Шиносоӣ бо намоиши дастовардҳои кишоварзони ноҳияи Рашт27-09-2016, 11:28
Хабарро хонданд: 262 нафар
Назарҳо: 0
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст бо намоиши дастовардҳои кишоварзони ноҳияи Рашт шинос шуданд. Тавре маълум гардид, хоҷагидорон дар ҳама бахшҳои соҳаи кишоварзӣ дастовардҳои назаррасро соҳиб гашта, дар таъмини амнияти озуқаворӣ саҳми фаъол мегузоранд. Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рашт бо фаъолияти хоҷагии деҳқонии «Насим»-и Ҷамоати деҳоти ба номи Нусратулло Махсум, ки баҳори соли 2016 дар майдони қариб як гектар боғи интенсивӣ бунёд карда шудааст, шинос шуданд. Тавре иттилоъ дода шуд, дар боғи интенсивии хоҷагии деҳқонии «Насим» навъҳои ниҳоли себи заринтоб, бибиҷон, шоҳҳусайнӣ ва ноки сантамария шинонда шудааст, ки дар маҷмуъ ниҳолҳои шинондашуда 1100 ҳазор бехро ташкил дода, аз ин шумора 900 адад себ ва 200 ададаш нок мебошад. Бо мақсади истифодаи самараноки замин хоҷагидорон дар қатори ниҳолҳои боғи интенсивӣ кишти зироатҳо, ба монанди мош, лубиё ва бодиринги навъи беназирро ба роҳ мондаанд. Дар қатори боғи мевадиҳандаи «Хитоӣ» низ кишти такрории зироатҳои кишоварзӣ, аз ҷумла шалғам, сабзӣ, лубиё, турб ва мош гузаронидаанд, ки агротехникаи парвариш бо пуррагӣ риоя карда шудааст. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.