи нишаст сохта, ба истифода дода шудаанд, ҳоло ҳам дар шаҳр муассисаҳои таълимӣ ва томактабӣ намерасанд ва илова бар ин, сатҳу сифати дониши хонандагон ва одобу ахлоқи онҳо коста гардидааст.
Вазъи фарогирии хонандагон ба мактабҳо нигаронкунанда буда, бо сабаби зиёд будани шумораи хонандагон дар муассисаҳои таълимӣ синфхонаҳо намерасанд ва бо истифода аз ин ҳолат баъзе талабагон ба беҳудагардӣ машғул мешаванд.
Ба замми ин, зиёда аз чоруним ҳазор нафар хонандагони шаҳру ноҳияҳои атроф ва дигар манотиқи кишвар дар муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе таҳсил мекунанд ва табиист, ки чунин вазъ боиси паст шудани сифати таълиму тарбия дар бештари мактабҳои пойтахт гардидааст.
Бо сабаби зиёд будани хонандагон дар муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳри Душанбе ва ташкили дарсҳо дар ду ва дар баъзе мактабҳо ҳатто дар се баст назорату идоракунӣ дар ин муассисаҳо хеле заиф гардида, сабаби коҳиш ёфтани сифати таълиму тарбия шудааст.
Ҳамзамон бо ин, сатҳи корҳои тарбиявӣ ва маърифатӣ коҳиш ёфта, омилҳои зикршуда сабабгори зиёд шудани ҳолатҳои коррупсионӣ дар низоми таҳсилоти миёнаи умумӣ ва томактабии шаҳри Душанбе гардидаанд.
Дар шаҳр марказҳои беруназмактабӣ, маҳфилҳои ихтироъкорӣ ва дигар машғулиятҳое, ки баъди дарс хонандагонро ҷалб намоянд, кам буда, ин масъала беҳбудӣ мехоҳад.
Дар мактабҳо фаъолияти маҳфилҳои эҷодиву илмӣ ба талабот ҷавобгӯй набуда, омӯзгорон бо корҳои иловагӣ кам машғул мешаванд.
Барои ҳалли ин масъалаҳо Вазорати маориф ва илмро зарур аст, ки якҷо бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе назоратро доир ба беҳтар кардани сатҳу сифати таълиму тарбия ҷиддӣ ба роҳ монанд ва дар муддати се сол дар шаҳри Душанбе 25 мактаби нави таҳсилоти умумӣ бунёд намоянд, аз ҷумла имсол аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо сохтмони 9 иншооти таълимиро оғоз карда, онҳоро бо таҷҳизоти муосир таъмин созанд.
Илова бар ин, барои коҳиш додани шумораи беҳудагардон ва ҷалби хонандагон ба зинаи сеюми таҳсилот тадбирҳои самаранок андешанд.
Аз ин лиҳоз, ба вазоратҳои корҳои дохилӣ, маориф ва илм, инчунин, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе супориш дода мешавад, ки воридшавии хонандагони мактабҳои таҳсилоти умумӣ ва умуман, наврасони то синни 14 - соларо баъд аз соати шаши бегоҳӣ ба интернет – кафеҳо манъ намоянд.
Ҳамзамон бо ин, мақомоти дахлдор вазифадор карда мешаванд, ки дар хусуси ба Қонун “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” ворид намудани ҷавобгарӣ нисбат ба падару модароне, ки фарзандони худро беназорат мегузоранд, чораҷӯӣ намоянд.
Ҳозирини гиромӣ!
Ҳукумати мамлакат дар давраи истиқлолияти давлатӣ ба масъалаи рушди соҳаи тандурустӣ дар шаҳри Душанбе ва беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ таваҷҷуҳи хосса медиҳад.
Агар соли 1991 дар шаҳр ҳамагӣ 30 беморхона барои 600 ҳазор аҳолӣ хизмат расонида бошад, соли 2016-ум 49 беморхона ва дигар муассисаҳои тиббӣ ба 820 ҳазор нафар аҳолӣ хизмат расонидаанд.
Дар баробари ин, дар шаҳр 58 муассисаи ҷумҳуриявии соҳаи тиб фаъолият карда, 202 муассиса ба фаъолияти хусусии тиббӣ машғуланд, ки ба шаҳрвандони пойтахт хизмат мерасонанд.
Ҳамчунин, 506 дорухона ва 9 корхонаи дорусозӣ дар хизмати аҳолии шаҳр қарор дорад.
Махсусан, сохта ва ба истифода додани Маҷмааи тандурустии “Истиқлол”, ки бо таҷҳизоти муосири ташхису табобат муҷаҳҳаз ва дорои дармонгоҳ барои қабули 800 мизоҷ дар як баст ва беморхона барои 650 ҷойи хоб мебошад, яке аз дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ дар самти ҳифзи саломатии сокинони шаҳри Душанбе мебошад.
Вале мутаассифона, фаъолияти маҷмааи мазкур ва дигар муассисаҳои тандурустии пойтахт ба таври зарурӣ ва тибқи талабот ба роҳ монда нашудааст.
Ҳоло ҳам як қатор мушкилоту норасоиҳо, аз ҷумла масъалаи дар сатҳи зарурӣ татбиқ нагардидани хизматрасонии тиббии пулакӣ, вазъи санитариву эпидемиологӣ, паст будани савияи донишу малакаи мутахассисони соҳа, риоя нагардидани одоби муоширати табибону ҳамшираҳои шафқат, мувофиқат накардани нархномаҳои ташхису табобат бо муқаррароти ҷорӣ мавҷуданд, ки ислоҳи саривақтӣ мехоҳанд.
Ҳукумати мамлакат ба рушди соҳаи фарҳанг диққати аввалиндараҷа дода, дар аксари шаҳру ноҳияҳои мамлакат, аз ҷумла дар шаҳри Душанбе бунёди як қатор марказу қасрҳои фарҳангӣ ва китобхонаҳо, инчунин, таъмиру азнавсозии театрҳои шаҳрро пурра ба анҷом расонид.
Дар ин давра аз ҳисоби буҷети давлатӣ ба маблағи 130 миллион сомонӣ 36 иншооти фарҳангӣ, аз ҷумла “Боғи устод Рӯдакӣ”, боғҳои Парчам ва Нишони давлатӣ, майдони Дӯстӣ бо муҷассамаи Исмоили Сомонӣ, “Амфитеатр”, “Боғи умумишаҳрии фароғату истироҳат”, «Наврӯзгоҳи пойтахт» ва дигар муассисаҳои фарҳангӣ бунёд гардиданд, ки онҳо дар боло рафтани маданияти шаҳрдорӣ ва рушди маърифати фарҳангии сокинони пойтахт таъсири мусбат расонида истодаанд.
Дар баробари ин, Ҳукумати мамлакат дар шаҳри Душанбе Китобхонаи миллӣ, Осорхонаи миллӣ, Кохи Наврӯзро бунёд намуда, сохтмони Театри миллиро босуръат идома дода истодааст.
Гарчанде доир ба эҳёи анъанаҳои миллӣ ва баланд бардоштани сатҳи фарҳангии сокинони шаҳр то имрӯз корҳои назаррас ба анҷом расонида шудаанд, вале ҳоло низ дар ин самт камбудиҳо ба назар мерасанд.
Фарҳанги шаҳрдории мо беҳбудиро талаб карда, маданияти шаҳрнишинӣ дар бисёре аз маҳаллаҳои шаҳр, хонаҳои баландошёна риоя намешавад ва муомилаву муоширати сокинони шаҳр на ҳамеша мутобиқи суннатҳои мардуми куҳанбунёду бостонии мост.
Марказҳои фарҳангу фароғат талаботи аҳолии шаҳрро пурра қонеъ карда наметавонанд, ба чорабиниҳои фарҳангӣ тамошобин кам ҷалб мешавад ва таъсири ҷомеаи шаҳрвандӣ дар рушди фарҳанги шаҳрдорӣ эҳсос намегардад.
Ҳоло дар ҳудуди шаҳри Душанбе 73 масҷид, аз ҷумла 4 масҷиди марказии ҷомеъ, 16 масҷиди ҷомеъ ва 53 масҷиди панҷвақта, як ҷамоатхона, Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам ва 30 ташкилоти динии ғайриисломӣ фаъолият дорад.
Илова бар ин, дар шаҳр соли оянда Масҷиди бузург ба истифода дода мешавад, ки маблағи сохтмони он қариб 700 миллион сомониро ташкил медиҳад.
Дар шаҳри Душанбе бо мақсади амалӣ намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” як шӯъба, 4 бахш оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ, 5 комиссияи доимӣ ва 1086 комиссияи ҷамъиятӣ фаъолият мекунанд.
Вале аз таҳлилҳо бармеояд, ки дар фаъолияти шӯъбаву комиссияҳои доимии шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он камбудиҳои зиёд ба назар расида, то ба имрӯз аксари комиссияҳои ҷамъиятии ташкилоту муассисаҳо дуруст фаъолият намекунанд ва робитаи шӯъбаву бахшҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он бо раисони маҳаллаҳо тибқи талабот ба роҳ монда нашудааст.
Чунин ҳолат сабаби риоя нашудани муқаррароти қонунгузории танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ дар ҳудуди шаҳр гардида, мувофиқи маълумоти Вазорати корҳои дохилӣ соли 2016 қариб 13 ҳазор ҳолати қонуншиканӣ ба қайд гирифта шудааст.
Ғайр аз ин, мақомоти судӣ 127 парвандаи ҷиноятиро баррасӣ намуда, нисбат ба вайронкунандагони талаботи қонун қарорҳои дахлдор баровардаанд.
Инчунин, бисёр ҳолатҳои аз меъёри муқарраршуда зиёд ҷалб намудани воситаҳои нақлиёт ҳангоми тӯйҳои арӯсӣ ва бо суръати баланд ҳаракат кардани онҳо ба қайд гирифта шудаанд, ки ҳаракати муназзами дигар воситаҳои нақлиётро халалдор сохта, боиси ташвиши сокинони пойтахт гардидаанд.
Аз оғози фаъолияти Маркази худкори «Шаҳри бехатар» қариб 1 миллиону 200 ҳазор далели вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳои пойтахт ошкор ва ба қайд гирифта шудааст.
Шумораи қоидавайронкуниҳое, ки ҷаримаашон рӯёнида шудааст, беш аз 48 ҳазор ва маблағи ҷаримаи ситонидашуда қариб 73 миллион сомониро ташкил кардааст.
Ҳамаи ин қонунвайронкуниҳо боиси нигаронӣ буда, Прокуратураи генералӣ, Суди Олӣ, вазоратҳои корҳои дохилӣ, маориф ва илм, фарҳанг, кумитаҳои оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳо, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, кор бо занон ва оила, телевизион ва радиоро зарур аст, ки ҷиҳати бартараф намудани ин камбудиву норасоиҳо нисбат ба вайронкунандагони талаботи қонун тибқи муқаррарот чораҷӯӣ намоянд.
Дар шаҳри Душанбе, инчунин, ташаббускорӣ аз ҷониби кумитаҳои маҳалла кам ба чашм мерасад.
Ҳол он ки танзиму назорати зиндагӣ дар биноҳои баландошёна ва маҳаллаҳои алоҳида ба дӯши онҳо вогузор шудааст.
Онҳо вазифадоранд, ки ҷиҳати боло бурдани фарҳанги шаҳрдорӣ ва риояи талаботи сокини пойтахт бо аҳолӣ ҳамкорӣ намоянд ва камбудиҳои ҷойдоштаро бо мақомоти маҳаллӣ бартараф созанд.
Бо мақсади дастгирии ин бахши муҳимми идоракунии ҷомеа соли гузашта ҷиҳати таъсиси комиссияҳои босалоҳият барои ҳар як кӯчаву маҳалла аз ҳисоби аъзои Ҳукумат, вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, вакилони Маҷлиси Олӣ ва вакилони шаҳриву ноҳиявӣ супориш дода будам. Аммо фаъолияти ин комиссияҳо назаррас набуда, онҳо ба ном вуҷуд доранд.
Аз ин рӯ, ба Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президент супориш дода мешавад, ки ҷиҳати ба роҳ мондани фаъолияти самараноки комиссияҳои зикршуда чораҷӯӣ карда, аз натиҷааш ҳар се моҳ ба Роҳбари давлат гузориш пешниҳод намояд.
Ҳамаи мо вазифадорем, ки пойтахти кишварамонро ҳамчун маркази сиёсиву маъмурӣ ва илму фарҳанг ободу зебо гардонем, ба мардум фарҳанги шаҳрдориро тарғиб кунем, камбудиҳои ҷойдоштаро сари вақт ислоҳ намоем ва қалби Тоҷикистон - Душанбеи азизро маҳбуби ҳар як соҳибватан ва соҳибдавлат гардонем.
Ҳамдиёрони муҳтарам!
Шумораи расмии аҳолии шаҳри Душанбе моҳи январи соли 2017 ба 810 ҳазор нафар расид, ки ин нишондиҳанда нисбат ба соли 1991-ум 226 ҳазор нафар ё қариб 39 фоиз зиёд мебошад.
Имрӯз дар шаҳри Душанбе 24 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ фаъолият дорад, ки дар онҳо 104 ҳазор нафар таҳсил мекунанд.
Инчунин, дар шаҳр 24 муассисаи таҳсилоти ибтидоиву миёнаи касбӣ бо фарогирии 22 ҳазор нафар касбомӯзон фаъолият менамояд.
Гарчанде шумораи муассисаҳои таҳсилоти ибтидоиву миёна ва олии касбӣ, инчунин, хонандагону донишҷӯёни онҳо бамаротиб зиёд шудааст, вале ташаббускорӣ аз тарафи ҷавонони шаҳр кам ба назар мерасад. Ҳол он ки ин нерӯи тавоно метавонад дар зебо гардидани кӯчаву хиёбонҳо ва ободии пойтахт, инчунин, дар боло рафтани фарҳанги шаҳрдорӣ саҳми басо арзишманд гузорад.
Масъалаи солимии ҷомеа, баргузор намудани чорабиниҳои варзишӣ ва ҷалби аҳолии шаҳр ба варзиш низ беҳбудиро талаб менамояд.
Бо вуҷуди он ки дар шаҳр толору майдонҳо ва қасрҳои варзишӣ хеле зиёд шудаанд, вале бо сабаби гарон будани маблағи иҷора дар баъзеи онҳо ягон чорабинӣ баргузор намегардад.
Дар шаҳраку маҳаллаҳои ҳудуди шаҳри Душанбе аз соли 2010 то соли 2016 танҳо аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ 56 майдончаи муосири варзишӣ сохта, ба истифода дода шудааст.
Умуман, барои машқу тамрин ва солимгардонии наврасону ҷавонон ҳоло дар шаҳри Душанбе 654 иншооти варзишии сатҳи гуногун хизмат мерасонад ва шумораи онҳо сол то сол афзуда истодааст.
Бо вуҷуди ин қадар дастгириҳо, ҳоло ҳам ҷалби аҳолии шаҳр ба чорабиниҳои варзишӣ дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда нашудааст ва толору майдонҳои варзишӣ самаранок истифода бурда намешаванд.
Аз ин рӯ, Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳиро зарур аст, ки якҷо бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҷиҳати оммавигардонии варзиш ва ташвиқи тарзи ҳаёти солим тадбирҳои иловагӣ андешида, бо ҷалби ҳамаи сарчашмаҳо, махсусан, соҳибкорону тоҷирони бонангу номус бунёди мактабҳо ва муассисаҳои томактабӣ, толорҳо ва майдону марказҳои варзишӣ, инфрасохтори туристӣ ва фарҳангиву фароғатиро вусъати бештар бахшанд.
Муҳтарам намояндагони сокинони шаҳри Душанбе!
Таҳлили вазъи риояи қонунгузорӣ дар шаҳри Душанбе нишон медиҳад, ки дар ин самт низ то ҳол камбудиҳои ҷиддӣ ҷой доранд. Ҷинояткорӣ дар ҳудуди шаҳр нисбат ба дигар шаҳру ноҳияҳо бамаротиб зиёд боқӣ мемонад ва чунин вазъ боиси ташвишу нигаронӣ мебошад.
Соли 2016 дар ҳудуди шаҳри Душанбе қариб 4800 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст, ки дар муқоиса бо солҳои 2007 – 2010 қариб 30 фоиз зиёд мебошад. Дар панҷ соли охир (солҳои 2011 – 2016) низ содиршавии ҷиноятҳои вазнин 30 фоиз зиёд шудааст.
Омори ҷиноятҳои одамкушӣ, роҳзанӣ, қасдан расонидани зарари вазнини ҷисмонӣ нигаронкунанда боқӣ мемонад.
Яке аз равандҳои ташвишовар содир гардидани ҷиноят аз ҷониби баъзе наврасону ҷавонон мебошад, ки диққати махсуси мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, падару модарон ва аҳли ҷомеаро талаб мекунад.
Боиси таассуф аст, ки содиршавии ин намуди ҷиноятҳо сол ба сол зиёд гардида, чораҳои андешидаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ барои пешгирӣ намудани онҳо самаранок нестанд.
Ҷинояти дуздӣ қариб 29 фоизи шумораи умумии ҷиноятҳои дар 10 соли охир ба қайд гирифташударо ташкил медиҳад.
Масъалаи дигаре, ки оромии ҷомеаро халалдор намуда, боиси нороҳатии мардум гаштааст, авбошӣ мебошад.
Агарчи соли 2016 ин намуди ҷиноят дар муқоиса бо се соли пешин камтар шудааст, вале ин ҳолат набояд боиси хотирҷамъии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳр гардад.
Дар 10 соли охир дар шаҳри Душанбе қариб 3 ҳазор ҷинояти авбошӣ ба қайд гирифта шудааст, ки аз чор се ҳиссаи онро ҷавонону ноболиғон содир намудаанд.
Тибқи таҳлилҳо ҷинояткорӣ дар шаҳр бо шаклу усулҳои гуногун сурат гирифта, дар содир намудани онҳо ҳатто баъзе мактаббачаҳо низ даст мезананд.
Ҳодисаҳои муноқиша дар мактабҳо, байни мактабҳо ва маҳаллаҳо низ далели зиёд гаштани ин намуди ҷинояткорӣ дар шаҳри Душанбе мебошад.
Муноқишаҳо байни хонандагони муассисаҳои таълимӣ ва наврасону ҷавонон дар бисёр мавридҳо бо задухӯрдҳои гурӯҳӣ, дағалона вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ ва ҳатто ҳалокати одамон анҷом меёбанд.
Ҳодисаи дар оғози соли нави 2017 рӯйдода нишон дод, ки то ба ҳол тадбирҳои дар ин самт андешидашуда қонеъкунанда нестанд.
Аз шумораи умумии ноболиғоне, ки вақтҳои охир ҷиноят содир намудаанд, 69 нафар сокинони шаҳри Душанбе ва 52 нафар аз манотиқи дигари кишвар мебошанд. 28 нафари ин ноболиғон хонандагони муассисаҳои таълимӣ буда, 98 нафари дигар дар хеҷ куҷо таҳсил намекунанд.
Анъанаи дигаре ки дар мактабҳои шаҳр мушоҳида мегардад, ба ном “саркарда”-ҳое мебошанд, ки ба ҷойи хондан бо авбошӣ, зӯроварӣ ва шиканҷа додани хонандагони мактабҳои дигар машғуланд.
Вазорати маориф ва илм, раёсати маорифи шаҳр ва шӯъбаҳои маорифи ноҳияҳо, инчунин, раёсату бахшҳои кор бо ноболиғони мақомоти корҳои дохилӣ ва комиссияҳои кор бо ноболиғон дар назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва ноҳияҳои он ба ин камбудиҳо эътибор надода, назорати мактабҳоро фаромӯш кардаанд ва ташаббускор нестанд.
Омили дигаре, ки боиси ташвиш мебошад, беҳуда гузаронидани вақт дар марказҳои компютерӣ аст.
Наврасону ҷавонон ба ҷойи гирифтани маълумоти зарурӣ, дар ин марказҳо бештар ба тамошои филмҳои дорои мазмуни зӯроварӣ машғул шуда, ин нуқтаҳо аз назорати мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, падару модарон ва масъулони соҳаи маориф дур мондаанд.
Санҷишҳои гузаронидаи мақомоти прокуратура дар марказҳои дилхушӣ, интернет-кафеҳо ва дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ нишон медиҳанд, ки дар 5 соли охир қариб 14 000 нафар ноболиғон бо беҳудагардӣ ва дигар корҳои бефоида машғуланд.
Доир ба ин ҳолатҳо, аз ҷумла нисбат ба волидайни ноболиғон барои монеъ шудан ба гирифтани таҳсили ибтидоӣ парвандаҳои маъмуриву ҷиноятӣ оғоз карда шудаанд.
Фаромӯш набояд кард, ки дар пешгирии ин ҷиноятҳо ҳамкории байни мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бо муассисаҳои таълимӣ ва шӯрои падару модарон ниҳоят муҳим мебошад.
Мувофиқи таҳлилҳои Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия содиршавии ҷиноятҳои хусусияти коррупсионидошта низ дар миқёси шаҳри Душанбе зиёд буда, вазъи мубориза бо коррупсия нигаронкунанда боқӣ мемонад.
Аз ҷумла, дар ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ ва дигар субъектҳои хоҷагидории давлатии шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он аз ҷониби Агентӣ дар зарфи даҳ сол 800 тафтишу санҷишҳои молиявӣ гузаронида, ба маблағи умумии 159 миллион сомонӣ зарари молиявӣ ошкор карда шудааст.
Тавре таҳлилҳо нишон медиҳанд, истифодаи ғайриқонунии маблағҳо асосан дар самти иҷрои корҳои сохтмон ошкор гардидаанд.
Мисоли равшан тафтиши фаъолияти молиявию хоҷагии Раёсати сохтмони асосии шаҳр мебошад.
Дар давраи тафтиш аз тарафи 17 пудратчӣ дар 18 иншоот ба маблағи 677 миллион сомонӣ корҳои сохтмон анҷом дода шуда, санҷиш зарари молиявиро ба маблағи 55 миллион сомонӣ ошкор намуд.
Дар рафти тафтишу санҷишҳои молиявӣ ҳамагӣ 80,6 миллион сомонӣ ба давлат барқарор карда шудааст, ки 50,7 фоизи зарари ошкоргардидаро ташкил медиҳад.
Тафтиши ташаккул ва иҷрои буҷети шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он нишон дод, ки дар ин самт камбудиву норасоиҳои ҷиддӣ, аз ҷумла хароҷоти ғайриқонунӣ, камомад ва тасарруфи воситаҳои пуливу молӣ, изофанависӣ дар корҳои таъмиру сохтмон ва рӯйпӯшкунии андозу пардохтҳои ҳатмӣ ҷой доранд.
Чунончи, дар раёсати сохтмон, азнавсозӣ ва таъмири асосиву ҷории роҳҳову купрукҳои ҳудуди шаҳри Душанбе барои анҷом додани кору хизматрасониҳо дар 52 иншоот 381 миллион сомонӣ маблағгузорӣ карда шудааст.
Вале тафтиши ҳаҷми корҳои иҷронамудаи 16 пудратчӣ дар 17 иншоот, ки дар маҷмӯъ маблағи 207 миллион сомониро ташкил медиҳад, барзиёд нишон додани арзиши корҳоро аз ҳисоби нодуруст истифода бурдани меъёрҳои сохтмон ба маблағи қариб 2 миллион сомонӣ муайян кард.
Дар 39 ташкилоту муассисаҳои шаҳри Душанбе зарари молиявӣ ба маблағи 14 миллион сомонӣ ошкор гардид, ки он асосан аз ҳисоби изофанависӣ дар корҳои таъмиру сохтмон 10,5 миллион сомонӣ ва маблағи кам ҳисобгардидаи андозҳо беш аз 3 миллион сомонӣ ба амал омадааст.
Тафтиши фаъолияти молиявию хоҷагидории як қатор корхонаву муассисаҳои давлатии шаҳр нишон дод, ки дар ин самт низ камбудиҳои ҷиддӣ ҷой доранд.
Аз ҷумла, санҷиш дар иншооти Маркази тандурустии “Истиқлол” зарари молиявиро аз ҳисоби изофанависии ҳаҷми корҳои сохтмон ва тасарруфи маблағҳои буҷетӣ дар ҳаҷми махсусан калон - 52,6 миллион сомонӣ ошкор намуд.
Маблағи зарари молиявии ҳангоми бунёди аввалин бинои баландошёнаи пойтахт “Душанбе Плаза” расонидашуда 40 миллион сомониро ташкил додааст.
Аз ҷониби Агентӣ дар шаҳри Душанбе қариб дуюним ҳазор ҷиноятҳои коррупсионӣ, иқтисодии хусусияти коррупсионидошта ва ҷиноятҳои бо андоз алоқаманд ошкор карда шудааст, ки маблағи умумии зарари аз ин ҷиноятҳо ошкоргардида 434 миллион сомониро ташкил менамояд.
Дар шаҳри Душанбе вазъи ҷиноятҳои алоқаманд бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар низ ташвишовар мебошад.
Дар бораи хатари ин омил ман борҳо таъкид намуда будам.
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки аз соли 2007 то соли 2016 дар кишвар 8373 ҷинояти вобаста ба муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар ба қайд гирифта шудааст, ки аз ин шумора 2963 ҷиноят ё 35,4 фоизи он дар шаҳри Душанбе содир гардидааст.
Мувофиқи маълумоти расмӣ ҳамасола қариб сеяки ҷиноятҳои бо муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир алоқаманд дар шаҳри Душанбе содир гардида, 38 фоизи нашъаҷаллобон сокинони шаҳри Душанбе мебошанд. Зиёда аз 58 фоизи моддаҳои фалаҷкунандаи асаб, ки дар мамлакат ошкор карда шудааст, низ ба шаҳри Душанбе рост меояд.
Шумораи шахсони нашъаманд низ нисбат ба вилоятҳои Хатлону Суғд мутаносибан 4,5 ва 5,4 баробар зиёд аст.
Ҳамаи ин ҳолатҳо водор менамоянд, ки мубориза дар ин самт ба таври қатъӣ тақвият бахшида шавад.
Ман андешаҳои худро дар бораи хатари экстремизму терроризм борҳо изҳор доштаам.
Вале таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар ин самт дар шаҳри Душанбе ҳанӯз камбудиҳои зиёд ҷой доранд.
Солҳои 2012-2017-ум 148 нафар сокинони шаҳри Душанбе ба сафи ташкилотҳои ифротӣ шомил гардидаанд, ки 11 нафари онҳоро донишҷуён ташкил медиҳанд.
Аз шумораи умумии шахсони зикршуда 16 нафари онҳо соли 2016 ба сафи гурӯҳҳои экстремистиву террористӣ пайвастаанд.
Баъзе маҳалла ва шаҳракҳои шаҳри Душанбе вобаста ба масъалаи мазкур осебпазир маҳсуб меёбанд.
То ҳол 110 нафар сокинони шаҳри Душанбе дар хориҷи мамлакат ғайриқонунӣ ба таҳсили динӣ машғуланд.
Барои баргардонидани онҳо фаъолияти роҳбарони мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва маҳаллаву шаҳракҳо, инчунин, падару модарон бояд пурзӯр карда шавад.
Ҳозирини гиромӣ!
Чунонки аз таҳлилҳо бармеояд, дар шаҳри Душанбе проблема ва мушкилоту масъалаҳои мубрам ва ҳалталаб хеле зиёданд.
Бо мақсади ҳалли масъалаву мушкилоти дар пойтахт ҷойдошта ва дар муҳлатҳои кӯтоҳтарин бартараф намудани камбудиҳои зикршуда ҳоло мехоҳам таваҷҷуҳи шуморо ба дастуру супоришҳои зерин ҷалб намоям:
1. Вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо, молия, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва роҳбарияти шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он вазифадор карда мешаванд, ки бо мақсади беҳтар намудани шароити иқтисодиву иҷтимоии аҳолии пойтахт, ташкили фаъолияти босамари сохторҳои давлативу бахши хусусӣ, бунёди иншооти мухталиф, беҳтар намудани фаъолияти сармоягузорӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ барномаи рушди иқтисодиву иҷтимоии пойтахтро барои давраи то соли 2025 таҳия ва пешниҳод намоянд.
2. Дар сатҳи Конститутсияи кишвар ба шаҳри Душанбе мақоми пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шуда, вазъи ҳуқуқии он бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи статуси пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон» муайян гардидааст.
Бояд гуфт, ки қонуни зикршуда ҳанӯз 21 сол қабл, яъне соли 1996 қабул гардида, то ба имрӯз мавриди такмили ҷиддӣ қарор дода нашудааст ва муқаррароти он ба талаботи шаҳрдории имрӯза ҷавобгӯ набуда, ба мукаммалгардонӣ ниёз дорад.
Дар қонун бояд хусусиятҳои хоси идоракунии пойтахти мамлакат бо дарназардошти мувофиқати манфиатҳои сокинони пойтахт бо манфиатҳои умумидавлатӣ, асосҳои ҳуқуқии таъмини фаъолияти ташкилӣ, моддиву техникӣ, молиявӣ ва дигар масъалаҳои пойтахт ба инобат гирифта шаванд.
Бинобар ин, бо дарназардошти шароити муосири рушди пойтахти кишвар ва зарурати танзими дахлдори вазъи ҳуқуқии он Ҳукумати Тоҷикистонро зарур аст, ки якҷо бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлати шаҳри Душанбе дар муддати се моҳ лоиҳаи қонун «Дар бораи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро таҳия ва пешниҳод намоянд.
3. Бо мақсади беҳтар кардани идоракунии маҳаллӣ, вазъи манзилҳои истиқоматӣ, тозаву озода нигоҳ доштани маҳаллаҳои аҳолинишин ва ҳалли саривақтии мушкилоти аҳолии кишвар, хусусан, сокинони пойтахти мамлакат қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нигоҳдории биноҳои бисёрхонагӣ ва ширкати соҳибмулкони манзил» ва «Дар бораи мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ» қабул гардидаанд.
Аммо таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки муқаррароти онҳо то ҳол мавриди татбиқи дуруст қарор нагирифтаанд.
Бинобар ин, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, инчунин, дигар шаҳру ноҳияҳои кишварро зарур аст, ки доир ба татбиқи қонунҳои зикршуда чораҳои зарурӣ андешанд.
4. Бо дарназардошти мақоми махсуси пойтахти мамлакат вазоратҳои молия, рушди иқтисод ва савдо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанберо зарур аст, ки ҷиҳати сари вақт бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта ҳарчи зудтар чораҷӯӣ карда, рушди мунтазаму устувори тамоми соҳаҳо, аз ҷумла даромади буҷет, такмили низоми андозбандӣ, шаффофият ва баланд бардоштани самаранокии хароҷот, инчунин, нигоҳдории вазъи мутавозини буҷетро таъмин намоянд.
Ҳамчунин, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҳангоми гузаронидани озмунҳо талаботу муқарраротро риоя карда, махсусан, раванди иҷрои корҳои сохтмон ва риояи санъати баланди меъмориро таҳти назорат қарор диҳад, сифати сохтмон ва истифодаи дурусти маблағҳои буҷетиро ба таври ҷиддӣ беҳтар гардонад.
Ҳамзамон бо ин, ба Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия супориш дода мешавад, ки санҷиши хароҷоти маблағҳои аз буҷети мамлакат ҷудошуда, инчунин, маблағҳои аз ҳисоби шаҳри Душанбе барои сохтмони иншоот ҷудошударо таъмин карда, аз натиҷаи он то 1 - уми июли соли 2017 ба Ҳукумати мамлакат маълумот пешниҳод намояд.
5. Дар ҷараёни идома бахшидан ба корҳои созандагиву ободкорӣ ва баргузории чорабиниҳои дарпешистода аъзои Ҳукумати мамлакат ва роҳбарони мақомоти давлатӣ вазифадоранд, ки ҷиҳати тақвияти раванди рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвар дар марҳалаи нав ва татбиқи нақшаву барномаҳои амалкунанда ҳамкориро бо сохторҳои пойтахти мамлакат - шаҳри Душанбе тақвият дода, барои боз ҳам замонавӣ гардонидани симои шаҳр ва маданияти шаҳрдорӣ чораҳои судманд андешанд.
6. Ҷиҳати ба танзим даровардани масъалаи идоракунии хонаҳои баландошёна тавассути кумитаи маҳаллаҳо ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе супориш дода мешавад, ки фаъолияти кумитаҳои маҳалларо дар ноҳияҳои пойтахт дар доираи санадҳои танзимкунанда ба роҳ монад.
7. Вазорати молия, Бонки миллии Тоҷикистон, Бонки давлатии амонатгузории “Амонатбонк”, бонкҳои тиҷоратӣ ва Хадамоти алоқаро зарур аст, ки дар сохторҳои худ дар қаламрави мамлакат ва пеш аз ҳама дар шаҳри Душанбе шумораи ҳарчи бештари духтарону бонувонро бо ҷойи кор таъмин намоянд.
8. Роҳбарияти шаҳри Душанберо зарур аст, ки бо мақсади беҳтар ва зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ бо вазорату идораҳои дахлдори мамлакат ҳамкории муфиди тарафайнро қавитар гардонида, барои ҷалби сармоягузориҳои дохиливу хориҷӣ ба хотири рушди истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ чораҳои зарурӣ андешад.
9. Маркази татбиқи лоиҳаи “Обтаъминкунии шаҳри Душанбе” якҷо бо Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези Душанбе» дар самтҳои ҳалли пурраи бо оби тоза таъмин намудани аҳолии шаҳр, барқарорсозии иншооту дастгоҳҳои санитариву обтозакунӣ ва ислоҳоти низоми молиявию хоҷагидории корхона чораҳои судмандро амалӣ намояд ва ба фаъолияти корхонаи «Обу корези шаҳри Душанбе» диққати ҷиддӣ дода, дар он ҳарчи зудтар тартиботу низом ҷорӣ карда шавад.
10. Ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Кумитаи меъморӣ ва сохтмон зарур аст, ки дар ҳамбастагӣ бо вазорату идораҳои дахлдор бунёди иншооти навро дар доираи Нақшаи генералии шаҳри Душанбе бо дарназардошти риояи талаботи санъати меъмории шаҳрсозӣ ба роҳ монда, ҷиҳати ҳалли масъалаҳои зикргардида ва ҷалби ҳарчи бештари сармоягузорони ватаниву хориҷӣ аз тамоми имкониятҳо истифода намоянд.
11. Кумитаи меъморӣ ва сохтмонро зарур аст, ки дар ҳудуди шаҳр дар тамоми иншооти бунёдшаванда сифати корҳои сохтмонро ҳаматарафа омӯхта барояд.
Роҳбарияти шаҳри Душанбе якҷо бо институтҳои лоиҳакашӣ ва Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президент ва Кумитаи меъморӣ ва сохтмон бо дарназардошти хусусиятҳои шаҳр, санъати баланди меъморӣ ва ташкили инфрасохтори иҷтимоӣ, ташкили шаҳракҳои алоҳида дар ҳудуди шаҳр ва дигар меъёрҳои муосири шаҳрсозӣ нақшаи генералии шаҳрро таҳлил карда, доир ба иҷрои корҳо ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисобот пешниҳод намояд.
Ҳамчунин, масъулини шаҳрдорӣ якҷо бо Кумитаи меъморӣ ва сохтмон ҳангоми сохтмони биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ бунёди инфрасохтори зарурӣ, ба монанди майдончаи бозии кӯдакон, боғчаи бачагона, мактаб, дармонгоҳ, таваққуфгоҳ ва шабакаи обу корезро ба нақша гиранд.
12. Ба ҳалли масъалаҳои кам кардани талафоти нерӯи барқ ва самаранок истифода бурдани он, пардохти саривақтии маблағи барқи истифодашуда, дар асоси ҳамкории давлат бо бахши хусусӣ беҳтар намудани хизматрасонии нақлиётӣ ва коммуналиву манзилӣ таваҷҷуҳи махсус дода шавад.
13. Вобаста ба баланд бардоштани маданияти шаҳрнишинии сокинони пойтахт, нигоҳдории муҳити зист ва таъмини зебоиву тозагии хонаҳои баландошёнаи истиқоматӣ тадбирҳои зарурӣ амалӣ карда шаванд.
Инчунин, Вазорати нақлиёт, Кумитаи ҳифзи муҳити зист, дигар вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе вазифадор карда мешаванд, ки ҷиҳати кабудизоркунии атрофи роҳҳои мошингард ва тозаву озода нигоҳ доштани ҳудуди онҳо аз тамоми имкониятҳо истифода намоянд.
14. Роҳбарони ҳамаи сохтору мақомоти давлатӣ вазифадоранд, ки таъмиру тармим ва ҳолати хуби истифодабариву зебоии иншооту биноҳои иловагии маъмурии таҳти идоракунии худро, ки дар ҳудуди шаҳри Душанбе ҷойгиранд, дар муҳлати як сол таъмин созанд ва барои кабудизоркунӣ, тозаву озода нигоҳ доштани гирду атроф ва дигар корҳои ободонӣ дар пойтахт саҳми арзишманду ватандӯстона гузоранд.
15. Ҳукумати мамлакат ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанберо зарур аст, ки дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои дахлдор пайвастшавии пурраи иншооти маъмурӣ, таълимӣ, хобгоҳҳо, муассисаҳои иҷтимоӣ ва биноҳои баландошёнаи истиқоматии шаҳрро ба шабакаи гармидиҳӣ то 1-уми октябри соли ҷорӣ таъмин кунанд.
16. Вазорати энергетика ва захираҳои об, Ширкати “Барқи Тоҷик” ва Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ доир ба таҷдиди низоми таъминоти барқи шаҳри Душанбе лоиҳаи сармоягузориро таҳия карда, азнавсозии хатҳои муҳандисӣ, аз ҷумла обу корез, гармидиҳӣ, хатҳои барқ ва сохтмони зеристгоҳҳои барқиро таҳти назорати қатъӣ қарор диҳанд.
Инчунин, сохтмони зеристгоҳи нави 220 - киловолтаи Муассисаи барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе, таъмиру азнавсозии бунгоҳ, пойгоҳҳои гармирасонӣ ва каналҳое, ки дар тавозуни сохторҳои ҷумҳуриявӣ қарор доранд, ҳарчи зудтар амалӣ карда шавад.
17. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе масъалаи дар муҳлатҳои муқарраршуда ва бо сатҳу сифати байналмилалӣ анҷом додани корҳои таъмиру таҷдиди роҳҳои дохилишаҳриро зери назорати қатъӣ қарор дода, корҳои роҳсозиро дар ду баст ба роҳ монад.
18. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанберо зарур аст, ки бо ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ барои баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонии нақлиётӣ, дарёфти роҳҳои танзим ва ба тартиб даровардани фаъолияти нақлиёти мусофиркашонӣ ва бартараф намудани тамбашавии зиёди воситаҳои нақлиёт ҳамаи чораҳои заруриро амалӣ намояд.
Барои ҳалли масъалаи ба танзим даровардани фаъолияти мусофиркашонӣ дар шаҳри Душанбе зарур аст, ки дар заминаи ҳамкории давлат бо бахши хусусӣ ва муносибатҳои бозорӣ нақши хизматрасонии хусусиро тақвият бахшида, риояи талаботи меъёриро нисбат ба сифати хизматрасонӣ таъмин созад.
19. Ҷиҳати ба меъёрҳои шаҳрдорӣ мутобиқ намудани инфрасохтори соҳаи иҷтимоии пойтахт ба ободонии ду канори роҳҳои дохилии шаҳраку маҳаллаҳо, сохтмони пулҳо ва гузаргоҳҳои зеризаминӣ дар ҷойҳои серодам, ободу зебо гардонидани майдончаҳои варзишии кӯдакона ва ҷойҳои истироҳатӣ барои калонсолон суръат бахшида шавад.
20. Ба Кумитаи ҷавонон варзиш ва сайёҳӣ супориш дода мешавад, ки ҷиҳати мусоидат ба густариши тарзи ҳаёти солим ва мақсаднок ба роҳ мондани фаъолияти муассисаву марказҳои варзишӣ, инчунин, танзими нархи хизматрасонӣ барои наврасону ҷавонон чораҷӯӣ намояд.
21. Ҳукумати мамлакат ҷиҳати харидорӣ намудани техникаву таҷҳизоти ҳозиразамон барои сохторҳои коммуналии ноҳияҳои шаҳри Душанбе ва ҷудо кардани воҳидҳои кории иловагии муовинони Раиси шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он оид ба корҳои ободонӣ ва кабудизоркунӣ тадбирҳои иловагӣ андешад.
22. Дар даромадгоҳҳои шаҳри Душанбе дар заминаи ҳамкории давлат ва бахши хусусӣ таваққуфгоҳҳои кушодаи автомобилӣ барои мусофиркашонӣ ба самтҳои гуногуни шаҳру ноҳияҳои мамлакат сохта, ба истифода дода шаванд.
23. Бонки миллӣ, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии пойтахтро зарур аст, ки тадбирҳоро дар самти беҳбуди фазои сармоягузорӣ, дастгирии субъектҳои соҳибкорӣ, аз ҷумла оид ба дастрасӣ ба қарзҳои имтиёзнок роҳандозӣ намоянд.
24. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои пойтахт вазифадоранд, ки фаъолияти бозорҳои мансуб ба моликияти давлатӣ, бозорҳои хусусӣ, марказҳои савдои замонавиро дар самти таъмини аҳолии шаҳр бо маҳсулоти хушсифати истеъмолӣ, молҳои саноативу сохтмон ва қисмҳои эҳтиётӣ, инчунин тартибу низом, нарху наво, риояи шакли ягонаи либос, одоби муоширати фурӯшандаҳо, қоидаҳои санитариву гигиенӣ ва зиддисӯхториро ба тартибу танзим дароранд ва масъалаҳои зикршударо қатъӣ назорат намоянд.
25. Ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он супориш дода мешавад, ки ҳолати хизматрасонӣ дар ошхона ва нуқтаҳои хӯроки умумии омодакунандаи таомҳои миллиро ба тартиб дароварда, ба масъалаи риояи меъёрҳои тозагиву санитарӣ, сифати маҳсулоти хӯрока ва санъати баланди хӯрокпазӣ ва хизматрасонӣ диққати аввалиндараҷа диҳанд.
26. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва мақомоти дахлдори дигарро зарур аст, ки дар нақшаи генералии шаҳр барои ташкили марказҳои савдои ба стандартҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ тағйироти зарурӣ ворид намуда, барои ба танзим даровардани бозорҳои навбунёд ва риояи меъёрҳои зарурӣ ҳангоми ташкили онҳо чораҷӯӣ намоянд.
27. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, вазорату идораҳо ва ҳамаи корхонаву муассисаҳоро зарур аст, ки ҷиҳати гузаронидани чорабиниҳои аввалиндараҷа оид ба тоза намудан ва ба партовгоҳи умумишаҳрӣ баровардани партовҳои истеъмолию истеҳсолӣ, безараргардонӣ, дуруст ба роҳ мондани низоми ҷамъоварӣ ва гурӯҳбандии он тадбирҳои иловагӣ андешанд.
28. Вазоратҳои маориф ва илм, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, рушди иқтисод ва савдо, молия, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ якҷо бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҷиҳати ташкили бозомӯзии ҷавонону калонсолон, таъмири биноҳои таълимӣ ва бо таҷҳизоти муосир таъмин намудани синфхонаҳои фаннӣ чораҳои мушаххас андешанд.
29. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, Вазорати фарҳанг, Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ ва Кумитаи телевизион ва радио ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии сокинони шаҳр, дар самти баргузории чорабиниҳои фарҳангиву фароғатӣ ва баланд бардоштани ҳувияти миллӣ, ҷаҳонбиниву худшиносӣ ва риояи анъанаҳои миллӣ корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ ва тарбиявиро ҷоннок намоянд.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанберо зарур аст, ки дар асос
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: