Семинари кишоварзон дар ноҳияи Деваштич14-02-2017, 12:07
Хабарро хонданд: 156 нафар
Назарҳо: 0
Кишоварзони ноҳияи Деваштич баҳри таъмини «Барномаи давлатии озуқаворӣ» аз имкониятҳои фароҳамовардаи давлату Ҳукумат руҳбаланд гашта, дар самти баланд бардоштани ҳосилнокии замин, пешбурди соҳаи чорводорӣ ва амалишавии ҳадафи стратегии кишвар ҷиҳати таъмини амнияти озуқаворӣ кӯшиш ба харҷ дода истодаанд.
Ҷиҳати бо ҷойи кор таъмин намудан ва самаранок истифода бурдани заминҳои кишоварзӣ таҷдиди хоҷагиҳои калонҳаҷм, ки талаби замон аст, имрӯз дар ноҳия бомуваффақият роҳандозӣ гардида истодааст. Аз ин ҷост, ки айни ҳол дар ноҳия бештар аз 3000 ҳазор хоҷагиҳои инфиродию оилавӣ таъсис ёфта, сокинони ноҳия аз чунин сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати мамлакат басо дилхуш ҳастанд. Ташкили боғу токзор ва ба роҳ мондани кишти такрорӣ, ки яке аз самтҳои асосии таъмини амнияти озуқаворӣ низ мебошад, дар ноҳия бомаром идома ёфта, танҳо соли сипаришуда 49 гектар боғу 3 гектар токзор ташкил шуда, деҳқонон барои ба даст овардани ҳосили фаровон ба майдони 7565 гектар кишти тирамоҳӣ гузарониданд. Кирмакпарварони ноҳия бошанд, бо вуҷуди душвориҳои соли гузашта, нақшаи пешбинигардидаро назар ба солҳои қаблӣ барзиёд иҷро намуда, алҳол бошад барои васеъ намудани тутзор замина мегузоранд. Ин ва дигар натиҷаҳои назарраси кишоварзони ноҳия дар соли гузашта дар семинар-мулоқоте, ки бо иштироки раиси ноҳияи Деваштич Рустам Ҷӯразода баргузор гардид, мавриди баррасӣ қарор дода шуда, барои соли ҷорӣ вазифагузориҳо карда шуд. Раиси ноҳия дар баромади хеш рушди соҳа, камбудиҳои мавҷуда, аз ҷумла паст будани ҳосили ғалладонагӣ, истеҳсоли маҳсулоти чорво, аз байн рафта истодани фермаҳои чорводорӣ, холи мондани заминҳои кишоварзӣ, истифодаи самараноки об, мувофиқи талабот ба роҳ мондани хушзоткунии чорво ва дигар масъалаҳоро баррасӣ намуда, аз иштирокчиёни семинар-мулоқот хоҳиш кард, ки ҷиҳати бартараф шудани камбудиҳо аз таҷрибаи пешқадами мутахассисони дохилӣ ва берунаи диёр истифода баранд. Пеш аз семинар-мулоқоти мазкур кишоварзони ноҳия аз фермаҳои чорводории навташкил, ки ташаббускори он Холбӯта Рӯзиматов мебошад, аз наздик шинос шуда, инчунин аз маркази хизматрасонии хушзоткунии чорво дар Ҷамоати деҳоти Ғазантарак, ки ташаббускори он Ҳасан Зарипов мебошанд дидан намуданд. Умуман, семинар-мулоқоти баргузоргардида, баҳри ивази таҷриба ва баланд бардоштани малакаи кишоварзону чорводорони ноҳия нақши муассире гузошт. Фирдавс Ашӯров масъули иттилоот дар Ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Кишоварз» |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.